Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Алимова Н. бо иштироки хонандагони синфҳои болоии МТМУ №22 вохӯрӣ дар мавзӯи «Ҷавонон ояндаи миллатанд» ташкил ва баргузор намуд. Мавсуф дар баромади худ дар бораи тарбия намудани ҷавонон бо ахлоқи ҳамидаву эҳсоси баланди ватанпарастиву худогоҳии миллӣ, дар бораи дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯхтани илму техникаи муосир аз ҷониби ҷавонон, шомил нашудани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, мубориза бар зидди коррупсия, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ аз ҷумла, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо барои муносиб пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оқилонаву сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии касалии сироятии «COVID-19» суханронӣ намуд.
Рубрики
ҶАББОР РАСУЛОВ: ҶАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД!
