Рубрики
Uncategorized

Ҷаббор Расулов: Ҷамъбастии мактаби захираи кадр

Дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Чаббор Расулов таҳти №5 аз 9 феврали соли 2022 «Оид ба таъсиси мактаби захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Чаббор Расулов», барои баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсии мутахассисони ҷавони ноҳия аз санаи 01 март то 07 апрели соли 2022 мактаби захираи кадрҳои назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолият намуд. 

Мақсад аз ташкил намудани мактаби захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Чаббор Расулов пеш аз ҳама дарёфт ва дастгирии ҷавонони боистеъдоду қобилияти сарваридошта, такмили донишҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, шаҳрвандӣ, маърифат ва фарҳангӣ сиёсӣ, омӯзиши асосҳои демократия, идоракунии давлат ва ҷалби онҳо ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат буд.

Устодони курсҳо аз ҳисоби ҳайати омӯзгорону устодони мактабҳои олӣ, кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ, Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд.

  Дар мактаби захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Чаббор Расулов 14 нафар ҷавонон дар асоси барномаи таълимӣ ҳамчун шунаванда иштирок дошта дар охири курс шунавандагон  аз санҷиш гузаштанд. Санаи 29 апрели соли 2022 аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Рустам Одилзода дар вазъияти тантанавӣ Гувоҳномаҳо дар бораи хатми мактаби захираи кадрҳои назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *