Рубрики
Last News

ҶАВОНОН БА АЁДАТИ ПИРОНСОЛОН РАФТАНД

Ҷавонони Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров» ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати аёдат ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳр рафтанд. Ин ташаббус дар арафаи моҳи Рамазон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он ғамхорӣ нисбат ба пиронсолон маҳсуб меёбад.Тазаккур бояд дод, ки дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба пиронсолон ва шахсони бесарпаноҳу яккаву танҳо дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи ин қишри ҷомеа тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.Ба пиронсолон аз ҷониби донишҷӯён маҳсулоти озуқаворӣ ва дорувориҳои лозима супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *