Рубрики
Мақола

ҶАВОНОН БА МИСЛИ САРЧАШМАИ ОБЕ МЕБОШАНД, КИ АГАР ОБИ ОН МУСАФФО БОШАД, ПОЁНОБ НИЗ МУСАФФО ХОҲАД ШУД

Таҳкими заминаи маънавии оила ба тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани ў, дар рўҳияи муҳаббат ба халқу Ватан, бунёдкорию созандагӣ тарбия кардани насли ояндасози ҷомеа тавъам аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба масъалаи бисёр муҳим – зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни ҷавонон ва дар рўҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расондани насли наврас изҳори андеша менамоянд. Агар ақалияти ҷавонон мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад. Мутафаккири Шарқ Муҳаммад Fаззолӣ дар “Насиҳат-ул-мулук” овардааст: “Ҷавонон ба мисли сарчашмаи обе мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад шуд”. Дар хотир бояд дошт, ки ҷавонони имрўзаи мо падар ва модари оянда хоҳанд шуд. Ташкили муҳити маърифатӣ дар оила ва дар шароити он тарбия гирифтани фарзандон боиси васеъ шудани ҷаҳонбинии фарҳангию маърифатии онҳо мегардад, ки ин ҳама василаи расидан ба худшиносии миллат ба хисоб меравад.

Барои падару модар касбу ҳунар ва одоби ҳамидаи фарзанд пояи ифтихор аст, ҳамин гуна тамоми паҳлўҳои зиндагӣ ва фаъолияти ибратомўзи падару модар ҳам барои фарзанд ифтихор мебошад. Волидон бобати маълумотноку соҳибкасб гардидани фарзандон шароити зарурӣ ба вуҷуд оварда, барои интихоб ва тайёр шудани онҳо ба касбу ихтисоси маъқулашон бояд мусоидат намоянд. Мадади мактабу аҳли ҷамъият ба тарбияи фарзандон ҳамешагӣ назаррас бояд бошад. Ривояте ҳаст, падару модари ҷавон аз Абӯалӣ ибни Сино пурсидаанд, ки тарбияи кўдаки ҳафтрӯзаамонро аз кай оғоз кунем? Ў посух гуфтааст, ки аллакай ҳафт рўз дер кардед, зеро тарбия аз рўзи таваллуд оғоз меёбад. Дар ҷавоби Абӯалӣ ибни Сино маънои бузурге ниҳон аст, ки ҳар яки моро, хоса падару модарро ба фикру андеша водор месозад. Мутафаккири бузург Сино рисолаи “Тадбири манзил”-ро ба масъалаҳои оилавӣ бахшида, ақидаҳояшро дар бобати тарбияи фарзанд баён намуда менависад: ”ҳуқуқи фарзанд дар зиммаи падар ин аст, ки вайро номи накӯ бимонад ва кӯдакро аз корҳои ношоям ҳифз намояд, фарзандашро хуб донад ва омӯзад, ки воситаи ягонаи омӯзиши фарзанд ин мушоҳида мебошад”.

Тарбияи фарзанд вазифаи асосии ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар маърифати ҷомеа созгор ва муҳит солим бошад, раванди тарбия самаранок шакл мегирад. Имом Ғазолӣ дар осори гаронбаҳои худ мефармояд: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд. Ташаккул ва тараққиёти ҳар давлату миллатро аз наслҳои ояндаи онвобаста донистан кафили шукуфоӣ ва осоиштагӣ мебошад. Аммо шароити имрӯзаи давлати соҳибистиқлоли моро бархе аз гурӯҳҳои тундраву ифротгаро халалдор сохта истодааст. Алахусус гурӯҳҳое, ки аъзоёни онро наврасону ҷавонон ва нафароне, ки аз тинҷиву осоиштагии давлату миллати хеш ношукрӣ доранд.

Чунин рафтори ин гуна нафарон собит месозад, ки онҳо аз илму дониш, тарақиёту пешрафти замони муосирбархӯрдор нестанд. Ин гуна муносибат собит мекунад, ки наврасону ҷавонон бо илму маърифат ва рушди ҷамъияти демократӣ ҳамқадам нестанд. Аз ин рӯ, муносибатҳои ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан рӯз аз рӯз зиёд шуда истода, ҳаёти осоиштаи мардумро нороҳат месозад. Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Ин ҷост, ки мо ҷавонони имрӯзаро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ободии ватани худ кӯшиш намоем ва ҳамқадами замона бошему ҳар хоину ватанфурӯше, ки баҳри халалдорсозии ҷомеа мекӯшад бо суханону амали ҳимоявӣ Ватани азизро чун сипар ҳифз намоем. Зеро танҳо ҷавонони саодатманд ва бомаърифат сипари боэътимоди Ватан шуда, баҳри гул-гулшукуфоии ин меҳани биҳиштосо нақши муассир мегузоранд.

Солеҳбой ҚОБИЛОВ

Мудири бахши кор бо ҷавонони

КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *