Хушбахтии ҷавонон аст, ки дар фазои сулҳу суботи комил, тараннуми якдиливу якпорчагии Ватани маҳбуб, таҳкими давлатдории навини миллӣ ва рушди босуботи ҷомеа умр ба сар бурда, баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона ва муваффаққонаи Пешвои муаззами миллат, ки кафили саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, камари ҳиммат баста, дар сафи пеши соҳибватанон қадамҳои устувор мегузоранд.
Имсол дар тамоми Тоҷикистони азиз солӣ таърихӣ аст, чаро ки имсол аз Иҷлосияи тақдирсоз – Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӣ сол пур мешавад. Боиси тазаккур аст, ки сӣ сол муқаддам тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик муайян гашт. Дар ҳақиқат, барои миллати тоҷик дар поёни асри ХХ ва ибтидои ҳазораи навини милодӣ, ки он замон Тоҷикистони азиз гомҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо фишори нобудшавии давлату миллат рӯ ба рӯ омад воқеан ҳам шахсе зарур буд, ки бо донишу заковат дар саҳнаи сиёсат падидор гардид, ки миллати тоҷик ин шахсияти дар симои мубораки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт намуд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷиҳат муҳим ва тақдирсоз аст, ки маҳз дар ҳамин иҷлосия ояндаи миллати тоҷик маълум гашт ва ақидаи вуҷуд доштан ва ё надоштани миллати тоҷик аз байн рафт. Баъд аз суханрониҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умеди мардум аз нав эҳё гашт ва дарк намуд, ки ин фарзанди фарзонаи миллат поягузори сулҳу ваҳдати ҳамешагии кишвар аст.
Бахшида ба ин рӯзи муборак КИ Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистондар вилояти Суғд тасмим гирифтанд, ки Албом – Эстафета бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Сӣ соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” ташкил ва баргузор намоянд. Ман низ ҳамчун яке аз аъзоёни фаъоли ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ин албом – эстафета иштирок намудам.
Таассуроти ман аз ин чорабинии бошукӯҳ дар он аст, ки пос доштани чунин рӯзҳои таърихӣ яке аз омилҳои муҳими худшиносиву хештаншиносӣ мебошад.
Имрӯз, ки бо шарофати Пешвои муаззами миллат кабӯтари сулҳ дар осмони беғубори кишвар партавфишонӣ мекунад, мо ҷавононро мебояд, ки ҳомии сулҳу ваҳдат, таранннумгари истиқлолу озодӣ, муаррифгари кишвари азиз дар арсаи ҷаҳонӣ ва пайрави асили Пешвои муаззами хеш бошем. Имрӯз, ки ҷавононро қишри ояндабунёд, қувваи фардосози миллат ном мегиранд, мо бояд ба он ҷавобгӯ бошем. Он эътимоду боварии Пешвои муаззами миллат барои ҷавонон на танҳо ифтихор, балки масъулият ҳам ҳаст, ки моро ҷиҳати сазовор будан ба ин ҳамма дастгирӣ ва ғамхориҳо сӯйи ташаббускориву созандагӣ ҳидоят месозад.
Ёқубова Гулноза,
аъзои фаъоли ташкилоти
ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Истаравшан