Рубрики
top pay day loan

ХУҶАНД: ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар доираи таҷлили моҳвораи ҷавонон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии Тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо ташкилоти кумитаи иҷроияи ибтидоии “Инқилоб” конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид.

Чорабиниро раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии мазкур, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳомидҷон Ҳошимзода ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон ҷойгоҳи хоса дошта, пайваста зери таваҷҷуҳи Раиси муаззами ҳизб қарор доранд. Эълон шудани соли 2017 соли ҷавонон, роҳандозии даҳҳо Барномаҳои давлатӣ бозгӯи гуфтаҳои болоиянд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар баромадаш таъкид дошт, ки ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд. Дар ин росто ташкилу баргузории мактаби захираҳои кадрӣ барои тақвияти дониш ва маҳорати ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни суханронӣ қайд намуд, ки ҷавонони саодатманди диёр чун амаликунандаи ормонҳои миллӣ сабақи нодири таърихиро аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат дониста, садоқат ба миллат, асолат батаърихи меҳанро рисолати асосии худ касб намудаанд.

Раиси Шӯрои олимони ҷавони ДИС ДДТТ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар рушди ҷавонон” ва аъзои фаъоли ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд Фарангис Воҳидова дар мавзӯи “Истиқлолият рукни асоси давлат” маърузаҳои илмӣ намуда, баён доштанд, ки дар давоми 30 соли истиқлолият дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, инчунин барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба 10 нафар аъзои нав шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Ҳамчунин ғолибони чанде аз озмунҳои дохилидонишкадавӣ дар вазъияти тантанавӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *