Рубрики
Uncategorized

Ҷаласаи васеъи раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Дар толори Ҷамияти матлуботи ноҳияи Деваштич маҷлиси васеъи раёсати Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2020 барогузор гардид. Дар кори маҷлис муовини Кумитаи ичроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффор ва муовини раиси ноҳияи Деваштич  Ганҷина Нуруллозода ширкат варзиданд. Инчунин дар  маҷлиси васеъ аъзоёни раёсат, аъзоёни Кумита, раисони Чамоатҳо, вакилон, раисони ташкилотҳои ҳизби  фаъолона иштирок намуданд.

    Дар маҷлис  ҳисоботи  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Деваштич  Исмоилиён Комрон доир ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2020 шунида шуд.Ҳамзамон оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари Халқ»ва «Сухани Халқ» низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Аз рӯи масъалаи дар рӯзнома гузошта шуда вакил аз ҳавзаи интихоботии «Ғазантарак»№11 Амонова Зарина ба маърӯза баромада қайд кард, ки мо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ-ро мебояд, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон муттаҳид гардида, фаъолияти худро беш аз пеш фарогир намоем.Сиёсати давлату Хукумат, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ-ро васеъ тарғиб намуда, барои афзун намудани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби шахсони соҳибэҳтирому ватандӯст, хештаншиносу некбин ҳиссагузор бошем ва кӯшиш ба харҷ диҳем ,ки   мақому манзалати ҲХДТ боз ҳам баланд бардошта шавад.Инчунин Раисони ТИҲ «Шифокор» ва «Фарҳангчиён»  ба музокира баромада барои фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2020 каноатбахш арзёби намуд.

      Муовини КИВ ҲХДТ Шарифзода Аминҷон Абдуғаффор ба сухан баромада қайд кард, ки чи тавре, ки дар Паём махсусан қайд карда шуд ба тавре ки кули ҳамватанони азизи мо, инчунини, ҳар яки Шумо ҳозирини гироми медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра , аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои азҳарлиҳоз вазнин буд.Ҳамзамон доир ба сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси давлати- 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ самаранок истифода бурдани ҳар як қитъаи замин ва захира намудани маҳсулоти озуқавори ва истифодаи оқилонаи қувваи барқ даъват ба амал оварданд.

      Инчунини Муовини Раиси ноҳияи Ганҷина Нуруллозода ба фаъолияти солонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бҳои қаноатбахш арзёбии намуд.

    Бо таклифу пешниҳодҳои вакилон аъзоёни раёсат маҷлис қарор намуд.

  Дар хотимаи маҷлис ба фаолони ҳизб, иштирокчиёни озмуни Ҷумҳуриявии «Фурӯғи Субҳи доноӣ…..», ва волидайни онҳо Сипоснома ва Раҳматномаи Кумитаи иҷроияи вилояти ва ноҳияви тақдим карда шуда ба аъзоёни нав интихобшуда шаҳодатномаҳои ҳизби супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *