Дирӯз дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ таҳти раёсати раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия баргузор шуд.
Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, оид ба мақсаду вазифаҳои он маълумот дод.
Дар идомаи ҷаласа Дилшод Зокиров дар бораи вазъи имрӯзаи марз бо Қирғизистон сухан гуфта, аз Шӯро даъват кард, ки дар байни мардум бештар корбарӣ намуда, худшиносиву ватандӯстӣ ва ҳамеша барои ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ омода буданро тарғиб намоянд.
Роҳбари гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ Бурҳон Сафаров дар мавзӯи “Ҳушёрии сиёсӣ: нақши ҷавонон дар муборизаҳои идеологию иттилоотӣ” маърӯза кард.
Қобилхоҷа Қобилов, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ бо ёдоварӣ аз дастовардҳои замони Истиқлол таъкид намуд, ки ҳифзу ҳимояи ин марзу бум дар ҳама ҳолат аз мо масъулият мехоҳад.
Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Мастчоҳ Хусрав Ашурзода оид ба вазифаҳои минбаъдаи Шӯро сухан гуфта, аъзои Шӯроро ба иҷрои саривақтии супоришҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” даъват кард.
Бо қабул намудани қарорҳои дахлдор ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Мастчоҳ ба кори худ хотима бахшид.