Рубрики
Uncategorized

Ҷаласаи ҷамъбастӣ

Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷаласаи чамъбастии фаъолияти шуъбаҳои таблиғот ва иттилоот, занон ва ҷавонон барои соли 2022 баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур бо иштироки мудирони шуъбаҳои кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо доир гардид.Сараввал Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро оғоз намуда, қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи нақшаи кории худ дар соли 2023 бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти шуъбаҳои таблиғот ва иттилоот, занон ва ҷавонон дар соли 2022, мусоидат барои боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти шуъбаҳои зикршуда, ки блоки идеологии ҳизбро ташкил медиҳанд, тасмим гирифт ҷаласаи алоҳидаро баргузор намояд. Бо мақсади натиҷаҳои пурсамар овардани чорабинии имрӯза дар кори он масъулини кумиҷроияи вилоятӣ, мудирони шуъбаҳои таблиғот ва иттилоот, занон ва ҷавонони кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат доштанд. Ҳамзамон, барои ҷамъбаст ва натиҷагирии соли сипаригашта мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи вилоятӣ Пӯлотова Мунзифа, мудири шуъбаи занон Заррина Раҳмон ва мудири шуъбаи ҷавонон Мирмуллоев Назирҷон баромадҳои пурмӯҳтаво намуданд.Сипас, Заррина Зулфиқорзода-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод, Мирзоева Ситора- мудири шуъбаи занони КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва Акбарзода Маъруфҷон- мудири шуъбаи ҷавонони КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров музокира намуданд.Бо сухани ҷамъбастии Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҷаласаи чамъбастии фаъолияти шуъбаҳои таблиғот ва иттилоот, занон ва ҷавонон барои соли 2022 ҳусни анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *