Рубрики
Асосӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БАРОИ СОЛИ 2023 ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲО БАРОИ СОЛИ 2024

Санаи 19 январи соли 2024 дар толори МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Азимӣ Зайнура Оқилзода ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ҳусни ифтитоҳ бахшида оид ба Ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар соли 2023 сухан намуда аз ҷумла якчанд вазифаҳоро барои соли 2024 қайд намуд. Дар Маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд барои соли 2024 ба раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзозода Комил Шариф, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров Анварзода Амир, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол Разоқова Наргиза Эрқуловна музокира намуданд. Инчунин мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Шарипов Аъзамҷон баромад намуд.Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Азимӣ Зайнура Оқилзода баромад намуда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басо мушкилу мураккаби хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши босазои худро гузошт. ҲХДТ ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи чунин сиёсати созандаи ҳизб аст, ки намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи он мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд.Дар идомаи ҷаласа муовини Раиси КИ ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон суханронӣ намуда, афзуд, ки имрӯзҳо дар баробари корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ки асоси фаъолияти ҲХДТ-ро ташкил медиҳанд, инчунин бо назардошти воқеаву таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳизб кӯшишу ғайрати худро ба самти солим нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз таъсири ақидаҳои манфии равияҳои гуногуни иртиҷоӣ ва ифротӣ дар миёни ҷомеа равона кардааст. Дар ин раванд ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва назари воқеӣ ба рӯйдодҳои ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон меҳвари асосии фаъолияти ҳизбиёнро ташкил медиҳад. Ҷои ифтихор аст, ки фаъолони ҳизб ва умуман ташкилотҳои ҳамаи зинаҳои ҳизбӣ дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва моҳияти сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро ба оммаи васеи мардум дар сатҳи зарурӣ ва бо касбияту самимияти баланд фаҳмонида истодаанд. Дар Маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд барои соли 2024 якчанд фаъолони ҳизб, ғолибони озмуни вилоятии “Кумитаи иҷроия, шуъбаи беҳтарин, шӯрои собиқадорон ва ташкилоти ибтидоӣ”-и КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, инчунин КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри саривақт иҷро намудани маъракаи “Обуна 2024” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” бо сипоснома ва мукофотпулӣ қадршиносӣ гардидаанд. Ҳамзамон ба 45 нафар хатмкунандагони Мактаби захираҳои кадрии назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд барои соли 2023 дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи хатм супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *