Рубрики
Асосӣ

Ҷамъбасти даври дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ”

 Дар ноҳияи Зафаробод маросими ҷамъбасти даври дуюми мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намуди футболи хурд, миёни дастаҳои футболи ғайрикасбӣ дар ноҳияи Зафаробод барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия доир гардид. Дар ҷамъбасти даври ноҳиявии мусобиқа Раиси федератсияи футболи ноҳия, Раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рузӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Беҳзод Авезов, фаъолони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ширкат доштанд. Маврид ба зикр аст, ки дар даври аввали мусобиқа 6 даста иштирок намуда, 4 даста ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтанд. Даври дуюм бо иштироки дастаҳои ғолиб Ҷамоати деҳоти Равшан, Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод, Ҷамоати шаҳраки Зафаробод ва Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа ҷои якум насиби дастаи Ҷамоати шаҳраки Зафаробод, ҷои дуюм дастаи Ҷамоати деҳоти Ҳамид Алиев ва ҷои сеюм ба Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия насиб гардид. Раиси федератсияи футболи ноҳия, Раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рузӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир оид ба мақсаду мароми мусобиқа, суханронӣ намуда, футболбозони ҷои сеюм ва дуюмро бо Диплом медал ва туҳфаҳо қадрдонӣ намуданд. Ҳамин тавр дастаи Ҷамоати шаҳраки Зафаробод, ки сазовори ҷои аввал гардид бо шодиву нишоти ҳаводорони футбол Ҷоми омоданамудаи даври дуюми мусобиқаро соҳиб гардида ба даври сеюм роҳ ёфтанд. Даври аввал ва дуюми мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” дар ноҳияи Зафаробод хотирмон ва бо шукӯҳи хоса анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *