Рубрики
Last News

Ҷамъбасти Мусобиқаи волейбол байни бонувон

Оғозан аз санаи 02.03.21 сол бо мақсади татбиқи самарабахши сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ва Раёсати кор бо ҷавононон ва варзиши вилояти Суғд тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дар ҷомеа, дарёфти истеъдодҳо, таҷлили Рӯзи Модар ва амалисозии Барномаи ҲХДТ дар толори варзишии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи волейбол байни бонувон баргузор гардида истода буд. Дар мусобиқаи волейбол 15-даста, 180-нафар донишҷӯ духтарони муассисаҳои олии касбӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои вилоят ширкат варзиданд. Имрӯз мусобиқаи мазкур ҷамъбаст гардид. Ҷойи аввал байни Коллеҷу Литсейҳо насиби Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи дуюм насиби Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон гардида ҷойи сеюмро Коллеҷи тиббии шаҳри Бустон сазовор гардиданд. Байни донишгоҳҳо ҷойи аввал насиби ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров ҷойи дуюм насиби Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва ҷойи сеюмро ДДҲБ ва сиёсати Тоҷикистон сазовор гардиданд. Пас аз муайян намудани натиҷаҳо Дастаи Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дастаи ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров байни ҳам қуввозмоӣ намуданд. Дар натиҷа Дастаи Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғолиби мусобиқаи волейбол дониста шуд. Ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои хотиравӣ, Ҷом ва Сипоснамоҳо КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Раёсати кор бо ҷавононон ва варзиши вилояти Суғд сарфароз гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *