Рубрики
top pay day loan

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “МО БО ШУМОЕМ”

      Беш аз як моҳ аст, ки ба ифтихори 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти олии ҳизб шахсан Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни “Мо бо Шумоем” бо ширкати кӯдакони имконияташон маҳдуд баргузор гардид.

 Дар  ин озмун беш аз 500 нафар кӯдакону навравсони болаёқат ширкат варзиданд, ки ҳар кадоме бо истеъдоду маҳорати хоссаи худ аҳли ҳакамонро мафтун намуданд.

Имруз дар  толори маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ ҷамъбасти озмуни вилоятии “Мо бо шумоем” баргузор гардид. Ба даври вилоятӣ 51 нафар ғолибон роҳхат гирифта,  беҳтаринҳо аз руйи се номинатсия навозандагӣ, қироати шеър, сурудхонӣ ба саҳна баромада, ҳунарашонро ба ҳакамони озмун,  пешкаш намуданд. Ҳайати ҳакамон, ки иборат аз шахсиятҳои варзидаи вилоятанд, ба талошу такопӯ ва маҳорати ширкаткунандагон баҳои воқеӣ доданд.

Озмуни вилоятии “Мо бо шумоем”-ро ҳофизони хушовоз Махками Баҳриддин Дилноза Каримова, Ӯктамҷон Муъминов, Акмал Акрамӣ, Далерҷон Ғаффоров бо сурудҳои дилнавоз  боз ҳам рангинтар намуданд.

Сипас, Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба ҳамаи иштирокдорони озмуни вилоятии “Мо бо шумоем” миннатдорӣ намуда иброз намуд:  итминон дорам, ки ҳар яки шумо, фарзандони азиз ба туфайли ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун насли шоиста ба воя мерасед ва дар оянда ба ҳайси мутахассисони кордону боистеъдод дар ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми фарзандии худро мегузоред. Итминон дорем, ки аз миёни иштирокдорон фардҳои нобиға ва ҳунрмандони асил, ки миллати моро ба таври шоиста муаррифӣ мекунанд ба камол мерасанд. Дар роҳи расидан ба ин мақсадҳои нек ба ҳар яки шумо, фарзандони азиз ва устодони арҷманд саломативу сарбаландӣ ва барору комёбӣ орзумандам.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ салому паёми Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аҳли иштирокдорон расонда, баён дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо шавқ ва зақи кӯдакону наврасон, хосса шахсони имконияташон маҳдудро болидаруҳ мегардонад.  

Дар фарҷоми озмуни “Мо бо шумоем” ғолибон ва иштирокдорон  бо диплом, сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд қадршиноси гардиданд.

(Гузориши васеъ нашр мешавад.)

</