Рубрики
Uncategorized

Ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нӯҳ моҳи соли 2021

Тибқи нақшаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, нимаи дуюми 22-уми октябр дар толори кумитаи иҷроияи ноҳия, ҷаласаи васеи фаъолияти КИ ҲХДТ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Манонова Заррина Аҳадовна, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Турсунзода Дилоромхон, аъзоёни кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолон иштирок намуданд.Нахуст, раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Анварзода Амирҷон меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҳамагонро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуданд Рӯзномаи маҷлис аз тарафи иштирокдорон тасдиқ гардида, аз рӯи масъалаи аввал раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ Анварзода Амирҷон аз рафти фаъолияти кумиҷроияи ноҳиявӣ ҳисобот доданд. Инчунин дигар дастовардҳои кумиҷроия, рафти иҷрои нақшаи обуна банашрияҳои ҳизбӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ , иҷрои фармоиши КИВ аз 12 январи соли 2021 таҳти №1 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ аз тарафи шахсони масъул мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар интиҳои баррасии масъалаҳои зикршуда, сухан ба Манонова Заррина Аҳадовна – мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Турсунзода Дилоромхон – муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дода шуд, ки масъулини кумитаи иҷроияи ноҳиявиро вазифагузориҳо намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *