Санаи 22 октябри соли 2021 маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид. Ба маҷлиси васеи Кумиҷроия аъзоёни Кумиҷроия, вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, раисони Ҷамоатҳо, аъзоёни фаъоли ҳизб, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, ҷавонон ва занону духтарони фаъоли ҳизб иштирок намуданд.Дар маҷлис муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия Тошпӯлотова Назира иштирок ва суханронӣ намуданд.Дар рӯзномаи маҷлиси ҷамъбастӣ 5 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.1. Ҳисобот оид ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар нӯҳ моҳи соли 2021.2. Рафти обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”3. Ҳисобот оид ба рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ4. Рафти иҷрои фармоиши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 12 январи соли 2021 “Дар бораи баргузории озмуни вилоятии Кумитаи иҷроия, ташкилоти ибтидоӣ ва шуъбаҳои беҳтарин”5. Рафти ишроиши фармоиши муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ аз 31.03.2020, таҳти №30 Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда маърӯза ва ҳисоботҳо шунида шуданд ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Рубрики
Ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳа дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
