Рубрики
Асосӣ

Ҷамъбасти футболи хурд дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси барқияи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар саросари мамлакат бо мақсади оммавигардонии футбол ва ҷиҳати тарғибу ташкиқи тарзи ҳаёти солим дар саросари мамлакат, футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбии байни шаҳрвандони аз синни 18-сола боло, гузаронида шуда истодааст. Бо ин мақсад санаи 20 августи соли 2021 дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ноҳия,  бо ҳамбастаги Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши назди МИҲД-и ноҳия даври ноҳиявии футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбӣ гузаронида шуд. Мавриди зикраст, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои ғолибони даври ноҳиявии мусобиқаи футбол, Ҷоми КИ ҲХДТ дар ноҳия, медалу диплом ва мукофотҳои пули омода карда буд.

Мусобиқа аз рӯи Низомномаи тасдиқнамудаи КИМ ҲХДТ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои “ Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” ташкилу ба роҳ монда шуд. Дар ин рӯз 3-дастаи ғолиби даври аввали мусобиқаи футбол, ки дар ҷамотҳои деҳоти ноҳия сурат гирифта буд, аз ҷумла дастаи деҳаи Камодон, Виткон ва Худгифи офтоб байни ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа дастаи деҳаи Камодон ҷойи 3-юм, дастаи Худгифи офтоб ҷойи 2-юм ва дастаи деҳаи Виткон ҷоий аввалро ишғол намуданд.

Пас аз анҷоми бози ғолибон дар назди бинои Кумиҷроияи ноҳиявӣ бо медалу диплом ва ҷоми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Матсчоҳ сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *