Рубрики
Мақола

Ҷасуриро аз даст надиҳем!

Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки вақтҳои охир дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон бесарусомониҳо мушоҳида гардида, натиҷа фавти зиёди одамон гардида истодааст. Ҳол он ки ҳалли гуфтушуниди масъала вуҷуд дорад.

Ба фикри мо, ин фоҷиа тибқи нақшаи зархаридони хориҷӣ мебошад, ки бо кўмаки молиявӣ ба ҳар баҳона мардуми камбизоати наздисарҳадии Қирғизистонро ба ошўб бармехезонад. Баъди ба сари ҳокимият омадани Садир Ҷапаров ва Қамчинбек Ташиев муносбат дар марз тезутунд гардида, боиси ҳалокати нафарони зиёд аз ду ҷаониб гардид. 

Ҷонибони  Ҷумҳурии Қирғизистон бошад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна маълумотҳои бардурўғро паҳн менамоянд. Лекин аз хотир набояд баровард, ки халқи тоҷик дар таърихи худ забткор набуд ва ба ягон миллат харобӣ наовардааст.

Ҳодисаҳои наздисарҳадӣ собит намуданд, ки мардуми мо бо баҳои ҷон омода ҳастанд, ки ҳар ваҷаб хоки Ватани худ, мавқеи давлати худ ва Пешвои миллати худро ҳимоя намоянд!

Махсусан ҷавононро ин ҳодисаҳои хунин бояд бедор кунад. Ҷавонон бояд дуруст дарк намоянд, ки ҳифзи Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд аст. Хизмат ба Ватан ин шараф ва собит намудани ҷавонмардӣ аст. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос ва муташанниҷ агар ҷавонон аз хизмати Ватан канораҷўӣ намоянд, пас кӣ бояд ҳимоя намояд?

Ба шарофати Истиқлолияти кишвар, имрўзҳо Тоҷикистон устуворона ба пеш қадам мезанад, дорои иқтисодиёти пешрафта, нерўи зеҳнию ақлӣ ва иқтидори бузург аст. Ҳар гуна тўҳмату бўҳтон, ҳамсояи сиёҳкор ва душманони халқу миллат наметавонанд давлати абарқудрати моро шиканад ва дар назари оламиён бадном кунад!

  Аҳмадова Ёсуман- мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд   

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *