Рубрики
Uncategorized

ҶАШНИ ЛОИҚ ДАР КОХИ ЛОИҚ

            Дар Кохи Лоиқ  сухан аз шеъри  шоири тавонои тоҷик  Лоиқ Шералӣ мерафт ва ашъори ноби ӯ садо медод. Бо ибтикори сарвар ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент  Мавҷуда Собирова устодону донишҷӯён маҳфили шеъри устодро ба ифтихори 80- солагии шоир дар ин кохи зебо баргузор намуданд.

           Аз саҳнаи толори  кох донишҷӯён- кормандони тибби оянда, дар бораи рӯзгору осори устод Лоиқ сухан карда, шеърҳои ӯро қироат намуданд, ҳаваскорон бар матни ашъори устод суруд хонданд ва саҳнаҳои ҷолиб нишон доданд.

          Дар ин маҳфил  мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Бурсибой Лутфуллоев дар бораи ҷойгоҳи устод дар назми форсизабонон, аҳамияти осори гароарзиши ӯ дар тарбияи худшиносии миллӣ сухан кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *