Рубрики
top pay day loan

АЙНӢ: ҶОВИДОН БОД ҶАВОНОН ВА ҶАВОНӢ

Дар доираи нақша-чорабиниҳо дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №19-и деҳаи Сангистони Ҷамоати деҳоти Айнӣ аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳамкорӣ бо “Пайравони Пешвои миллат” чорабинии фарҳангӣ-фароғатиро таҳти унвони “Пешвои миллат ва ҷавонон” доир намуданд. Зимни баромадҳо қайд гардид, ки ҷавонон дар ҳама давру замон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои тарбияи ҷавонон як зумра қонуну санадҳоро қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодона ва ибтикори онҳо шароити васеъ фароҳам меорад. Мо дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 16 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти милли ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” қабул намуд, ки барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти зиёд дошт.

Ҳамзамон аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ба омӯзиши фанҳои дақиқ мароқи бештар зоҳир намуда, фирефтаи ақидаҳои иғвоангезонаи гурӯҳҳои иртиҷоии шабакаҳои иҷтимоӣ нашаванд. Дар идомаи чорабинӣ ҷавонони фаъол барномаи фарҳангӣ-фароғатии худро ба маъразӣ тамошо гузошта, таъби иштирокчиёнро болида намуданд.

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар дигар ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроияи ноҳия дар ҳамбастагӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бомаром идома дорад.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *