Рубрики
Last News

Ҷоми Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Конибодом соҳибашро ёфт

Дирӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳр мусобиқаи варзишии намуди волейбол  миёни дастаҳои коллеҷу литсейҳои касбии шаҳр доир гардид, ки дар он дастаи коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзода сазовори ҷои 3-юм, дастаи коллеҷи тиббӣ сазовори ҷои 2-юм гардиданд. Ҷойи якум ва ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом насиби дастаи Литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳр гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *