Рубрики
Асосӣ

Ҷонибдории ҷавонон ба Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот дар кишвар

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон дар назди вакилон суханронӣ намуда, чунин гуфта буданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷоннисорӣ мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

27 июни соли 1997 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои барҳақи миллат, Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони ватанпараст, меҳандӯст ва сулҳхоҳи тоҷик баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашҳо хотима гузошта, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо карданд.

Расидан ба сулҳ кори басо душвор ва ниҳоят мураккаб буд. Баъд аз анҷоми Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва шурӯъи музокирот бо мухолифини собиқ равона намуд.

Қобили зикр аст, ки дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Эмомалӣ Раҳмон, фаросати азими мардумпарваронааш, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиаш боиси он гардид, ки ӯ ҷони хешро ба гарав монда барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар намуда сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуд.

Яке аз солҳои бениҳоят душвор ва сарнавиштсози гуфтушунидҳо соли 1995 буд, ки дар ин сол аввалин бор музокироти сатҳи олӣ дар шаҳри Кобул баргузор гардид. Пеш аз сафар ба Афғонистон дар моҳи апрели соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати ихтисосиашон бо хабаргузории «Интерфакс» дар бораи ҳадафҳои вохуриашон бо роҳбарони мухолифин чунин иброз доштанд: «Ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбари оппозисиюн ман пеш аз ҳама мавзӯъҳоеро баррасӣ хоҳам намуд, ки ба ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон иртибот дошта, масъалаҳои оташбас ҳам дар сарҳад ва ҳам дар дохили кишвар, баргашти тамоми муҳоҷорине, ки ҳанӯз дар хоки Афғонистон ҳастанд, ва ҳамчунин дигар масъалаҳоро дар бар хоҳад гирифт. Мақсади ман расидан ба мусолиҳа бо оппозисиюн мебошад, ки ин мусолиҳа бояд бечунучаро аз ду тараф иҷро шавад».

Дар вазъияти мураккаб ва ноамнии комил дар шаҳри Кобул, ки дар бист километр берун аз он ҷанги шадиди байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мухолиф идома дошт ва мушакҳо ба тарафи шаҳр ва, бахусус ба фурудгоҳи Кобул паронда мешуданд, ҳавопаймои Сарвари давлат дар фурудгоҳи шаҳри Кобул ба замин нишаст ва баъдан музокирот байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифини собиқ шурӯъ гардид. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароити сахт ва хатарнок барои таъмин ва истиқрори ҳар чӣ зудтари сулҳу салоҳ дар Ватан ва оромии миллат дар душвортарин шароит ду рӯз музокироти хеле муҳим ва сарнавиштсозро муваффақона анҷом дод. Натиҷаи музокироти сатҳи олӣ дар Кобул барои ташвиқ ва тарғиби намудани барқарории фазои сулҳ ва ҳамдигарфаҳми дар Тоҷикистон аҳмияти фавқулода дошт. Дар изҳороте, ки аз тарафи ду роҳбар ба имзо расида буд, аз ҷумла чунин ишора шуда буд: «Ҷонибҳои тоҷикон ба хотири рафъи низоъ аз тариқи сиёсӣ, тавассути музокирот, бунёди шароити сулҳи пойдор дар сарзамини тоҷикон тамоми ҷидду ҷаҳди хешро дареғ нахоҳанд дошт».

Пас аз баргаштани ҳайҳати ҳукуматии Тоҷикистон ба Душанбе, шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифоъи Афғонистон, дар мулоқот бо хабарнигорон аз хусуси мавқеи гуманистӣ ва ватандӯстона доштани Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда чунин гуфт: – «Раҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, ватанаш Тоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дӯст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омодааст ҷонбозиҳо кунад. Бо чунин Раис тоҷикон ҳатман ба сулҳу оштӣ даст хоҳанд ёфт».

Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қиғизистон, Русия, Туркманистон идома ёфтанд, муяссар шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои сулҳ 9 даври музокирот, 6 вохӯрии сарон ва 21 маротиба музокирот анҷом дода шавад, ки дар натиҷаи онҳо 40 ҳуҷҷати тақдирсози миллат ба имзо расонида шуд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо тоҷикон ба хубӣ фаҳмиданд, ки ҷанги таҳмилӣ бояд фавран қатъ гардад, чунки ин даргирии бародаркуш миллати тоҷикро метавонист аз байн барад ва ба давлатдории тоҷикон хотима бахшад. Бегонагоне, ки ин ҷангро ба сари миллат таҳмил карданд маҳз таназзулу нобудии давлатдории тоҷиконро мехостанд. Аммо, шукри парвардигор, ки тирашон хок хӯрд.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллати бофарҳанг, ватандӯст, сулҳхоҳ ва сулҳпарвари тоҷик дар он давраи хеле сахт ва мудҳиш таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якпорча шуд, роҳи музокироти сулҳро пеш гирифт, аз ақлу фарҳанги азалии хеш истифода намуд, аз роҳи ба тариқи зӯри ҳал кардани мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ даст кашида, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ба хотири таъмини сулҳи сартосарӣ самимона дастгирӣ намуд.

Ҳудуди фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ на танҳо аз нигоҳи сифат, балки аз лиҳози миқдор низ густариш ёфт, мазмуну моҳияти гуногунандешӣ гирифт ва имрӯз дар кишвар 456 рӯзномаву маҷалла нашр мешавад, ки дар миёни онҳо 270 нашрия мақоми ғайридавлатиро доранд.

Имрӯз дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият намуда дар парлумони кишвар намоянда доранд, ки ин нишондиҳандаи муҳими мавуҷудияти плюрализм, яъне гуногунандешии воқеъӣ ва рушди демократия дар Тоҷикистон аст.

Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки асосгузори он Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои барҳаққи миллат мебошад, имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гашта, ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои худододӣ истифода намуда, худро наҷот медиҳад.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба Сарвари давлат, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад.

Ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз Сарвари давлатро гирифтааст, балки ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд. Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бешатар аз худ боварӣ ва эътимод дорад.

Қосимов З. А. – аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *