Рубрики
Uncategorized

Ҷ.Расулов: Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ТИ «Ориён» ва ТИ «Ором»

Дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ идома доранд. Ин гуна маҷлисҳо санаи 6 июли соли 2021 дар ТИ «Ориён» ва ТИ «Ором» баргузор гардиданд. Дар ин маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам, мудири шуъбаи таблиғот ва иттолооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Раҷаматов Аскарали, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни ТИ ҲХДТ, занон ва ҷавонони фаъол ширкат варзиданд.

Рӯзномаи маҷлисҳо се масъаларо фаро гирифт:

  1. Ҳисоботи раиси ТИ оид ба фаъолияти ТИ дар давраи ҳисоботӣ;
  2. Рафти обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва «Сухани халқ» барои соли 2022»;
  3. Интихоби раиси ТИ ҲХДТ.

Маҷлисҳо бо риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ гузаронида шуданд. Масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор кабул карда шуданд. Пас аз баррасии масъалаҳо Одилзода Рустам ба сухан баромада, дар бораи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, истифодаи самараноки заминҳои корам, муносибати хуб намудан бо мардуми давлатҳои ҳамсоя, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, мубориза бар зидди экстремизму терроризм ва ҳолатҳои коррупсионӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии касалии сироятии «COVID-19», сарфакорона истифода намудани қувваи барқ, таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози андеша намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *