Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Дар асоси   накшаи чорабинихои КИ ҲХДТ дар нохияи Деваштич бахшида ба таҷлили 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳвораи ҷашнӣ таҳти унвони “Иҷлосияи сарнавиштсоз” оғоз гардид.

Моҳвораи ҷашнӣ бо гузаронидани  силсилаи чорабинихои мухталиф дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва тандурустӣ доир карда мешавад.

Ҳамчунин дар муассисаҳои таълимии ноҳия байни хонандагони синфҳои 11 озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзӯъи  “Нақши Иҷлосияи сарнавиштсоз дар пешрафти давлатдории навини тоҷикон” эълон карда шудааст.

Санаи 20-уми октябри соли равон ҷиҳати иҷрои нақша-чорабинии мазкур дар муассисаи таълимии рақами 53-и шаҳраки Ғончӣ соати тарбиявӣ таҳти унвони “30-соли Иҷлосияи тақдирсоз” “гузаронида шуд, ки дар он хонандагон аз таърихи ин Иҷлосияи таърихӣ ҳарф зада, бо қироати шеъру хондани суруд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро васф намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба омӯзгорону кормандони фаъоли муассиса Шаҳодатномаи ҳизбӣ бо иштироки собиқадори ҳизбӣ, омӯзгори варзида Мустабшира Садриддинова супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *