Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ:   Раиси шаҳри Конибодом вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳру вилоят аз ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Куҳандиёр ва Лоҳутӣ Абдусалом Тӯхтасунзода дар тарабхонаи “Меҳрона”-и ҷамоати деҳоти Куҳандиёр баргузор гардид.

    Ҷамъомад бо суханҳои ифтитоҳии Раиси ҷамоати деҳот Нурииқбола Маликзода оғоз ёфт.

   Сипас Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода ба ҳайси вакил аз ваколати вакилӣ, дастоварду фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, корҳои ободониву созандагиҳои тайи солҳои охир амалишуда маълумоти муфассал дод.

   Баъдан саволу ҷавобҳо доир шуда, сокинон оид ба масъалаҳои таъминоти барқ, соҳаи кишоварзӣ, омодагӣ ба зимистон, рафти маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ғайраҳо саволҳо дода, посухҳо гирифтанд.

    Дар вохӯрӣ ҷавонмардони шуҷоъ, сарбозони Ватан, ки нав аз хизмати ҳарбӣ баргаштаанд, низ иштирок карда, аз шароитҳои хизмат ва ғамхориҳои давлат нисбат ба муҳофизони ватан бо қаноатмандӣ ва ғуруру ифтихор суханронӣ намуда, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вилоят ва Ҳукумати мамлакат барои ин таваҷҷӯҳу ғамхориҳо изҳори сипос намуданд. Раиси шаҳр ба волидони ин сарбозон аз номи худ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои тарбияи чунин ҷавонписарони ватандӯст ташаккур гуфта, зикр кард, ки хизмат ба Ватан гузаштан аз мактаби мардонагӣ буда, шарафу ифтихори ҳар як ҷавонмарди комил аст.

   Ҳамин тавр мулоқот дар фазои пурғурури ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва шукргузорӣ аз даврони фаровониву ободӣ поён ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *