АШТ: Имрӯз дар асоси нақшаи кории шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи ноҳиявӣ бо аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бахшида ба 28-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат дар мавзӯи “Конститутсия –санади муҳими таърихӣ” доир гардид.
Дар суҳбат бо ҷавонон мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Дадажонов Мумтоз доир ба бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шуд, ки маҳз ҳамин санад мардуми парокандаву ҷангзадаро ба ҳам оварда, баҳри ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона заминаи воқеиро фароҳам овард.
Ҳамчунин, тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд. Дар охир аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” Ашуров Меҳрдод оид ба ғамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон андешаҳои худро иброз дошт.