Рубрики
Асосӣ

Ш.ГУЛИСТОН:  Дар доираи иқдоми неки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои расонидани кумаки молиявӣ ба маъюбон, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқаррар кардаанд, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дидорбинии маъюби гурӯҳи 1 аз оилаи Абдуқаҳороваҳо, сокини шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ташриф оварда, ба онҳо нафақаи ҳизбиро дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас намуд.

           Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон зимни сӯҳбат бо волидайн қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии маъюбон, оилаҳои ниёзмандро дар мадди аввал қарор дода, пайваста аз ҳолу аҳволи ин қишри ҷомеа хабардор мешаванд ва  ба чунин шахсон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

          Дар ин самт дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сармашқи фаъолияти худ қарор додааст. Ин иқдом охири ҳар моҳ роҳандозӣ карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *