Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Мулокоти судманд бо ҷавонони деҳаи Бахт Тибқи нақшаи чорабинии муштарак намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Беморхонаи марказии ноҳия ва Маркази пешгирии бемориҳои сил мулоқоти судманд бо ҷавонони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии √20 доир гардид. Ҳадаф аз баргузории мулоқоти мазкур пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар байни ҷавонон, пахн нашудани бемориҳои сироятӣ, аз чумла ВНМО/БПНМ ва бемории сил, шомил нашудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатхои ифрогарона ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ мебошад. Дар доираи мулокот масъулин инчунин вобаста ба баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз қабили пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғону наврасон, занону бонувон, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, шабгардиҳои беасоси ҷавонон, вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии тарғиби фарҳанги ба мо бегона ва амсоли инҳо суханронӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *