Рубрики
Асосӣ Мақола

ЗАФАРОБОД: Терроризм падидаи номатлуб Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотхо, субъектхо ё шахсони алохида бо истифодаи кувва, зуровари ба амал овардани вазъияти ноором, мухити тарсу харос ва хатар дар чомеа мебошад. Аз нигохи пахноиву фарогири, терроризм ба шаклхои зерин таксим мешавад: байналхалки, дохилидавлати, сиёси, милли ва дини. Амалиёти террористи аз кисматхои зерин иборат мебошад: гояхо ва омилхои сиёси, фаъолияти зуровари, амали террористи. Терроризми байналхалки дар чахони муосир дар шаклхои терроризми ичтимои-инкилоби, терроризми этники-миллатгарои ва терроризми дини ба амал меояд. Дар замони муосир тамоили то як андоза шудани терроризми ичтимои-инкилоби ва афзудани терроризми этникию миллатгарои ва дини ба назар мерасад. Яке аз омилхои пайдоиши ба истилох «терроризми исломи» таассуби дини мебошад. Ифротгарои тундгарои, терроризм аз таассуби дини сарчашма мегирад. Сарчашмаи гоявии пуркудрати ислом метавонад хам созанда бошад ва хам сузанда. Таассуби дини ба дарачае дар ниходу равони инсон реша медавонад, ки хаётро ба сифр баробар карда, матлаби худро дар як лахза курбони чахолат месозад. Таассуб дар калби фарде, ки ба ин мариз мубтало шудааст, нафрату адоват ва одам бадбиниро тарбия мекунад. Таассуби дини шахсро дар доираи худ ва хаммаслакони худ банд мекунад ва дар рухияи худбини ва чахолат банд месозад. Дарки бешууронаи арзишхои ислом, сатхи пасти дониш ва чахонбинии дини ва дуняви боиси хуручи таассуби дини мегардад. Танхо фикри озод, андешаи солим, рушди илму маърифат метавонад таассубро аз байн барад. Рушди рухию равонии ин ё он чамъият созандагию бунёдкориро касб намояд, дар он чомеа чой барои таассуб намемонад. Барои бартараф намудани чунин андешаю гумонхои нораво мо хама дастачамъона мубориза барем, чунки ин игуна нерухо аз номи дини мубини ислом амал намуда, номи неки онро догдор мекунанд ва манфиатхои душманону бадхохони фарханги волои исломро пиёда месозанд. Шоназаров Ш. Мудири шуъбаи Рушди ичтимои ва робита бо чомеаи дастгохи раиси нохия, аъзои фаъоли ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *