Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати истиқболи сазовори 28-солагии таъсисёбии ҲХДТ бо иштироки аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳр мулоқот дар мавзӯи “ҲХДТ-ҳизбе, ки ҳамеша бо халқ аст” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумиҷроияи шаҳрӣ иштирок намуданд.

         Мудири шӯъбаи иттилоот ва таблиғот зимни суханронии худ оид ба таърихи таъсисёбӣ, Оиннома ва Барномаи ҳизб маълумот дода, зикр намуд, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 солагӣ расидааст ва Оиннома ва Барномаи ҳизбро эътироф менамояд, метавонад аъзои ҲХДТ гардад. Инчунин дар бораи ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ дар давоми 28-сол гуфта гузашт ва қайд намуд, ки ҲХДТ дар давоми фаъолияти худ рисолати хешро дар сатҳи баланд анҷом дод ва ба нерӯи пешбарандаю созандаи ҷомеа табдил ёфт.

Сипас, мудири  бахши ҷавонон оид ба фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва нақша-чорабинии он маълумот пешниҳод намуд.

         Дар охир ба иштирокчиёни чорабинӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ ба муносибати ин санаи муборак тақдим карда шуд.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *