Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: БО МАҚСАДИ ИСТИҚБОЛИ САЗОВОРИ 28 СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДАР АСОСИ БАРҚИЯИ КИМ ҲХДТ ТАҲТИ /34 ВА БАРҚИЯИ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД /75 АЗ 01.12.2022 БО ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД ВА АЪЗОЁНИ ФАЪОЛИ ТҶҶ «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН» АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҲХДТ- ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ» ГУЗАРОНИДА ШУД. ИСТИФОДА АЗ ВАРАҚАҲО ВА МУСАВВАРАҲОЕ, КИ ТАРҒИБГАРИ ДАСТОВАРДҲОИ АРЗИШМАНДИ ҲХДТ ДАР ДАВОМИ 28 СОЛ МЕБОШАД, НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ ИҶРОИЯ ДАР КӮЧАЮ БОЗОР ВА ТАШКИЛОТУ КОРХОНАҲО ГАШТА, БО АҲОЛӢ ДАР МУЛОҚОТ ШУДА ВАРАҚАҲОИ ТАРҒИБОТИ ПАҲН НАМУДАНД. АЗ ҶОНИБИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТӢ ҚАЙД КАРДА ШУД, КИ ДАР МЕҲВАРИ НОИЛ ГАРДИДАН БА НАТИҶАҲОИ ФАЙЗБОРУ ШОИСТА ЗАҲМАТУ ҲИДОЯТҲОИ ПАЙВАСТАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ МУАЗЗАМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН МӮҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҚАРОР МЕГИРАД. ТАРҒИБИ ЗАҲМАТУ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ТОҶИКИСТОНИ НАВИН ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲИЗБИЁН АСТ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *