Рубрики
Асосӣ

Ҳамсафони гиромӣ!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Деморатии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Соли Нави мелодӣ сидқан ва самимона муборакбод намуда, ба Шумо саломатӣ, рӯзгори пурфайзу баракат, хотири осудаю хушбахтӣ таманно менамояд.Соли 2022 дар таърихи кишварамон бо дастовардҳои беназир дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ басо хотирмон буд.Боиси хурсандӣ аст, ки соли нав ба кишвари мо дар мавриде ворид мегардад, ки як муҳити созанда, фазои сулҳу салоҳ, тинҷиву осудагӣ ҳукм меронад. Ҳар соли сипаригашта аз худ нақше мегузорад ва ҳар соли нав бо худ умеду ормонҳои нав меорад. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арафаи Соли нав ироа гардид, як навиди неку саривақтӣ буда, роҳнамо ва дастурамали ҳар як сокини кишварамон дар солҳои минбаъда ба ҳисоб меравад. Соли 2022 мардуми шарафманди тоҷик таҷлили 25-солагии ба имзо расидани Созишнома истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, 30-солагии Иҷлосияи XVI –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Бояд зикр намуд, ки санаи 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Халқи Тоҷикистон бо пайгирӣ аз Паёми Пешвои миллат бо умеду боварии комил ба Соли нави 2023 қадам мениҳанд. Дар заминаи дастуру ҳидоят ва дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз бо сарбаландиву сарфарозӣ бар он мекӯшад, ки Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо дар оғӯши сулҳу ваҳдат обод бошаду Истиқлолияти давлатӣ пойдор бимонад ва мардум зиндагии шоиста ба сар баранд. Соли 2023 низ дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо бо хатҳои зарҳалин сабт хоҳад шуд. Зеро дар ин соли таърихӣ мардуми шарафманди кишвар дар заминаи татбиқи сиёсати Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳад гардид. Соли нав барои мардуми кишвар соли таҳкими дастовардҳо, рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ, соли пурфайзу бобарор дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа гардад. Фарорасии Соли Нави мелодиро ба кулли ҳамватанон бори дигар самимона таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор, сарбаландӣ ва хонаободию хушрӯзгорӣ таманно мекунем.Соли Нави мелодӣ муборак!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *