Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ : Ободкорӣ мароми мост Шанбегии умумӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Бо мақсади тозаву озода намудани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ, дар Кумитаи иҷроия шанбегии умумӣ баргузор гардид. Ҳизбиёни шаҳр нисбат ба тозагии муҳити атроф бетараф нестанд, дар шанбегӣ иштирок намуда бо ин васила саҳми арзандаи худро дар тозагиву ободонии муҳити атроф саҳм гузоштанд. Боиси зикр аст, ки тозакории дастаҷамъона омили назофату покизагӣ буда, ба вазъи санитарию гигиенӣ ва экологии муҳити зист инчунин ба маърифати экологии сокинон таъсири мусбат мерасонад. Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *