Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: мулоқот дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ҶСК Даврон» оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат Имрўз санаи 27. 01. 2023 тибқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ҶСК Даврон» бо иштироки мудири шуъбаи тарғибот ва иттилоот – Алишер Мутрибов ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент – Қобилҷон Ҷалолов вохўриву мулоқот доир карда шуд. Зимни мулоқот муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ ба самъи ҳозирин расонида шуд. Ва ёдовар гардид, ки Паёми пешвои миллат барои ҳар як шаҳрванди кишвар дастури раҳнамо ва барои корхонаву ташкилоту муассисаҳо барномаи амал дар самти ҳарчи бештару хубтар фаъолият кардан ва саҳмгузор шудан дар рушди иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон дар доираи суҳбат оид ба иҷрои муқаррароти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи татбиқи амалии Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша карда шуд. Дар мулоқот таъкид гардид, ки бо шукргузорӣ аз фазои ором ва сулҳу истиқлоли Ватан бояд ҳар як фарди ҷомеа баҳри пешрафт ва шукуфоии кишвари маҳбуб ва дар камолоти маънавии насли ояндасози миллат саҳми арзандаи хешро гузоранд ва ҳамзамон дар самти пешгирии амалҳои коррупсионӣ қотеона мубориза баранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *