Рубрики
Асосӣ

СПИТАМЕН: Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ноҳияи Спитамен санаи 31 уми январи соли 2023 дар пояи ташкилоти ибтидоии Т.Ӯлҷабоев бо аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан ” дар ноҳияи Спитамен таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат роҳнамои ҷавонон ” мулоқот баргузор гардид.Дар мулоқоти мазкур Роҳбари намояндагии ТҶҶ ” Созандагони Ватан ” дар вилояти Суғд Мирмуллоев Назирҷон ва муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Муҳитдинова Умедахон иштирок ва суханронӣ намуданд. Сараввал мулоқоти мазкурро Муҳитдинова У ифтитоҳ бахшида ҳозиринро бо мавзӯъи мулоқот шинос намуд. Сипас оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ва пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоъӣ дар байни ҷавонон, иштироки фаъоли ҷавонон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷалби сокинони ноҳия барои кор дар Нерӯгоҳи Барқии Обии Роғун даъват ба амал оварда шуд. Дар итмом ба 20 нафар аъзоёни нав, ки баҳри шомил шудан ба сафи ТҶҶ ” Созандагони Ватан ” ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ” Созандагони Ватан ” дар вазъи тантанавӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *