Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Мулоқоти раис бо бонувони фаъоли шаҳр Панҷакент: Субҳи имрӯз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо занону бонувони фаъоли шаҳр мулоқот доир намуд. Мурод Шукурзода андешаҳои худро пиромуни масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, бедор намудани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, рушд ва дастгирии истеҳсолоти ватанӣ, рушди тафаккури инсонӣ, аҳамияти ҷиддӣ додан ба тарбияти фарзандон, омӯхтани фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, дастгирии қишри эҳтиёҷманди ҷомеа, аҳамияти саҳмгузории миллӣ дар рушди минбаъдаи давлатдорӣ ва ҳифзи ҳамешагии амну оромии кишвар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ибрози андеша кард. Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба нақши занон дар ҷомеа ва ӯҳдадориҳои онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии кишвар басо муҳим арзёбӣ карданд. Сухани интиҳоиро Мурод Шукурзода аз нақшу ҷойгоҳи зан дар ҷомеа иброз дошта, зан- модарро чароғи хонадон ва ҳастии зиндагӣ номид. Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *