Рубрики
Last News

МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮИ НАМУДИ ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ ҶАВОНДУХТАРОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисон дар ноҳияи Ашт санаи 22-юми феврали соли 2021 дар толори Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и ноҳияи Ашт мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди “Волейбол” дар байни ҷавондухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати шаҳраки Шайдон барои дарёфти Ҷоми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт оғоз гардида буд.

Нимаи дуюми рӯзи 24-уми феврал мусобиқа мазкур ҷамъбаст гардид, ки тибқи натиҷаҳои мусобиқаи волейбол дастаи Литсейи №2-и Ҷамоати шаҳраки Шайдони сазовори ҷои сеюм, дастаи Гимназияи №1-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон савори ҷои дуюм ва дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон сазовори ҷои якум гардида, ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қадрдонӣ карда шуд.

Рубрики
Last News

Соати сиёсӣ “Ҳифзи Ватан-қарзи шаҳрвандии мост”

         Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-уми ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тарбиявӣ” бо ҷалби ҷавонон бахшида ба ҷашни 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Пешвои миллат-поягузори Артиши милии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мавзӯи “Ҳифзи Ватан-қарзи шаҳрвандии мост” соати сиёсӣ доир гардид.

Рубрики
Last News

Боздид аз қисмҳоинизомӣ

          Ба ифтихори 28-умин солгарди таъсиси Қуваҳои Мусаллаҳи мамлакат  раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо кормандони масъули кумиҷроия, фаъолзанони ҳизб, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр аз қисмҳои ҳарбии мустақар дар ҳудуди шаҳр боздид намуд. Дар мулоқотҳо  афсарону сарбозон бо иди касбиашон табрик гуфта,  нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат оид ба мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани ҳушёрии сиёсӣ ва ҳимояи фазои сулҳу суботи ҷомеа шарҳу тафсир карда шуд. Барои сарбозон дастархони идона ороста, ба онҳо як маҷмӯъ таҷҳизоти рӯзгор тӯҳфа карда шуд.

Рубрики
Last News

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ҲХДТ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БО АҲЛИ ҶАМОАТЧИГИИ НОҲИЯИ АШТ

Санаи 24-уми феврали соли 2021 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мулоқоти намояндагони  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Мирзомуддинов Саидбек Идибекович ва Машарипова Наргиса Мисробовна бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Ашт бобати масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирони меҳнатӣ  ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот намояндаи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Мирзомуддинов Саидбек  оид ба фаъолияти кории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  Федератсияи Россия ва масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии бемории сироятии КОВИД-19, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна гуруҳҳои террористиву экстремистӣ суханронӣ намуд.

Ҳамзамон қайд намуданд, ки дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёне, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, барқарор намудани робитаи доимӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоту муаммоҳои онҳо аз ҷумлаи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  маҳсуб меёбад.

Инчунин аз шаҳрвандоне, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доранд, даъват ба амал оварда шуд, ки аз қонунгузории ин кишвар ва қоидаҳои ба расмият даровардани будубоши худ дар қаламрави он воқиф гарданд.

Рубрики
Last News

АЪЗОЁНИ ҶАВОНОНИ КИ ҲХДТ НОҲИЯИ АЙНИ ТАШАББУСКОРАНД

Бо иқдоми аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботӣ-ташфиқотии кумиҷроия, роҳбари ҳарбии МТМУ №28-и деҳаи Махшевади Ҷамоати деҳоти Фондарё Амирқул Қобилови ноҳиия Айнӣ бахшида ба 28- умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ҳарбӣ-Ватанпарастӣ доир карда шуд, ки толибилмони фаъол аз рӯи намудҳои турниккашӣ, брус ва гирбардорӣ, ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани яроқи таълимӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқуллода ва парафшон намудани Парчами меҳан баромад намуданд, ки писанди иштиррокчиёни чорабинӣ гардид.

Иштироркчиёни чорабинӣ аз ташаббускориҳои устодони муассиса изҳори хушнудӣ намуда аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки барои ҳифзи якпорчагӣ ва сулҳу суботи кишвари азизамон ҳамеша омода бошанд. Ҳеҷ гоҳ аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар канораҷӯи накунанд, зеро ба ҷуз шаҳрвандони ин миллати соҳибтамаддун ягон нафаре аз берун омада, фазои сулҳу суботро бароямон муҳайё намекунад.

Дар интиҳо раиси ташкилоти ибтидоии Махшевад ва аъзоёни он баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба баромадкунандагон маслиҳатҳои судманд дода, якчанд хонандагонро барои фаъолияти назаррасашон қадрдонӣ намуданд.

Рубрики
Last News

БА ВАТАН СОДИҚАМ

Бахшида ба 28- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имрӯз аз ҷониби волонтёрон ва гурӯҳи  “Созанда”-и ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳия баҳри ҷалби ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар дар тан либоси ҳарбиро ба бар намуда, бо ҳисси баланди Ватандӯстиву хештаншиносӣ дар ҳузури раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм,   ҷавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо аксия таҳти унвони “Ба Ватан содиқам” -ро доир намуданд.

Зимни баргузори аксия волонтёрон раиси ноҳия,  ҷавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияро бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шодбош гуфта, варақаҳои тарғиботӣ-табрикотии кумиҷроия ноҳиявӣ ва Шурои Марказии ташкилоти ҷамъияти ҷавонон “Созандагони Ватан”- ро тақсим намуданд. Аксияи тарғиботӣ- ташфиқотӣ бахшида ба 28- солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бомаром идома дорад.

Рубрики
Last News

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Бо мақсади дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тарбиявӣ”, гимназияи № 1 мизи мудаввар таҳти унвони “Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид. Суратгузориш аз ҷараёни чорабинӣ.

Рубрики
Last News

Аёдати ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ

Дар арафаи ҷашни 28-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам як қатор оилаҳои ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ аёдат карда шуданд.

Зимни аёдат Одилзода Рустам аз волидоне, ки фарзандонашон дар ҳимояи сохти конститутсионӣ ҷони худро фидо карданд, аҳволпурсӣ карда, ба муносибати 28-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд ва изҳор кард, ки давлату Ҳукумат хизматҳои шоистаи фарзандони бо шуҷоат, далер, қавиирода, бонангу номусро, ки ҷони худро барои озодии ватани худ дареғ надоштанд ҳеҷгоҳ фаромӯш намекунад.

Оилаҳои аёдат кардашуда шукронаи истиқлолияти кишварро намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои ҳамешагӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.      

Рубрики
Last News

Аксия таҳти унвони «Ба Ватан содиқам»

Имрӯз бахшида ба 28-солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия аксия таҳти унвони «Ба Ватан содиқам» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ҷараёни гузаронидани аксия кормандон аз номи роҳбарияти ҲХДТ мардуми ноҳияро бо Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрику муборакбод намуда, ба онҳо табрикномаи Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуданд.

Рубрики
Last News

Ба Ватан содиқем

          Субҳи  23 феврал- Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Қобилҷон Ҷалолов ҳамроҳи ихтиёриёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар кӯчаҳои шаҳр ба даҳҳо нафар номаи шодбошӣ тақдим намуда, онҳоро бо ин рӯз табрик гуфтанд.

           Ин чорабинӣ дар доираи аксияи “Ба Ватан содиқем” баргузор шуд, ки ба ифтихори рӯзи таъсиси нерӯҳои мусаллаҳи мамлакат Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб роҳандозӣ намудааст.   

           Ҳамчунин ба ифтихори ин иди ҷасорату ватандӯстӣ бо иқдоми Кумитаи иҷроия ва ҷалби соҳибкорон- аъзоёни фаъоли ҳизб , ба чандин оилаҳое, ки фарзандонашон ҳангоми адои қарзи фарзандӣ  ба хотири барқарор намудани сохти конститутсионӣ фавтидаанд, маводи хурока дастрас карда шуд.