Рубрики
Uncategorized

Мусобиқаи волейбол байни бонувон

Бо мақсади татбиқи самарабахши сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва варзиш дар ҷомеа, дарёфти истеъдодҳо, таҷлили Рӯзи Модар ва амалисозии Барномаи ҲХДТ дар толори варзишии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи волейбол байни бонувон баргузор гардида истодааст. Дар мусобиқаи волейбол донишҷӯ духтарони муассисаҳои олии касбӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои вилоят ширкат варзида барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд қувваозмоӣ намуда истодаанд. Санаи 05.03.21 мусобиқаи волейбол ҷамбаст мегардад.

Рубрики
Uncategorized

Зан мураббии инсон аст

Ин навбат барономаи “Назаре ба Оина”- ТВ Суғд ба Рӯзи модар бахшида шуд.  Дар барнома бонувони фаъол, собиқадорони хизмати давлатӣ, бонувони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, донишҷуён ширкат варзиданд. Барномаи мазкур бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гардида ҳадафи барнома тарбияи оилаҳои ҷавон, духтарон, тарбияи онҳо дар руҳияи меҳандустӣ, арҷгузори ба оилаву оиладорӣ, омузиши илм ва касбу ҳунар мебошад. Дар барнома бонувон иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави Тоҷикистон ва берун аз он ба мавқеи зан арҷ гузоштанро талқин менамоянд. Зеро зан-модар тарбиятгари насли инсоният буда, сарсабзӣ ва ободии рӯзгори аҳли башар ба занон алоқамандӣ дорад. Рӯзгордорӣ ва кору пайкори занон дар ҳама ҷода нишонаи матонату қавииродагии онҳост, ки таъмингари фардои дурахшон аст. Занони фаъол, собиқадорони хизмати давлатӣ, дар бораи зан-модар, аз ҳаёти фаъолияти меҳнатиашон ба ҷавонон нақлҳои ҷолиб  намуда, ҷавононро барои меҳнати софдилона баҳри  Ватан,   руҳбалад  намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Ҷалби духтарон ба таҳсил ва ҳунаромӯзӣ

Бо мақсади ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ва ҳунаромӯзии онҳо мудири шуъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо духтарони синфҳои болоии МТМУ √22 мулоқот доир намуд. Дар мулоқот қайд гардид, ки имрӯз дар кишвар барои таҳсил ва ҳунаромӯзӣ ҳама шароитҳо фароҳам омадааст, ки мисоли онро дар Квотаҳои Президентӣ, раванди шаффофи дохилшавӣ ба донишгоҳҳо тариқи ММТ аз ҷумла таваҷҷӯҳ ва имконотест, ки аз он бояд самаранок истифода бурда, дар оянда бо дониши мукаммал ва малакаи баланд ба Тоҷикистони маҳбуб хизмат бояд кард. Ҳамчунин дар мулоқот оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни духтарон аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавии занону духтарон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ маълумотҳо дода шуд.

Рубрики
Uncategorized

ҲАФТАИ ТАҚВИЯТИ КОРИ ДОХИЛИҲИЗБӢ

Ҷиҳати иҷрои фармоиши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти рақами №8 дар бораи “Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ” масъулини кумиҷроияи ноҳиявӣ баҳри ба низом даровардани корҳои дохилиҳизбӣ, самаранок пеш бурдани фаъолияти бахшҳо, ба тартиб даровардани китобҳои воридотӣ, содиротӣ ва бақайдгирии аъзоёни нав корбариро ҷоннок намуда, ҳамзамон барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ аз ҳисоби ҷавонон, занон, собиқадорон ва гурӯҳҳои “Созанда” , “Ватандор”, “Кибердружина” аз ҷониби муовини раиси КИ ва собиқадори ҳизб Ҷалолуддин Маҳмадшоев маслиҳатҳои судманд дода шуд.

Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ дар дигар ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроияи ноҳиявӣ бомаром идома дорад.

Рубрики
Uncategorized

МОДАР ЯКТОСТ – ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ тибқи барқияи КИВ таҳти рақами №20 ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва дарёфти хонандагони лаёқатманд дар байни якчанд муҳассилини зинаи сеюми таҳсилоти муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Модар яктост, Тоҷикистон яктост” – ро доир намуд, ки дар марҳилаи якуми он якчанд толибилмони муассисаҳои таълимӣ фаъолона ширкат варзида, доир ба мавзӯи пешниҳодгардида иншоҳои навиштаи хешро пешниҳоди гурӯҳи тафтишотии кумиҷроияи ноҳия намуданд.

Дар натиҷаи азназаргузаронии иншоҳои пешниҳодгардида, хонандагони МТМУ №14- Оқилова Табассум, МТМУ №46 – Муҳаммедова Ҳамроза, МТМУ №37 – Мавлудаи Ғайратшоҳ ҷиҳати банду басти ҷумлаҳо, пайдарҳамии фикр, хатти зебо, иҷрои талаботҳои имлоӣ, китобӣ ва услубӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Бо мақсади ҳавасманд намудани хонандагони фаъол, ки дар озмун сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, масъулини кумиҷроия ба муассисаҳои таълимии №14 ва №46 ташриф оварда, ғолибонро дар ҳузури хонандагон ва устодон бо Сипоснома ва туҳфаҳои таъсисдодаи кумиҷроияи ноҳиявӣ сарфароз гардониданд.

Зимни мулоқот бо хонандагон қайд карда шуд, ки мо имрӯз хуб дарк намоем, ки роҳи ягонаи амалӣ намудани мақсадҳои накӯ, пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди минбаъдаи кишвар танҳо тавассути омӯхтани илму дониш ва аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногун муяссар мегардад. Аз ин лиҳоз моро мебояд пайваста болои худ кор кунем, ба ҳар гуна ақидаҳои ҳуруфотии гурӯҳҳои иртиҷоӣ дода нашуда, пайи омӯзиш шавем. Зеро ояндаи миллат аз ҷавонони соҳибхираду ташаббускору созанда вобастагии калон дорад.