Рубрики
Uncategorized

Меҳвари фаъолияти ниҳодҳои ҳизбӣ

Иқдоми хеле хуб ва саривақтӣ буд ташкил гардидани курси бозомўзии раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки бо ташаббуси роҳбарияти олии ҲХДТ аз санаи 01.03.то санаи 06.03. 2021 дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи бошукўҳи «Кохи афсарон» таҳти унвони «Оиннома ва Барномаи ҲХДТ- меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар курси бозомўзӣ мо аз суҳбатҳои ҷолиби сиёсатмадорони варзидаи ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ва кормандони ботаҷрибаи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ баҳра бардоштем.

Дар оғози курси бозомўзӣ муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор доир ба зарурияти ин курс ва муҳтавою моҳияти барнома ибрози андеша намуд.

Ӯ таъкид дошт,ки омилҳои расидан ба рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагонии шоистаи мардум дар меҳвари барномаи ҲХДТ ва барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар амалисозии он мо ҳизбиён бояд саҳмгузор бошем. Таъкид гардид, ки ҳизбиён бояд дар иҷрои корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, қалби қувваи фаъоли ҷомеа ба сафи ҲХДТ, тарбияи кадрҳо, ба танзим даровардани ҳисоботҳои оморӣ ва молиявӣ, тақвияти сомонаи ҳизбӣ, якрўю якмаром будан дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, масъулиятшиносӣ, тибқи талаботи Оиннома ба роҳ мондани коргузорӣ ва такмили ҳуҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиддӣ муносибат намоем.

Дар курс Ёрдамчии Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаро, ки аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар бармеояд, шарҳу тавзеҳ дода иброз дошт, ки робита бо ҷомеа, бо халқ будан меҳвари фаъолияти ҳизбиён бошад. Дар ҷодаи баланд бардоштани маърифати ҷомеа бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани озмунҳои « Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон ватани азизи ман» ва озмуни нави «Илм –фурўғи маърифат» иқдоми хеле зарурӣ аст. Ин озмунҳо барои тақвияти донишандўзӣ, дарёфти истеъдодҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа ва дар замири мардуми мо коштани тухми меҳру муҳаббат, дустдорӣ ва эътиқодмандӣ такони ҷиддӣ мебахшанд. Дар ин самт низ ташкилотҳои ҳизбӣ бояд намуна бошанд.

Мо ҳизбиён бояд дар самти татбиқи дастовардҳои даврони истиқлолият, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат, сазовор пешвоз гирифтани санаи фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешсаф бошем.

Маърўзаҳои Презеденти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар мавзўи рисолати илм ва маориф дар таъмини рушди ҷомеа, давлат ва миллати тоҷик, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ дар мавзўи паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар заминаи таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, Прокуратураи генералӣ, Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазоратҳои мудофиа, корҳои дохила, маориф ва илм, Фарҳанг, Агентии назорати маводи нашъаовар, директори Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи АМИТ оид ба нақши азҳоби сиёсӣ дар таҳкими амнияти миллӣ, пешгирӣ аз таҳдиду ҳаракатҳои глобалӣ ва таъмини амнияти устувори миллӣ ва вазъи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он хеле ҷолиб ва муфид буданд.

Дар барнома оид ба такмили маҳорати роҳбарӣ, коргузорӣ, пешбурди корҳои ҳизбӣ, татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва сиёсатмадорӣ маърузаҳои муовинони Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода, роҳбари дастгоҳи КИМ Хонзода Абдураҳмон, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб Наимов Маҳмаддулло, Ҳабибзода Зоир, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов дар мавзуҳои тақвияти маҳорати сарварӣ ва ташаккули тафаккури миллӣ, таҳкими корҳои дохилиҳизбӣ- сарчашмаи муҳими фаъолияти Кумитаҳои иҷроия, ташкилоти ибтидоӣ- асоси ҳизб, истифодаи иноватция дар фаъолияти ҳизбӣ, нақши маркази матбуот ва таҷлилӣ дар таҳкими корҳои таблиғотию ташкилотӣ, танзим ва назорати молиявии Кумитаҳои иҷроия хеле арзишманд ва ба маврид буданд.

Курси бозомўзи барои кормандони масъули ҳизбӣ як давраи ба ҳам ошноӣ, шиносоӣ, табодули афкор, омўзиши таҷрибаи ҳамдигар ва дўстии байни минтақаҳои Тоҷикистон буд. Ҳамчунин боздид аз иншооти бузурги аср- НБО Роғун, , боздид аз Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, боғҳои Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва устод Рўдакӣ ва дигар мавзеҳои зебои маркази ҷумњурӣ, суҳбат бо роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар оид ба нақши Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон ва таҳкими қонуният дар ҷумњурӣ, иштирок дар консерти хотирмони Оркестри синфонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамошои намоиши хотирмон дар театри Аҳорун, суҳбату мулоқотҳо бо олимону зиёиён ва ҳунармандони барўманди кишвар хеле хотирмон буд.

Мо аз ин курси бозомўзӣ бо хотираи ҷолиб, таҳлили малакаи касбӣ, бардоштҳо аз таҷрибаи кории ноҳияҳои шаҳри Душанбе сайқали андеша баргаштем. Умедвор ҳастам, ки курси мазкур барои пешрафти корҳои ҳизбӣ, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Оиннома ба Барномаи ҲХДТ, пешбурди корҳои ҳизбӣ дар кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ, тақвияти маҳорати касбӣ ва роҳбарии раисони кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон такони ҷиддӣ бахшид.

Мурод Шукурзода- раиси КИ ҲХДТдар шаҳри Панҷакент

Рубрики
Uncategorized

«Об барои рушди устувор»

Дар асоси нақшаи чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки хонандагони синфҳои болоии МТМУ №27 дар мавзӯъҳои «Об манбаи ҳаёт», «Об барои рушди устувор» бахшида ба ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯрӣ доир намуданд.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Алимова Наргиза иштирок ва суханронӣ намуд.

Рубрики
Uncategorized

Сухан аз масъулияти волидон ва фарзандон

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки волидони хонандагон силсилаи мулоқоту сӯҳбатҳо оид ба иҷрои муқаррароти Қонун “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масъалаҳои марбут ба донишандӯзӣ ва тарбия баргузор мешаванд.

Аз ҷумла, чунин сӯҳбатҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 3, 31 ва 97 доир гардида, муовини раиси Кумиҷроия Парвина Тошева, мудирони шӯъбаҳои Кумиҷроия Бурсибой Лутфуллоев, Шерзод Раҳматов ва Мавлуда Тоҷиева талаботҳои қонуни мазкур, ҳамчунин ӯҳдадориҳои фарзандонро дар назди волидон матраҳ намуда, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба донишандӯзӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳи ваатандӯстӣ ҷалб намуданд ва хонандагоро даъват карданд, ки дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “ Илм- фурӯғи маърифат” иштирок намоянд.

Рубрики
Uncategorized

Ба пирони забун кун дастгирӣ

Дастгирии эҳтиёҷмандон, хайру саховат низ аз оинҳои неки ҷашни куҳанбунёди Наврӯз аст, ки имрӯз низ мардуми мо пос медоранд.

Дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз чун анъанаи ҳамасола раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо кормандони масъули Кумиҷроия ба аёдати як гурӯҳ шахсони собиқадор, бемор, кӯдакони ятим ва оилаҳои эҳтиёҷманд рафтанд.

Собиқадори меҳнат Ашӯрбой Ҷумъаев, ки чанд сол боз бемор аст, аз ин боздид ва муборакбодӣ бо иди Наврӯз изҳори шодмонӣ ва сипос намуд ва шукргузорӣ кард, ки кӯмак ба пиронсолон дар сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмсомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хоса дорад.

Ҳини боздиди наврӯзӣ ба даҳ оилаи эҳтиёҷманд ва кӯдакони ятим тӯҳфаҳои идонаи Кумитаи иҷроия, ки аз маводи ғизоӣ иборат буд, тақдим карда шуд.

Рубрики
Uncategorized

Наврӯз дар ташкилоти ибтидоии ба номи ” Энаҷон Бойматова”

Дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таҷлили бошукӯҳи иди Наврӯзи байналмилал бомаром ҷараён дошт. Чорабинии идона дар ташкилоти ибтидоии ба номи ” Энаҷон Бойматова”- и шаҳри Конибодом низ бо иштироки масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Масъулин бо пешниҳоди дастархони ҳафт сину ҳафт шин ва эҳёи анъанаҳои гузаштагон намоишҳои ҷолиб нишон доданд. Намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ масъулини муассисаи мазкурро бо оғози фасли зебоиву шукуфтанҳои баҳор ва ҷашни аҷдодии Наврӯз самимона шодбош намуд.

Рубрики
Uncategorized

Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризму экстремизм

Дар асоси нақшаи шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки васеъи хонандагони синфҳои болоии МТМУ №17 дар мавзуъи «Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризму экстремизм» вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Алимова Наргиза иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни баромад Алимова Н. оид ба рушди самтҳои асосии дохилию хориҷии мамлакат истода гузашта ҳар як соҳаи онро шарҳ дода, дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намуд.

Рубрики
Uncategorized

Табибон – нерӯи пешрави ҷомеа

Суннатҳои ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар сарзамини Тоҷикистон дар даврони солҳои истиқлолияти давлатӣ маҳз бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид. Аз ин ҷост, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил мегардад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани иди Наврӯз дар асоси нақша чорабиниҳо дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи Мирзосангин Қутфидинов чорабинии Наврӯзӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Эхсон Исоев ширкат варзида, ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати фарорасии ин иди аҷдодӣ табрику муборакбод намуд.

Аз ҷумла зик шуд, ки Наврӯзи бостонӣ таърихи беш аз панҷҳазорсола дошта, зуҳури онро муаррихон ба таваллуди шоҳ Каюмарс ва эҳёи Наврӯзро ба аҳди шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд.

Наврӯз яке ҷашнҳои бостонии мардумони эронинажод, аз ҷумла, тоҷикон буда, дар ҳазораи дуюми солшумории мелодӣ дар соли 2010 дар асоси пешниҳоди кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла, Тоҷикистон бо қарори созмони бонуфузи байналмилалӣ — Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид.

Оинҳои Наврӯз таҷассумгари ормонҳои башариянд ва дар ин росто он аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ эътироф шуд.

Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори сарсабз, эҳёи табиат, оғози корҳои кишоварзӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз буда, аз нигоҳи ситорашиносон, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сония соли нав фаро мерасад. Яке аз суннатҳои ҷашни ҷаҳонии Наврӯз- ин бахшоиши гуноҳҳо, аз дил дур намудани кинаву адоват, пирӯзии некӣ бар бадӣ, нур ба зулмот буда, дар маҷмӯъ, Наврӯзи ҷаҳонӣ тараннумгари саодати башарият аст.

Ҳамчунин, аз ҷониби намояндаи Кумиҷроия якчанд фаъолони ҳизб дар вазъияти тантанавӣ бо Сипосномаӣва тӯҳфаҳои Кумиҷроия сарфароз гардонида шуданд.

 

Рубрики
Uncategorized

Наврӯз – омили дӯстиву бародарӣ

Дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии“Шаҳраки Чоруқдаррон” вохӯрӣ бо иштироки фаъолони ҳизб, занону ҷавонон ва собиқадорон бахшида ба ҷашни Наврӯзи Аҷам баргузор гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён ҳозиринро бо ҷашни ҳумоюн шодбош намуда, дар бораи Наврӯз –омили дӯстиву бародарӣ ибрози сухан намуд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба аъзоёни навинтихоби ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Рубрики
Uncategorized

Мусобиқаи гӯштини миллӣ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон, арзишҳои миллӣ, таҳкими ғояҳои ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва барқияи Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти №9 аз 11.03.2021 бо ҳамҷоягӣ Мактаби варзишии шаҳр мусобиқаи шаҳрӣ оид ба намуди гӯштини миллӣ доир намуд. Дар маросими кушодашавии мусобиқа раиси Кумиҷроияи шаҳрӣ Муслимахон Ҷамолиён ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мутриба Бобоҷонова иштирок намуда, ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи Аҷам шодбош намуда, ба варзишгарон дар мусобиқа бурдбориҳо таманно намуданд. Дар мусобиқа наврасон ва ҷавонони соли таваллудашон 2004-2008 ширкат варзиданд. Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо медал ва дипломи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.

Рубрики
Uncategorized

Кӯмак ба ниёзмандон

Дар остонаи ҷашни Наврӯз ҷиҳати ҳадафмандона дастрас намудани кӯмаки иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва ниёзманд тибқи барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти №25 аз 10.03.2021 Кумиҷроияи шаҳри Гулистон кӯмак ба аҳли ниёзро ба роҳ монд.