Рубрики
Uncategorized

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шостаи кишвар дар арсаи байналмиллалӣ эътироф намуда, варзишгаронро, ки бо иштироки фаъолона соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ ва байналмиллалӣ мегарданд, дастгирӣ менамояд ва барои ҷалби сармояи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои варзишӣ талош мекунад.

Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наврӯзи байналмиллал дар деҳаи Сойча, маҳаллаи Чилламазори ҷамоати Ёва-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дастгирии Ҷӯрабоев Муҳаммадҷон – мураббии Каратэ – До, дорандаи камарбанди сиёҳ 1, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.

Дар маросими кушодашавии он вакилони МНМО ҶТ Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ ва Маҳмудзода Музаффар, муовини раиси ноҳия Турсунзода Дилоромхон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Анварзода Амирҷон ва раиси ҷамоати деҳоти Ёва Раҳматов Икромҷон иштирок намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Наврӯзи навбаҳорон бар кӯдакон муборак…

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии ҳамаи мост, ки ҷашни деринаи ниёгони мо – Наврӯзи хуҷастапай, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва пуштибонии як қатор кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз унвон карда шуд, дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла, Ватани азизамон-Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллал дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Сафедтеппа-1”-и ҷамоати Унҷӣ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Наврӯзи навбаҳорон бар кӯдакон муборак…” баргузор гардид. Намояндагони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ иштирокчиёнро бо фарорасии ин ҷашни аҷдодӣ табрик намуда, ба якчанд аъзоёни фаъоли ҳизб “Сипоснома”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супорида шуд.

Рубрики
Uncategorized

Аёдат бахшида ба Наврӯзи аҷам

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии оилаҳои ниёзмандро иқдоми нек дониста дар остонаи ҷашни Наврӯз якчанд оилаҳои камбизоат, яккаву танҳоро бо маводҳои хӯрока аёдат намуданд.

Рубрики
Uncategorized

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИИ ҲИЗБИЁНИ ХУҶАНДШАҲР ДАР МАҲАЛЛАИ РАЗЗОҚ

Шукӯҳу ҷалоли Наврӯзи оламафрӯз бо риояи оини миллӣ дар гӯшав канори ин кишвари наврӯзӣ идома дорад.

Дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд низ ҷашни Наврӯзи оламафрӯз бо шукуҳ таҷлил гашта истодааст. Чунончи дар чойхонаи “Сари санг” – и кумитаи маҳаллаи Раззоқи шаҳр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва фаъолони маҳалла тантанаи наврӯзӣ доир гардида, пиру барно бо оростани хони наврӯзӣ таблӣ шодӣ зада мужда аз мавсими киштукор мекарданд.

Чорабинии тантанавиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳусни оғоз бахшида, аз номи роҳбарияти олии ҲХДТ ва кумиҷроияи вилоятии ҳизб аҳли ҷамъомадагонро бо ин рӯйдоди бузург табрику таҳният намуд. Мавсуф дар баромадаш зикр намуд, ки файзи наврӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд ва дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол ранги дигар мегирад.

Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи шодбошии роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи ҳозирин расонида, баён дошт, ки бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз барои ривоҷи табодули фарҳанг, таҳкими сулҳу суботи халқҳо нақши муассир гузошта, барои муаррифии боз ҳам бештари фарҳангу тамаддуни мардуми ориёитабор мусоидат намуд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода ҳозиринро бо Наврӯз фархундпай аз номи Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон муборакбод намуда, афзуд, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ин ҷашни миллӣ дар рӯзгори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҷойгоҳи хоссаро соҳиб буда, тантанаи имсолаи наврӯзӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ки басо рамзи нек дошта, моро ба созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ мекунад. Дар ин радиф эълон гардидани 1300 рӯзи бунёдкорӣ бар манфиати кор аст.

Дар идомаи чорабинӣ ба ғолибони озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Модар яктост, Тоҷикистон яктост» ва фаъолони маҳалла дар вазъияти тантанавӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Аз ҷониби фаъолони Ташкилоти ҷамъияти ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд ба аҳли маҳалла ва иштирокдорони чорабинӣ номаи табрикотии наврӯзӣ тақсим карда шуд, ки саршор аз меҳр ва садоқат ба оини ватандорӣ мебошад.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо суруди “бойчечак” аз ҷониби толибилмони муассисаи таҳсимлоти миёнаи умумӣ рақами №27 оғоз гардида, ҳофизони Икром Исломӣ, Маҳками Баҳриддин ва дигарон табъи ҳозиринро бо сурудҳои марғуб шод намуданд.

Чорабинӣ то дергоҳ дар лавҳи хотири бошандагони маҳал боқӣ хоҳад монд.

Рубрики
Uncategorized

Наврӯзи ҳизбӣ дар Ҷамоати деҳоти Хурмӣ

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар Ҷамоати деҳоти Хурмӣ Наврӯзи ҳизбӣ баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода Мурод иштирок ва суханронӣ намуда, мардуми шарафманди Ҷамоати деҳоти Хурмиро бо Наврӯзи байналмилали муборакбод намуданд.

Зикр гардид, ки Наврӯз маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ гардида, имрӯзҳо дар сар то сари ҷаҳон иди Наврӯзро бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Дар идомаи чорабинӣ меҳмонон аз хони Наврӯзии деҳаҳои ҳудуди ҷамоат, ҳунарҳои мардумӣ, ки ба “Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида шуда буд, дидан намуда, ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд.

Ба иштирокчиёни фаъоли тантанаҳои Наврӯзӣ барои густурдани дастархони идона, намоиши ҳунарҳои пазандагию дузандагӣ, рақсу сурудҳои ҷолиб туҳфаҳои идона ва ба ғолибони мусобиқаи минтақавӣ оид ба футбол, ки байни Ҷамоатҳои деҳот доир гардида буд Сипосномаҳои Кумитаи иҷроия тақдим карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки барномаи идонаи консертии ҳунармандони Хонаи фарҳангии Ҷамоат хеле рангин ва хотирмон буд.

Рубрики
Uncategorized

Наврӯз дар ташкилоти ибтидоии ба номи Раҷаб Ҳамробоев

Нимаи аввали имрӯз бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ба номи Раҷаб Ҳамробоеви шаҳри Конибодом бахшида ба Наврӯзи байналмиллалӣ чорабинии тантанавӣ – фарҳангӣ бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Холматова Хуршеда ва мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Қобилов Аббос баргузор гардид. Зимни чорабинӣ Раиси ташкилоти ибтидоӣ Розиқзода Маҳмуд суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай табрик намуд. Баъдан, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Паёми шодбошии Раиси шаҳр Тӯхтасунзода Абдусаломро ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз ба самъи ҳозирин расонид. Сониян, намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб табрикоти роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодомро ба ин муносибат ба самъи иштирокдорон расонид.

Рубрики
Uncategorized

СУМАНАКИ НАВРӮЗИ ДАР КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ АШТ

Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб суманак бахшида ба иди Наврӯзи байналмилал, ки яке аз суннатҳои неки Наврӯз мебошад, дар роҳи хайру савоб дар иди Наврӯз анҷом дода, суманаки омодашударро ба оилаҳои ниёзманд ва яккаву танҳо аз ҷониби кормандон ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” тақсим карда шуд

Рубрики
Uncategorized

ШОДИШАРИКИ НАВРӮЗИИ “САРЧАШМА”

Дар доираи таҷлили ҷашн байналмилалии Наврӯз  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва мудири шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ аз Маркази тарбиявии кӯдаконаи “Сарчашма” дидан намуда, ҷомеаи меҳнатии ин муассиаро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз муборакбод намуданд.

Дар суханрониҳо зикр шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст. Аз ин рӯ, Наврӯз барои мардуми мо ҷашни ниҳоят муборак буда, дар моҳи Фарвардин, ки маънои пок, озода, қудсӣ ва муқаддасро дорад, таҷлил мегардад. Мо имрӯз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ Наврӯзро ҳамчун ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик бо самимият ва шаҳомати хоса таҷлил мекунем ва рӯҳи озодаи онро дар вуҷуди худ дубора эҳсос менамоем.

Ба бошандагони ин муассиса аз ҷониби кумиҷроияи вилоятии ҳизб тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Меҳмонон ҳамзамон аз чорабинии рангини фарҳангӣ дар иҷрои муҳассилини ин боргоҳ баҳраи беш бардоштанд.

Рубрики
Uncategorized

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз

Ҳамватанони азиз!

Хурду бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик мегӯям.

Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамчунин, ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад.

Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст.

Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.

Маҳз бо ҳамин сабаб ин падидаи асили фарҳангӣ ҳаргиз куҳнашавиро намепазирад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мемонад.

Ҳарчанд ки дар давраҳои гуногуни таърихи ташаккули худ ин ҷашн таҳти таъсири монеаву маҳдудиятҳои зиёд қарор гирифтааст, вале бинобар асолати табиӣ, арзишу аҳаммияти ҷовидонаи мардумӣ ва фалсафаи нерӯманд доштанаш зиндаву поянда монда, то замони мо расидааст.

Дар ҷаҳонбинии ниёгони мо Наврӯз таҷассуми пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва хубӣ бар бадӣ мебошад. Ва табиист, ки чунин суннати пурарзиши табиӣ ва инсондӯстонаву хайрхоҳона ба ҳеҷ гуна маҳдудият тобеъ намегардад.

Қобили зикр аст, ки ҳавзаи тамаддунии Наврӯз дар тӯли таърихи дуру дарози мавҷудияти он қаламрави минтақаҳои мухталифро фаро гирифта, фарҳанги халқу миллатҳои гуногуни оламро рангорангу ғанӣ гардонидааст.

Ва беҳуда нест, ки мардуми дунё ҳамдигарро бо ибораи зебои тоҷикии “Наврӯз муборак” таҳният мегӯянд.

Имрӯз мо бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки ба шарофати истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон Наврӯз – ин ойини бебаҳои аҷдоди худро эҳё кардем ва барои рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ заминаи мусоид муҳайё намудем.

Воқеан, Наврӯзи имсола дар кишвари мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон таҷлил мегардад, яъне баҳори имсола – баҳори истиқлол ва Наврӯзи он Наврӯзи истиқлол мебошад.

Бинобар ин, ҳамаи мо бояд корҳои ободониву бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ин ҷашни муқаддас вусъат бахшем, иҷрои нияту нақшаҳои созандаамонро таъмин намоем ва шаҳру ноҳияҳои кишварро боз ҳам обод созем.

Дар ин самт, хусусан, соҳибкорони ватандӯст ва дигар шахсони саховатпеша бояд беш аз пеш саҳм гузоранд, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоянд, иқтидори иқтисодии мамлакатро тақвият бахшанд ва барои ҳамватанонамон ҳарчи зиёдтар ҷойи корӣ таъсис диҳанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва бо дастгирии соҳибкорони бонангу номуси мо танҳо дар ҳафт соли охир дар кишвар беш аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 60 фоиз коҳиш ёфт.

Мо бояд минбаъд низ амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии кишвар, рушди соҳаи кишоварзӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави кориро вусъат дода, бо ҳамин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатиро паст намоем.

Дар ин раванд, зарур аст, ки фаъолияти марказҳои таълими калонсолон куллан беҳтар карда, шумораи ҳарчи бештари сокинони мамлакат ба омӯхтани касбу ҳунар фаро гирифта шаванд.

Аз замонҳои қадим дар байни мардуми мо таомуле роиҷ буд, ки тибқи он Наврӯзро бо сару либоси идонаи миллӣ, хонаву кошонаи тозаву озода ва маҳаллу деҳоти ободу ороста истиқбол мегирифтанд.

Бовар дорам, ки ин анъанаи нек дар байни мардуми мо, махсусан, соли ҷорӣ, яъне соли воқеан таърихии сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватанамон густариши боз ҳам бештар пайдо мекунад.

Ҳамчунин, бо эътимоди комил изҳор менамоям, ки кишоварзони шуҳратманди мамлакат ҳар рӯзи баҳорро самаранок истифода карда, барои ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ заминаи устувор мегузоранд.

Хотирнишон месозам, ки баҳор фасли зудгузар мебошад.

Тибқи пешгӯии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ соли 2021 барои мардуми сайёра яке аз солҳои вазнинтарин ва ҳатто ҳалокатбор хоҳад буд.

Дар чунин шароит мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем ва нагузорем, ки мардуми мо аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ танқисӣ кашанд ва муҳтоҷи дигарон шаванд.

Ман ба кишоварзон ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ як ваҷаб замин доранд, муроҷиат карда, даъват менамоям, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ кишти зироатҳоро сари вақт анҷом диҳанд, аз як замин ду – се ҳосил рӯёнанд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоиро зиёд намоянд.

Дар ин самт, зарур аст, ки барои бо маводи ғизоӣ боз ҳам беҳтар таъмин намудани ҳар як оила заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ низ самаранок истифода карда шаванд.

Хусусан имсол, ки таъсири пандемияи коронавирус, буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ ва натиҷаи манфии он – болоравии нархҳо ва камчин гардидани маводи ғизоӣ ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла ба Тоҷикистони мо низ идома дорад, ҳар як сокини кишвар бояд ба ин масъала эътибори аввалиндараҷа диҳад.

Дар ин ҷода ба тамоми кишоварзони мамлакат, соҳибкорони бонангу номус ва кулли сокинони кишвари биҳиштосоямон барори кор ва муваффақият мехоҳам.

Ҳамватанони азиз!

Солҳои охир дар байни мардуми мо ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар арафа ва айёми иду ҷашнҳо шахсони дорои имконияти мусоид ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони эҳтиёҷмандро дастгирӣ менамоянд ва дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир мекунанд.

Дар робита ба ин, ба соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсоне, ки имконияту шароит доранд, хотирнишон менамоям, ки дар шабу рӯзҳои наврӯзӣ низ масъалаи расонидани кумаку дастгириро ба чунин шахсон фаромӯш насозанд.

Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва кулли мардуми сарбаланди кишвар як нуктаро такроран хотиррасон месозам: мову шумо ҳаргиз фаромӯш накунем, ки давлати соҳибихтиёр ва Ватани соҳибистиқлол дорем, яъне Ватан аз мост ва бурду бохташ низ аз мост.

Пас, биёед, ҳама муттаҳиду сарҷамъона заҳмат кашем, мушкилоти иҷтимоии халқамонро бартараф намоем, сатҳу сифати зиндагии мардумамонро баланд бардорем, Ватани маҳбубамонро обод кунем ва обрӯи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшем.

Бори дигар тамоми мардуми шарифи кишварро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан ва ҳамватанони бурунмарзӣ тандурустӣ, комёбӣ, бахту саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона ва пешрафту дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Рубрики
Uncategorized

НОМАИ табрикотии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз

Ҳамдиёрони азиз,

Ҳамсафони гиромӣ!

Фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷамро, ки беш аз шашҳазор сол инҷониб чун рӯзи офариниши олам, эҳёи табиат, иди баҳору меҳнат ва дӯстию рафоқат, ҳамчунин сари соли нави шарқию оғози мавсими кишту кор ҷашн гирифта мешавад, аз номи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд табрику муборакбод мегӯям.

Наврӯзи сабздомани имсола  дар чунин айёме меҳмони азизи мост, ки мардуми сарбаланди кишвар ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талоши зиёд доранд.

Кишвари азизи мо – Тоҷикистон сарзамини хуршедӣ ва як гӯшаи биҳишти рӯи замин аст, ки бо қадами мубораки Наврӯз ба гулистон табдил ёфта, бо ҷомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафоро ҳадя меорад.

Дар сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст. Бузургӣ ва умри тӯлонию бегазанди Наврӯзро Сарвари давлатамон бо муҳаббат ва эҳтироми зиёд таъкид кардаанд: «Ҷашни Наврӯз, ки зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад, дар замири худ ҷавҳари некӣ, накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ, покизагии руҳонӣ ва ҷисмонӣ, созандагию бунёдкориро дорад».

Воқеан, дар замони Истиқлолияти кишвар таҷлили ҷашни Наврӯз рангу бӯи тоза гирифт. Он шукӯҳу шаҳомати давраҳои пурбортарин ва саршортарин густариши давлатдориву тамаддуни тоҷиконро бо накҳати тоза, бо ҷилваи тоҷикона аз нав барқарор намуд.

Шоистаи зикр аст, ки бо ибтикорот ва саъю талоши Пешвои муаззами миллат Наврӯз чун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, ба равнақу ривоҷи дӯстию бародарии байни миллатҳо, эҳтироми ҳамдигар, таҳкими сулҳу созгории халқҳо нақши арзанда мебозад.

Ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳифз кардани мероси фарҳанги миллӣ, васеъ тарғибу ташвиқ  намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро Барномаи амали худ дониста, дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани мероси моддиву маънавии халқи тоҷик пайваста саъю талош меварзад.

Маврид ба зикр аст, ки Наврӯзи оламафрӯз бо қадамҳои нек ва бахосияти худ боварӣ ва эътимодро ба ояндаи дурахшони ҷомеа қавитар мегардонад, ба қалбу рӯзгори мардум суруру ангезаи муҳаббат мебахшад.         Ниёгони сарбаланди мо Наврӯзро бо шодиву хуррамӣ ва тантанаи бузург истиқбол намуда, беҳтарин орзую умед ва таманниёти хешро ба он вобаста мекарданд, баҳри ояндаи дурахшон ва созандагиву бунёдкорӣ нақшаҳо тарҳрезӣ менамуданд. Аз ҷумла сокинони ваҳдатшиори вилоят бо ҳидоятҳои Сарвари давлат ва хизматҳои назарраси Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳнати садоқатмандона кору пайкор доранд.

Дар чунин фасли накӯву зебо таманнои онро дорам, ки баҳори сабзу тар ва меҳрпарвар ба корҳои Шумо авҷу барор ва ба хонадонатон сарсабзиву сарбаландиҳо оварад, дастархонатон пур аз нозу неъмат бошад ва ҳамеша мисли баҳори нозанин хурраму сарсабз бошед!

Таманнои онро дорам, ки ин ҷашни зебои ниёгон барои ҳар як узви ҷомеа сиҳатию саломатӣ, рӯзгори тинҷу осуда, иқболи нек, бахту саодат, хонаи обод ато созад.

Наврӯзатон фирӯз, ҳар рӯзатон Наврӯз бошад, дӯстони азиз!