Рубрики
Uncategorized

Тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ дар Осоишгоҳи Баҳористон

Дар доираи чорабиниҳо дар самти тақвияти фаъолияти дохилиҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиистон дар шаҳри Гулистон аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осоишгоҳи Баҳористон” дидан намуда, доир ба бартараф намудани камбудиҳо дар самт ҳуҷраи ҳизбӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ дастуру супоришҳои зарурӣ доданд.

Рубрики
Uncategorized

ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН

Дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”-и ноҳияи Шаҳристон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба гуселонидани наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабини аз ҷониби ТҶҶ “Созандагони Ватан” парчами ҳизбӣ ва давлатӣ парафшонда шуд. Маросими гуселонидани наваскаронро Раиси ноҳияи Шаҳристон ва Сардори комиссариати ҳарбии ноҳия бо суханони табрикӣ ифтитоҳ намуда, ба даъватшудагон шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим намуданд. Роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, волидайни наваскарон собиқадорони ҳифзи ҳуқуқ , наваскаронро ба хизмати Ватан сарбаландона гусел намуданд.

Рубрики
Uncategorized

“НАДОНИСТАНИ ҚОНУН АЗ ҶАВОБГАРИ ОЗОД НАМЕНАМОЯД”

Зери чунин унвон дар ташкилоти ибтидоии “Бунҷикат ” –и ноҳияи Шаҳристон маҷлиси ибтидои оид ба тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор карда шуд.

Зимни баргузории мулоқот бо аъзоёни фаъол дар толори МТМУ №9 Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Рустам Қодирӣ таъкид дошт, ки мо моҳият ва талаботи қонуни мазкурро риоя намуда, барои иҷроиши он дар маҳал ва баланд бардоштани сатҳу зинагии мардум саҳм гузорем ва барои пешрафти зиндагии шоистаи мардум арҷ гузорем.

Рубрики
Uncategorized

Гусели ҷавонон ба хизмати Ватан

Санаи 2 апрели соли 2021 дар назди Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов маросими гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар маросими гусели даъватшавандагон раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилот, кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия, падару модарон, аъзоёни намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.

Раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам дар чорабинӣ мазкур иштирок ва баромад намуда, оид ба таърихи ташкилёбии Артиши Миллӣ ва ташаккулёбии ҷузъу томҳои он, шароити хизмати ҳарбӣ, қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард дар назди Ватан – Модар ибрози андеша карданд. Ҳамчунин, ба ҷавонони ноҳия софдилона ва сарбаландона адо намудани хизмати Ватанро таманно намуданд.

Дар охир барномаи фарҳангии ҳунармандони ТИ ҲХДТ

Рубрики
Uncategorized

ДИЛ МЕШАВАД ШУКУФОН АЗ КӮЧАҲОИ ВОРУХ

Имрӯз Ворух сари забонҳост ва он натанҳо мафҳуми номи як деҳа, балки ифодагари ваҳдату якдилӣ ва ҳамбастагии сокинони ҳама манотиқи Тоҷикистон дар атрофи сиёсати сулҳҷӯёна ва таҳаммулпазиронаи Пешвои миллат ҳам гаштааст.

Ҳоло, ки сару садоҳо атрофи ин минтақаи сарҳадии мамлакат зиёд аст, бо тасмим ва роҳнамоии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ва ноҳиявии вилоят аз Ворух дидан карданд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро биҳишти рӯи замин унвон кардаанд. Сафари мо ба Исфара ва ҷамоати деҳоти Ворух инро бори дигар собит намуд. Боғҳои ғарқи гули зардолу, майсаи наврустаи киштаҳо, дашту кӯҳҳои сабзпӯш дилу дида мерабоянд.

Муҳимтар аз ин, ба рағми ҳама сару садоҳо дар ҷамоати деҳоти Ворух, ки 33 ҳазор нафар ҳаммилатони мо маскун ҳастанд, ҳама ба кору бори ҳамарӯза- кишту кор, ободкориву созандагӣ машғул ҳастанд. Ворухиёнро мо чун дар дигар манотиқи мамлакат меҳмоннавозу хайрхоҳ, хушмуомилаву дидадаро ва хушсухан дарёфтем. Бо гаштугузор дар деҳа, сӯҳбат бо кишоварзону омӯзгорон, соҳибкорон, бинокорон дар кӯчаю майдонҳо ва коргоҳҳояшон ба дилу нияти нек, ҳиммати волои онҳо бори дигар тан додем ва аҳсант хондем.

Тавре ба мо гуфтанд, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо бунёди иншооти таъиноти гуногуни таълимию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ симои ин гӯшаи биҳиштосои мамлакат боз ҳам зебою ороста шудааст. Ин бунёдкориҳо, ки аксарашон аз ташаббусу иқдоми шоистаи соҳибкорони ватандӯст ва ҳимматбаланди Ворух маншаъ мегирад, ҳоло ҳам идома доранд ва ҳини боздид мо ба ин шоҳид ҳам шудем. Ҳамроҳони мо муддате ба бинокорони хати оби нӯшокӣ, Майдони Парчам, Кохи фарҳанг, варзишгоҳ, боғи фарҳангу фароғат, муассисаи таълимӣ дар хиштчинӣ, омода намудани маҳлули бетон, андова, тахту ҳамвор кардани саҳни иншоот дастёрӣ намуда, боиси таҳсини онҳо ҳам шуданд.

Воқеан, сокинони Ворух ва дар маҷмӯъ шаҳри Исфара дар соҳибкорӣ низ муваффақ ҳастанд ва бо талоши онҳо ҳоло меваи хушки ин диёр дар Руссия ва дигар давлатҳои Аврупо харидори зиёде пайдо намудааст. Онҳо пайваста барои ободии диёрашон саҳм мегузоранд ва коргоҳҳои зиёди истеҳсолию иҷтимоӣ низ сохтаанд. Порина, ҳангоми хуруҷи бемории вогири коронавирус соҳибкорони Ворух ба зодгоҳашон маҷмӯи калони дорувор ва таҷҳизоти тиббӣ фиристода буданд. Ҳол низ даҳҳо иншоот бо саҳмгузории онҳо бунёд карда мешавад. Сано мегӯем ба чунин соҳибкорони ватандӯст!

Ҳангоми бозгашт аз байни боғҳои гулбасари Исфара мегузаштему мулоқоту сӯҳбатҳо бо сокинони хушодобу самимӣ ва меҳнатдӯсти Ворух пеши назарамон меомад. Мо дар маркази ин деҳаи зебоманзари марзии кишвар ба сохтмончиёни сутунпояи Парчами миллӣ низ дастёрӣ кардем. Ин парчам дар Ворух – ин марзи муқаддаси Ватан, абадӣ парафшон хоҳад монд.

Мурод Шукурзода,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рубрики
Uncategorized

Ҳизбиён ҳисобот медиҳанд

Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент маҷлисҳои ҳисоботӣ аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи аввали сол оғоз шуданд.

Аз ҷумла, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён, ки 123 нафар ҳизбиёнро сарҷамъ менамояд, давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар самти тарғиби ҳадафҳои барномавии ҳизб, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии макмлакат, сафарбар намудани ҳизбиён ба корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом додаанд. Ҳамчунин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ коргузорӣ, таҳияи санадҳои зарурӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ин бора ба ҳизбиён раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Илёс Исмоилов ҳисобот дод.

Чунин ҷаласаҳои ҳисоботӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии коллеҷи омӯзгорӣ, идораи обу ташноб, ҷамъияти матлубот, ҷамоатҳои деҳот баргузор шуданд.

Кумитаи иҷроия рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбеи ҳар ҳафтаро рӯзи кор бо ташкилотҳои ибтидоӣ эълон намудааст ва дар ин замина барои беҳдошти фаъолияти онҳо пайваста кӯмак расонида, маслиҳатҳои судманд дода мешавад.

Рубрики
Uncategorized

“Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ”

Тақвияти кори дохилиҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо маром идома дорад. Ҷиҳати иҷрои фармоиши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 1- уми феврали соли 2021 таҳти рақами √8 дар бораи “Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ” масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод баҳри ба низом даровардани корҳои дохилиҳизбӣ, самаранок пеш бурдани фаъолият ва ба низом даровардани ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корбариро ба роҳ монданд. Масъулон аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “КДФ БММҒ ” ва “Муассисаи давлатии варзишӣ”-и ноҳия дидан намуда, ҷиҳати пешбурди кори ташкилот дастуру маслиҳатҳои судманд додаанд.

Рубрики
Uncategorized

КИТОБ САРЧАШМАИ ДОНИШ АСТ

Дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бахши фарҳанг” кушодашавии фестивали Ҷумҳуриявии ҳафтаи китоби наврасони Тоҷикистон таҳти унвони “Китоб сарчашмаи дониш аст” ифтитоҳ гардид. Дар маросими тантанаи кушодашавии фестивал раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр ва мудири шуъбаи тарғибот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Омӯзиши фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк”

Дар доираи чорабиниҳо дар самти тақвияти фаъолияти дохилиҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиистон дар шаҳри Хуҷанд  аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ба номи “Амонатбонк”  дидан намуда, доир ба бартараф намудани камбудиҳо дар самти ороишоти ҳуҷраи ҳизбӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ дастуру супоришҳои зарурӣ доданд.

Рубрики
Uncategorized

Корҳои тақвияти дохилиҳизбӣ идома дорад

     Ҷиҳати иҷрои фармоиши Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти № 8 аз 1 феврали соли 2021 дар  бораи “Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ” бо мақсади вусъат бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дирӯз мудирони  шуъбаҳои  ҷавонон ва шуъбаи занони кумиҷроияи шаҳрӣ аз ташкилоти ибтидоии “Тавонбахш” дидан намуд.

Зимни азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо ба роҳбарияти ташкилоти ибтидоии мазкур дастур дода шуд, ки бобати ба низомдарории ҳуҷҷатҳо, насби овезаю шиорҳо, саривақт баргузории ҷаласаҳои ташкилот, соатҳои сиёсӣ, ҳаракати аъзо ва ҷалби аъзо корҳоро боз ҳам ҷоннок намоянд.