Рубрики
Uncategorized

Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Тибқи нақша чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади пеш бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати иҷрои барқияҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 15.03.2021 таҳти №28 ва 16.03.2021 таҳти №32 вохӯрӣ баргузор намуданд.

Баромадкунандагон оид ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», пешгирии ифратгароиву терроризм, муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон, хоса ҷавонон дар самти мубориза бар зидди коррупсия, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ташкилёбии Артиши миллӣ ва ташаккулёбии чузъу томҳои он, шароити хизмати ҳарбӣ, қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард дар назди Модар-Ватан, ҳамчунин ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID-19 суханронӣ намуданд.

Рубрики
Uncategorized

“Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”

Дар асоси нақшаи чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки омӯзгорони МТМУ №40 корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷихати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.02.2021, №АП-43 дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва дар мавзӯъҳои «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ», пешгирии хушунат дар оила, пешгирии суиқасд ба ҷони худ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Умарзода Б. иштирок ва суханронӣ намуд.

Рубрики
Uncategorized

Ҷавонон-насли ояндасози миллат

Имрӯз гар ҷавонем дар орзуи фардо,

Имрӯзи мо ба номи фардо пур аз ҷавонист.

Бале, имрӯз ҷавонон ба ояндаи неки Ватан таҳкурсӣ мегузоранд, бо пиндору рафтор ва гуфтори нек, ки аз гузаштагони барӯмандамон ба мо мерос мондааст.

Воқеан, дар ҷомеае, ки пояҳои маънавиёт устувор аст, ҷавонон аз анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд мегарданд. Хоса, имрӯз, ки саду як манбаи иттилоот ба онҳо дастрас аст. Дар моварои ин иттилоот оё ҷавонони мо метавонанд истодагарӣ намоянд, сараро аз носара ҷудо созанд? Ин саволест, ки созмонҳои ҷавонон, аз ҷумла шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”- ро машғул медорад.

Дар ин самт мо бо ҷавонон зиёд кор мебарем, бо онҳо мулоқоту сӯҳбатҳо анҷом медиҳем. Ҷавонони зиёдеро чун ихтиёриёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба чорабиниҳо, ҳамоишҳо ҷалб менамоем. Онҳо бо камоли майл дар ин корҳо иштирок меварзанд.

Баъзан меандешам, ки оё ин амри дилу нияти онҳо аст ва ё аз рӯи маҷбурият дар ин чорабиниҳо иштирок меварзанд? Ин пеш аз ҳама ба сатҳи омӯзишу парвариш ва маърифати онҳо вобаста аст. Агар мо, оила, мактаб, литсей, донишкадаю донишгоҳ тавониста бошем, ки қимату арзиши ватандӯстӣ, масъулият барои ояндаи ин ҷомеаро дар дили онҳо ҷой намоем, хуб аст, дар акси ҳол фиреби назаре беш нест.

Арафаи Рӯзи модарон мо хостем амалеро роҳандозӣ намоем. Субҳи барвақт ба бонувон- кормандони муассисаи манзили коммуналии шаҳр, ки ба тозаю тамиз кардани кӯчаҳои шаҳр мебароянд, аз номи Кумитаи иҷроияи ҳизб гулу тӯҳфаи идона тақдим намуда, онҳоро бо идашон табрик гӯем. Ба ихтиёриёни ТҶҶ “ Созандагони Ватан” муроҷиат кардем. Гуфтем иштирок ихтиёрӣ аст, касеро маҷбур намекунем. Хушбахтона, соати 6-и субҳ ҳамаи онҳо ҷамъ омаданд, бонувони тозакорро табрик гуфтем, ба онҳо дастёрӣ кардем. Сарашон ба осмон расид аз ин табрикоту гулу тӯҳфаҳо.

Ба назарам иштироки ҷавонон дар чорабиниҳо ҳамин гуна донистаю огоҳона сурат гирад, хуб асту ба дилу нияти онҳо созгор.

Ҳоло дар бораи ба ақоиди гуногуни ифротӣ ва хурофотӣ гаравидани ҷавонон бисёр мегӯянд. Агар мо ҷавононро хуб тарбия намоем, фарқи сиёҳу сафедро ба онҳо фаҳмонем, кӯлвори онҳоро бо донишу маърифат пур кунем, ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намераванд.

Ватан, забони модарӣ, ҳуввияти миллӣ, истиқлол арзишҳое ҳастанд, ки барои ҳар шахси худшинос арзиши баланд доранд ва мо талош мекунем ин арзишҳо барои наврасону ҷавонони мо низ азиз бошад.

Пешвои муаззами миллат аз ҷавонон ҳаминро мехоҳанд

Ман давоми рӯзгори рафтагонам,

Ман нишони одамони бенишонам.

Ман ба ҳар як аскари азёдрафта,

Ёдгори бегазанди ҷовидонам.

Ман ҷавонам, ман ҷавонам, ман ҷавон!

Қобилҷон Ҷалолов,

мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони

КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент.

Рубрики
Uncategorized

Боздид аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва панҷшанберо рӯзҳои боздид аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ эълон кардааст.

Дар ин рӯзҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроия аз ташкилотҳои ибтидоии вобасташуда боздид намуда, ба онҳо дар ташкили ҳуҷҷатгузорӣ, роҳандозии тарғиботи ҳизбӣ ёрии методӣ мерасонанд.

Дар доираи ин нақша ҳафтаи ҷорӣ мудирони шӯъба ва дигар кормандони Кумитаи иҷроия аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии литсеи касбӣ- техникӣ, донишкадаи омӯзгорӣ, бахши омор, шӯъбаи фарҳанг, ҷамоатҳои деҳоти Халифа Ҳасан, Хурмӣ ва дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ боздид намуда, ба онҳо дар роҳандозии кори ҳизбӣ маслиҳатҳои судманд доданд.

Рубрики
Uncategorized

Тарбияи ҷавондухтарон мароми мост!

Мутобиқи нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар коллеҷу литсейҳо ва муассисаҳои таълимии шаҳр бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва зуроварӣ дар оила, паст намудани шумораи ҷудошавии оилаҳои ҷавон, фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ, тарғиби либосҳои миллӣ, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” , “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва дигар масоили рӯз бо иштироки ҷавондухтарон ва наварӯсон мулоқоту сӯҳбатҳо ба роҳ монда шуда, ин навбат санаи 31.03.2021 дар коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом чунин мулоқот гирди мизи давр ҷараён гирифт. Дар мулоқот Раиси Шӯрои собиқадорони кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Тӯраева Муаззама, мудири бахши САҲШ-и шаҳр Зоҳидӣ Фирӯза, намояндаи шӯъбаи кор бо занони МИҲД-и шаҳр Шарипова Ҳилола ва муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова иштирок ва бобати масъалаҳои болоӣ табодули афкор намуданд. Мулоқот озоду самимӣ сурат гирифта, ҷавондухтарон ба суолҳои хеш посухҳои лозима гирифтанд. Дар назар аст, ки чунин вохӯриҳои тарбиявӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот низ ба роҳ монда шавад.

Рубрики
Uncategorized

Муттаҳидиву якдилӣ мароми ҳизби мост!

        Дар идомаи чорабиниҳои тарғиботии масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом рӯзи гузашта мулоқоти мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Қобилов Аббос бо аҳли ҷамоатчигии Литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳр баргузор гардид. Зимни мулоқот намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба марому Барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сиёсати оқилонаи Пешвои миллат ва амалишавии Қонунҳои миллӣ ибрози афкор намуда, дар ин радиф қайд намуд, ки ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳиду якдилӣ буда, мардумро сарҷамъ намудан атрофи сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат аз муҳимтарин маромаш аст. Дар ин ҷода иштирокдорони мулоқот низ табодули афкор намуданд. Дар фарҷом ба чанде аз кормандони муассиса шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Рубрики
Uncategorized

Таъсиси ташкилоти ибтидоии “Кӯчаи калон”

Дар КИИ ҲХДТ минтақаи Ёва боз як ташкилоти ибтидоӣ бо номи маҳаллаи “Кӯчаи калон” таъсис ёфт. Мудири шӯъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солиева Муяссар бо кормандони Кӯдакистони № 4 мулоқот доир намуда, бори дигар онҳоро бо ҳадафҳои Оинномаву Барномаи ҲХДТ шинос намуда, аъзоёни ҳизбро даъват ба амал овард, ки ба ғояҳои ҲХДТ содиқ, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ масъулиятшинос буда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзанд. Дар охир ба якчанд нафар аъзоёни тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.