Рубрики
Uncategorized

ОБ – МАНБАИ ҲАЁТ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич тибқи нақша-чорабинии таҳиягардида аксия дар мавзӯи «Об-манбаи ҳаёт»-ро ташкил намуд. Ҷиҳати фаҳмонидани муҳимтарин равандҳои биологӣ, ҷуғрофӣ ва геологии об дар шаҳраки Ғончӣ гардиши хона ба хона гузаронида шуда, ҳангоми баргузории гардиши хона ба хона доири ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи об сӯҳбат гузаронида шуд. Қайд карда шуд, ки 93 фоизи Ватани маҳбуби мо Тоҷикистони соҳибистиқлолро кӯҳсор ташкил намуда, имрӯзҳо дар дунё дар масоили сарфа ва тоза нигоҳ доштани об соҳиби обрӯву нуфузи зиёд гардида истодааст. Кӯҳҳо, ки манбаи асосии оби тозаанд, сарвати асосии Тоҷикистон мебошанд. Зеро дар ҳудуди Тоҷикистон бештар аз 947 дарёҳои калону хурд вуҷуд доранд. Боиси хурсандӣ ва мояи ифтихор аст, ки Тоҷикистонро ҷаҳон чун кишвари биҳиштосо, ҳамешасабз, манбаи обҳои ширину табобатӣ, боду ҳавои фораму тоза ва ҷойҳои таърихӣ шинохтааст. Пешниҳоди Сарвари хирадманди мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доири аҳамияти муҳими ҳаётии об, истифодаи оқилона ва мавқеи калони об дар ҳаёти кулли сокинони саросари ҷаҳонро ба эътибор гирифта, Солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» эълон карда шудааст. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич гузаронидани силсилачорабиниҳо таҳти унвони «Об- манбаи ҳаёт» идома дорад.

Рубрики
Uncategorized

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА ВА РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАВҚЕИ ОНҲО

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич тибқи нақша-чорабинии таҳиягардида санаи 26- уми соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши занон дар ҷомеа ва роҳҳои баланд бардоштани мавқеи онҳо» доир намуд. Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ҷиҳати нақши фаъоли занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо дар аксари соҳаҳо, бахусус дар бахшҳои иҷтимоӣ қайд карда гузаштанд. Ҳамчунин дар мизи мудаввар қайд карда шуд, ки саҳми занону бонувон дар рушди соҳаҳои илму маориф бисёр арзишманд мебошад, ки зиёда 73 фоизи онро занону бонувон ташкил медиҳад. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Иштирокчиёни мизи мудаввар иброз намуданд, ки мо занону бонувон Ватани зебоманзару биҳиштосои худро сидқан дӯст медорем, шукронаи ин обу хоки диёри маҳбубамонро мекунем ва онро аз хатару таҳдидҳо ҳифз намуда, барои ободиву сарсабзии он саъю талош намуда, рисолату вазифаи бошарафи худро сарбаландона иҷро менамоем. Ҳамзамон фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллии умумибашарӣ тарбия менамоем. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»ва ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ бештар ҷалб гардидани онҳо фаъолияташро вусъат мебахшад.

Рубрики
Uncategorized

МАШВАРАТИ КОРИИ КОРМАНДОНИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Имрӯз дар толори  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд машварати кории Раиси Кумитаи иҷроия Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо кормандон баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон баён  намуд, ки  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва аъзои он фаъолияти худро мутобиқи дастуру раҳнамоиҳои – Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муҳтарами ҳизбамон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, барои расидан ба ҳадафҳои хеш талошу кўшиш ба харҷ дода истодаанд. Раиси Кумитаи иҷроия Исмоилзода Зуфар Муртазохон кормандонро вазифадор намуда таъкид намуд, ки баҳри вусъат бахшидани ҷараёни  сохтмони бинои ҳизбӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Истаравшан, Гулистон, Ҷаббор Равсулов, ташкили қитаъи замини ёрирасон дар назди кумиҷроияҳо, кор бо ташкилотҳои ибтидоӣ, саривақт доир намудани соатҳои сиёсӣ, иҷроиши нақша ва барномаҳои ҲХДТ пурмасъул бошанд. Мавсуф баҳри вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ ташивқоти оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, таълимоти ғайри динӣ, даъвати ҷавонон ба сафи артиш миллӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, омодагӣ иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳури ва вилоятӣ, баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолият ба аҳли кормандон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар анҷоми машварат  Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба кормандон барору комёбиҳо таманно намуд.

Рубрики
Uncategorized

ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ БА ИФТИХОРИ 35 СОЛАГИИ РӮЗИ ЁДБУДИ БАРТАРАФКУНАНДАГОНИ САДАМАИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИ АТОМИИ ЧЕРНОБЕЛ

Субҳи имрӯз дар  майдони “Ғалаба” – и шаҳри Хуҷанд  дар назди лавҳаи Бартарафкунандагони садамаи нерӯгоҳи барқи атомии Чернобел бо иштироки намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд, Кумитаи иҷрояи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд,, ташкилоти ҷамъиятии “Сипари Сулҳ”, ТҶ “Ҳоми Ваҳдат”,  ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятии  вилоят дар назди  лавҳа гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи қурбониёнро пос доштанд.

Рубрики
Uncategorized

110-СОЛАГИИ ШОИРИ ЗИНДАЁД МИРЗО ТУРСУНЗОДА

    Бахшида ба 110 – солагии шоири ширинкалом Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар ташкилоти ибтидоии ба номи “Рустамов” -и шаҳри Хуҷанд чорабинии  адабӣ – фарҳангӣ  баргузор гардид, ки дар он Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффор раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва шоирону бонувони фаъоли ҳизби шаҳр иштирок намуданд.  

     Дар рафти чорабинӣ аз тарафи толибилмони муассиса  аз ашъори Мирзо Турсунзода шеър қироат карда , саҳнаҳо  аз лаҳзаи ҳаёти шоир пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Рубрики
Uncategorized

Вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи “Чорчароғ”

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, аз қабили ҷиноятсодиркунӣ  байни наврасону ҷавонон, ҳамроҳ нашудан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ  ва гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, пешгирии паҳншавии бемориии сироятии Ковид -19 ва фаҳмонидани буду бош дар Федератсияи Руссия мулоқоти озод бо сокинони кумитаи маҳаллаи “Чорчароғи шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Дар вохӯрӣ раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Себзор №7” Наим Маликисломӣ, намояндагони Маркази назорати санитарию эпидимологии шаҳри Хуҷанд, хадамоти муҳоҷират ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд ширкат ва суханронӣ намуданд.

Рубрики
Uncategorized

“Китоби Тоҷикон шиносномаи миллат”

Дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли деҳаи Сафедтеппа бо кормандон ва ҷавонони синфҳои болоии Сафедтеппа соати сиёсӣ таҳти унвони “Китоби тоҷикон шиносномаи миллат” баргузор гардид. Дар соати сиёсии мазкур Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Муҳитдинова Умедахон ва мутахассиси омории кумитаи иҷроия Абдурахмонова Меҳрангез, намояндаи ташкилоти ибтидоии истиқлол Бобоқулов Акмал иштирок  намуданд.   Масъулин оид ба  аҳамияти таърихии китоби ”Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва нақши бузурги Бобоҷон Ғафуров дар барқарор сохтани таърихи халқи тоҷик,  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифроти гуфта гузашт. Сипас ба 10-нафар омӯзгорони ҷавонон, ки баҳри аъзо шудан ба сафи ҳизб ариза пешниҳод намуда буданд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.   

Рубрики
Uncategorized

Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод

          Имрӯз боз  дар ду муассисаи калони таълимии  шаҳри Панҷакент бо баргузории маҳфилҳои ҷолиб ,  иштироки омӯзгорону хонандагон, аҳли зиё , кормандони шӯъбаи маориф ва фаъолони ташкилоти шаҳрии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро бо барномаҳои ҷолиб таҷлил намуданд.

          Дар литсеи № 1-и шаҳр бо ибтикори маъмурият ва омӯзгори варзида Бахтиёр Султонов хонандагон дар заминаи достони машҳури шоир – “Ҷони ширин”,  саҳнаи хотирмонеро таҳия намуданд, ки мақбули ҳозирин гашт.

          Омӯзгорону хонандагони МТМУ №15, ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бошанд барномаи таҷлили зодрӯзи устод Мирзо Турсунзодаро аз гузориш дар бораи рӯзгору осор, қироати шеъру достонҳои машҳури шоир, саҳначаҳо аз рӯзгори ӯ, байтбарак, сурудҳо ба ашъори ин шоири тавоно мураттаб кардаанд.

         Ба устодону хонандагони таълимгоҳ  мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мавлуда Тоҷиева барои таҳияи чунин барномаи ҷолиб  сипос гуфта,  Мирзо Турсунзодаро чун вассофи зан- модар ва сулҳу дӯстии халқҳои ҷаҳон муаррифӣ намуд.

         Чунин маҳфилу  нишаст ва конфронсҳои адабӣ ба ифтихори ҷашнвораи ин шоири тавоно ва муаррифгари миллат дар  ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр бо иштироки фаъолони ҳизб баргузор мешаванд.

Рубрики
Uncategorized

ИҚДОМИ РАМАЗОНИИ ҲИЗБИЁН

Бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ва сарпарастии аъзои фаъоли ҳизб Абдуғанӣ Шарифов – соҳибкори сахиву хайрхоҳ, Шамсимаҳмад Орифов – узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва Искандар Қобилов – директори филиали ҶСК “Бонки Эсхата” дар ноҳияи Мастчоҳ дирӯз, 25 оилаи ниёзманд аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аёдат карда шуданд.

Дилшод Зокиров, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб зимни амалӣ намудани ин иқдоми неки рамазонӣ аз ғамхориҳои ҳамешагии Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати маъюбону ятимон ва камбизоатону дигар қишри ниёзманди ҷомеа ёдоварӣ намуда, таъкид кард, ки КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ барои татбиқи сиёсати иҷтимоии Давлату Ҳукумат ва ҳадафҳои Барномавии ҳизб мунтазам ташаббусҳои хайриявиро баргузор мекунад.

Ба ҳамаи аёдатшудагон маводи ғизоӣ ва маблағҳои пулӣ ҳамчун туҳфаи рамазонӣ тақдим карда шуд.

Рубрики
Uncategorized

Муттаҳидиву якдили мароми ҳизби мост!

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо як гуруҳ шифокорони  беморхонаи бачагонаи шаҳр мулоқот ороста шуд. Зимни мулоқот намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Қобилов Аббос доир ба марому Барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сиёсати оқилонаи Пешвои миллат ва амалишавии Қонунҳои миллӣ ибрози афкор намуд. Ҳамчунин, дар ин радиф қайд намуд, ки ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳиду якдилӣ буда, мардумро сарҷамъ намудан атрофи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муҳимтарин маромаш аст.

Дар фарҷом ба шифокорон шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.