Рубрики
top pay day loan

КОНИБОДОМ: МУЛОҚОТ БО ШИФОКОРОН

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом зимни мулоқоту вохӯриҳои худ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва муссисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев бо шифокорони Маркази саломатии деҳоти Раҷаб Ҳамробоев мулоқот оростанд. Зимни суханронии худ намояндагони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба дар меҳвари асосии сиёсати давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор гирифтани соҳаи маорифу тандурустӣ ва таваҷҷӯҳу ғамхориҳои ҳамешагии роҳбари давлат нисбат ба кормандони соҳа ибрози афкор намуданд. Ҳамчунин, дар раванди мулоқот доир ба нақши кормндони соҳаи тандурустӣ дар солимгардонии ҷомеа ва саҳми ин қишри ҷомеа дар мубориза алайҳи бемории сироятии коронавирус ибрози андеша сурат гирифт.Дар фарҷом ба чанде аз кормандони муассиса шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд

Рубрики
top pay day loan

КОНИБОДОМ: ҶАВОНОН, МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом мулоқоти масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоати деҳоти б номи Раҷаб Ҳамробоев доир гардид. Зимни мулоқот намояндагони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба саҳми ҷавонон дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.Ҳамчунин, зимни мулоқот доир ба таваҷҷӯҳу ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва иқдомҳои саривақтии Пешвои миллат дар самти беҳтар намудани шароити зисти ҷавонон, бо таҳсил ва касбу кор фаро гирифтани ҷавонон ва ба варзишу тарзи ҳаёти солим ҳидоят сохтани ин нерӯи бузурги фардосоз ибрози афкор сурат гирифта, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамеша манфиатҳои давлату миллатро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоранд ва дар ҷавоб ба ғамхориҳои роҳбари давлат барои рушду нумуи кишвар ҷидду ҷаҳд намоянд.

Рубрики
top pay day loan

КОНИБОДОМ: МУЛОҚОТ ДАР ҲОШИЯИ АМАЛИШАВИИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ

Дар идомаи чорабиниҳои тарғиботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом мулоқоти масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо омӯзгорони муассисаи таълимии №10-и деҳаи Кӯчкаки ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев доир гардид. Зимни мулоқот намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бобати амалишавии Қонунҳои миллӣ аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози афкор намуданд. Дар раванди суханронии худ намояндагони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ва нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро дар тарбияи дурусти насли ҷавону наврас арзишманд арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, зимни мулоқот доир ба вайрон гардидани меъёрҳои қонунҳои мазкур аз ҷониби баъзе афрод қайд гардид.

Рубрики
top pay day loan

КОНИБОДОМ: “СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ”- КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОР

Дар идомаи чорабиниҳои тарғиботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар радифи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мулоқоти масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо омӯзгорони муассисаи таълимии №51-и деҳаи Кӯчкаки ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев доир гардид. Зимни мулоқот масъулин доир ба иқдоми Пешвои миллат дар самти эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ибрози афкор намуда, дар ин ҷода ин иқдоми роҳбари давлатро дар самти аз нав эҳё гардидаани ҳунарҳои мардумӣ, омода намудани даҳҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани садҳо инфрасохторҳои соҳаи сайёҳӣ арзандаи таҳсин арзёбӣ намуданд.

Рубрики
top pay day loan

КОРҲОИ ТАРҒИБОТИЮ ТАШВИҚОТӢ

Гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар байни аҳолии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бобати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаҳо, тоза намудани гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ, таъмиру сафолакпӯш намудан, пешгирии бемориҳои сироятӣ истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил аз ҳар як ваҷаб замин, истеҳсолу захира кардани миқдори зарурии маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар оила, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҷиҳати сарфаю саришаткории маводи озуқаворӣ мунтазам мулоқоту вохӯриҳо ва гардишҳои хона ба хона ташкил намуда меояд. Санаи 27.05.2021 дар Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳия гурӯҳи кории КИ ҲХДТ дар ноҳия аз рафти истифодаи самарноки замини наздиҳавлигии сокинон ва корҳои ободонию бунёдкории онҳо бахшида ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30 –солагии Истиқлолияти давлатӣ боздид ба амал оварда, зимни ташриф оиди Истиқлолият ва азизу муқаддас нигоҳ доштани ин дастоварди бузурги миллат ибрози андеша намуданд.

Рубрики
top pay day loan

РӮЗҲОИ ҲИЗБ

Бо мақсади тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, мубодилаи таҷриба бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 25-26 майи соли равон дар шаҳри Панҷакент “Рӯзҳои ҳизб” баргузор гардид. Раисони КИ ХХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тибқи нақшаи корӣ аз фаьолияти якчанд ташкилотҳои ибтидоии КИ ХХДТ дар шаҳри Панҷакент дидан намуданд.

Рубрики
top pay day loan

АЙНӢ: “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ – ИФТИХОРИ МАН!”

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ оид ба баланд бардоштани масъулияти аъзои ҳизб, муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, мувафиқати ному насаб, рақами шаҳодатнома бо рақами бақайдгирии аъзои ҳизб, аз қайд гузаштани аъзоҳо дар муддати 5 (панҷ) сол, дар доираи амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ аз ташкилотҳои ибтидоии “Барқчӣ” ва “Ҷангалпарвар”-и назди кумиҷроия дидан намудан.

Дар ҷараёни азназаргузаронӣ, кормандони кумиҷроия баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ба котиботи ташкилотҳо маслиҳатҳои судманд дода, оид ба бандҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳаракатҳои номатлуб, бурдани дурусти корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ, сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ибрози назар намуда, аз раисони ташкилотҳои ибтидоӣ даъват ба амал оварданд, ки барои беҳтар ба роҳ мондани корҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва иҷрои 11 – банди амалиёти дар болозикргардида, чораҳои судманро роҳандозӣ намоянд.

 

 

 

Рубрики
top pay day loan

АЙНӢ: ДАВРИ МИНТАҚАМИИ “ФУРУҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни “Фуруғи субҳи донӣ китоб аст” рушди ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, пайвасти хонандагон ба илм ва истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагон ва дигар қишрҳои ҷомеа ба мутолиаи китоб, инчунин, дарёфти истеъдодҳои нав, дар маҷлисгоҳи МТМУ №19 бо иштироки хонандагони муассисаи таълимии №19-и деҳаи Сангистон ва №8- и деҳаи Зоосуни Ҷамоати деҳоти Айнӣ, озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардид.

Дар озмун масъулони кумиҷроия, роҳбарияти муассиса, волидон ва устодони муассасаҳои таълимӣ иштирок намуда, оид ба аҳамиятиозмуни мазкур дар рушди маънавиёти инсон суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки эълон шудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” боис гашт, ки мардуми тоҷик, хоса толибилмон ба китобу китобхонӣ руй оваранд.

Боиси зикр аст, ки озмуни мазкур бо иштироки якчанд нафар хонандагони фаъол, аъзоёни хурди эҷодии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳия баргузор гашт, ки аз он беҳтаринҳо ба даври минтақавӣ роҳхат меёбанд. Умед аст, ки ғолибон ба даври ноҳивию ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша, озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то нимаи дуюми моҳи ноябр ташкил ва гузаронида мешавад.

Рубрики
top pay day loan

ГУЛИСТОН: РИОЯИ ҲАТМИИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД»

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тарбиявӣ”, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-уми маркази шаҳр, дар мавзӯъҳои риояи ҳатмии Қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ӯҳдадориҳои падару модар ва фарзанд «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дастовардҳои 30-соли Истиқлолияти давлатӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ бо иштироки ҷавондухтарону ҷавонписарон мизи мудаввар ташкил ва баргузор намуд.Дар мизи мудаввар мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон – Муяссар Раҳимова, мудири бахши омор- Мадина Шодиева, мутахассиаси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Санабар Носирова, собиқадори ҳизб – Норӣ Қаҳорова иштирок намуда, сӯҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ монда, оиди масъалаҳои баёншуда фикру ақидаҳои худро иброз намуданд.

Рубрики
top pay day loan

ХУҶАНД: Чорабинии идона: «30 сол-ҳамсоли Истиқлол»

Дар ташкилоти ибтидоии “Гулчини маърифат” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Рўзи ҷавонон чорабинии бошукуҳи идона таҳти унвони “30 сол-ҳамсоли Истиқлол” бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба мо хабар доданд.

Чорабиниро раиси ташкилоти ибтидоӣ Матлуба Муинова ҳусни ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Самараи неки Истиқлол аст, ки имрўз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулххоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.Ҷавонон бошанд, қувваи пешбаранда, созанда ва фаъоли ҷомеа маҳсуб меёбанд.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ва дигарон иштирок ва суханрони намуданд.

Сипас барномаи фарҳангӣ-бадеии театрикунонидашуда “Таърих гувоҳ аст’ аз тарафи аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо композитсияи бадеии суруди “Ватан”, бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои замони Истиқлол, рақсу сурудҳо ва саҳнаҳои ҷолиби диққат дар мавзуи Ватану ватандорӣ, мактаб ва ҷавон бо маҳорати хосса пешкаши ҳамагон карда шуд. Ҳамчунин, дар охир дар зери партавафшонии Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон савгандёдкунии ҷавонон шунида шуд.

Иштироки санъаткори мумтоз Толиб Исмоилов чорабиниро рангину ҷаззоб намуд.

Дар охир таҳти суруди “Ҷавонӣ” хатмкунандагон аз ҷониби муассиси муассисаи таълимии “Гулчини маърифат” Мақсуд Зиёбоев бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки чорабинии фарҳангӣ, ки тараннумгари сулҳу дўстӣ, ифтихори миллӣ ва ватандорист, басо хушу хотирмон гузашт.