Рубрики
Uncategorized

АШТ: АЁДАТИ МОДАРИ 85-СОЛА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт,  бо дастгирии вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, модари 85-сола, собиқадори меҳнат Пулотова Саида, ки дар сохти конститутсионӣ аз фарзандаш маҳрум гаштааст аёдат  ва дидорбинӣ ба ҷо оварда шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Хушнуд Каримзода   зимни аёдат модари мушфиқу ғамхор, собиқадори меҳнатро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, рӯзгори ободу осоиштаро орзу намуд.

Ҳамзамон, ҳангоми суҳбат Пулотова Саида шукрона аз озодиву Истиқлолият, пешрафту ободии кишвар карда, бо дасти дуо дар ҳаққи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуои нек намуд. Инчунин, аз ин иқдом болидахотир гардида, изҳори миннатдорӣ баён кард.

Рубрики
Uncategorized

ИСФАРА: МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ШАҲРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

         Маҷлиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара баргузор гардид. Дар маҷлис аъзоёни Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, Раисони КИИ ва ТИ иштирок намуданд.

Дар маҷлис ҳисоботи муовини  раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Ҷӯраева Гулафзо . вобаста ба рафти иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Анҷуманҳо, маҷлисҳои КИМ ҲХДТ ва КИВ ҲХДТ дар робита ба масоили ташвиқотиву тарғиботӣ бармеоянд ва ҳисоботи мудири бахши рушди сайёҳии МИҲД-и шаҳри Исфара- Эгамзод Муртазо Машрафӣ вобаста ба пешбурди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Исфара мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ  С. Ёдгорӣ  ва М. Назаров ҷиҳати пешбурди соҳаи  сайёҳӣ, ҷалби сокинони шаҳру деҳот ба бунёдкориву созандагӣ ибрози андеша намуданд.

Дар охир аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шащри Исфара  оид ба беҳбудӣ бахшидан ба корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, рафти иҷроиши обуна ба рӯзномаҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” таклифҳо пешниҳод дода шуданд.

Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Саломатӣ – дар дасти худи Шумост!

      Ҷиҳати  пешгирии бемории сироятии  COVID-19 тарғиботчиёни КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо усули “кӯча ба кӯча” корҳои фаҳмондадиҳиро идома доданд.

      Зимни сӯҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 мулоқот намуда,  дастонро мунтазам бо собун шустан, тариқи дастфишурӣ салом накардан, истифодабарии ниқобҳои тиббӣ умуман риояи қоидаҳои беҳдоштиро тавсия доданд. Дар поёни корҳои тарғиботӣ Муроҷиатномаи ҲХДТ ба шаҳрвандон дастрас карда шуд.

Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: ҲУНАРМАНД ҲАР ҶО БУВАД САРФАРОЗ!


Дар доираи эълон доштани “Солҳои 2019-2021 ҳамчун соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо чанде аз ҳунармандони бомаҳорат мулоқот доир намуда, ин навбат чунин мулоқот дар хонадони ҳунарманди шинохта, гирандаи Гранти Раиси вилояти Суғд дар соли 2018, зане, ки дастонаш гулро мемонанд – Барно Ҳисомова ҳамсӯҳбат шуда, оиди асрори ҳунарварии ӯ пурсон гардидем. Зимни суҳбат бо мо мавсуф қайд намуд, ки беҳтарин лаҳзаҳои умрашро ба гулдузию бофандагӣ, сохтани гулҳои рангорангу офаридани нақшҳо дар рӯи матоъ сарф мекунад. Ин шуғлашро беҳтарин ва дустдоштатарин меҳисобад. Гулҳои бофта ва тахайюлоти зебояш чорабиниҳои шаҳриву ҷумҳуриявиро ранги дигар бахшидаанд.

Рубрики
Uncategorized

Хуҷанд: Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба “Бобоҷон Ғафуров” баргузор гашт

Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба “Бобоҷон Ғафуров” дар назди кумитаи маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Аминҷон Шарифзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Маликисломӣ Наим Мунаввар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва фаъолони ҳизб баргузор гашт.

Дар ибтидо, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба “Бобоҷон Ғафуров”, профессор Ҷамшед Ҷӯразода Ҳабибулло доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба “Бобоҷон Ғафуров” дар назди кумитаи маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд давоми ду соли охир ҳисобот дода, баён намуд, ки ҳоло дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба номи «Бобоҷон Ғафуров» дар назди кумитаи маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳри Хуҷанд 2047 нафар аъзои ҳизб дар 16 ташкилоти ибтидоӣ ба қайд гирифта шуда, аз теъдоди умумии он 747 нафарро аз ҳисоби омӯзгору ҳайати профессорон ва корманди ёрирасон, 12 нафар корманди хоҷагӣ ва 1298 нафарро донишҷўён ташкил медиҳанд.

Гуфта шуд, ки аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ дар таҳия ва нашри асару мақолаҳои илмиву оммавӣ ва таълимӣ низ нақши арзишманд дошта, давоми ду соли охир 325 номгӯи асар рӯи чоп омад. Аз ҷумла, 74 китоби дарсӣ, 97 дастури таълимӣ ва таълимӣ-методӣ, 82 монография ва 72 маҷмӯаи мақола мебошад, ки ҳамаи он доир ба соҳаи илму маориф ва дигар самтҳои афзалиятнок нигаронида шудааст.

Илова бар ин профессор Ҷамшед Ҷӯразода гуфт, ки давоми ду соли охир 25 нафар аъзои ташкилоти ибтидоӣ барои дастовардҳои назаррас ва хизматҳои шоиста дар назди халқу Ватан бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадр гардиданд: 3 нафар бо медали “Хидмати шоиста”, 1 нафар бо Ордени “Шараф” дараҷаи 2, 1 нафар бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар бо ифтихорномаи Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 10 нафар бо медали 25 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 1 нафар бо ҷоизаи Раҳим Ҷалил, 1 нафар бо унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, 1 нафар бо Ҷоизаи вилоятии ба номи Бобоҷон Ғафуров, 1 нафар бо Ҷоизаи байналмилалии Озарбойҷон ва 1 нафар бо ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар идома фаъолон ва намояндагони кумиҷроияи вилоятию шаҳрии ҳизб ба музокира баромада, доир ба фаъолият ва мароми ҳизб ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти он ибрози назар намуда, зикр доштанд, ки Раиси муаззами ҲХДТ як нуктаро ҳамеша таъкид мекунанд, ки узви Ҳизби Халқии Демократӣ будан натанҳо ифтихору шараф, балки масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба сафи ҳизб шахсонеро ҷалб намоем, ки пеш аз ҳама, ба Ватану миллат содиқанд ва ҳадафҳои барномавии ҳизбро эътироф менамоянд.

Дар идома фаъолон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуданд.

Рубрики
Асосӣ

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд.

Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:

– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Қирғизистон;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии кадрии Ҷумҳурии Қирғизистон;

– Ёддошти тафоҳум дар соҳаи сиёсати ҷавонон байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон;

– Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии миллии иттилоотии Қирғизистон “Кабар”.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26047

Рубрики
Асосӣ

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ карданд, ки сафари расмии Сарвари давлати ҳамсоя ба Тоҷикистон барои рушди тамоми соҳаҳои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Зимни музокирот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ гардида, инчунин перомуни рӯзномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо барои роҳ надодан ба пайдоиши низоъҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро зарур донистанд. Дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон пешниҳод гардид, ки масъалаи мазкур бо дарназардошти манфиатҳои ду кишвар ва ҳалли масоили бамиёномада танҳо тавассути роҳҳои осоишта ва усулҳои сиёсию дипломатӣ ҳал карда шавад.

Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба кӯшишҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра, аҳаммияти баргузории мунтазами Мулоқотҳои машваратии Сарони давлатҳо, ки ба ташаккули фазои нави ҳамкорӣ дар минтақа мусоидат мекунанд, қайд карда шуд.

Вобаста ба рушди муколамаи байнидавлатӣ ҷоннок кардани фаъолияти механизмҳои мавҷуда, аз ҷумла кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, зарур шумурда шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба зарурати роҳандозӣ намудани робитаҳои байниминтақавии ду кишварро бо дарназардошти имкониятҳои кофӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маҷмааи агросаноатӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо, истифодаи захираҳои об, идомаи ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар самти амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатҳои интиқоли нерӯи барқ, аз ҷумла сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ CASA-1000, баррасӣ карданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё ва дигар ташкилоту форумҳои байналмилалӣ, баррасӣ гардид.

Дар охири мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳмоннавозӣ ва пазироии гарм изҳори сипос намуда, аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмии ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф оранд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26043

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз табиати нотакрори Тоҷикистон

Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон Садир Жапаров бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.

Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ Сарони давлатҳо табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффоро тамошо карданд.

Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ – муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямон мебошад.

Манбаъ:  http://www.president.tj/node/26035

Рубрики
Асосӣ

Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар Тоҷикистон

28 июн Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

29 июн маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26039

Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: АРҶГУЗОРӢ БА ДИЛОВАРИҲО ВА МЕҲНАТИ ШОЁНИ ФАРЗАНДОНИ СОЛЕҲИ ВАТАН

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар арафаи таҷлили 24-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҷиҳати иштирок дар маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоӣ ба ноҳияи Зафаробод ташриф овард.

Дар ҷараёни сафар раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ аҳли хонаводаи сокини Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев Бахтиёр Юляхшиевро, ки солҳои даргириҳои шаҳрвандӣ ба хотири суботи имрӯза шаҳид гардидааст, аёдат намуд. Дар сӯҳбат бо пайвандон аз матонату ҷонфидоиҳои Бахтиёр Юляхшиев ёдоварӣ карда шуда, хотираи ин шаҳиди Ватан варақгардон шуд. Бояд қайд намуд, ки ба хотири гиромидошти фарзанди фидоии Ватан дар шаҳраки Суғдиёни Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев МТМУ № 15 номи Бахтиёр Юляхшиевро гирифтааст.

Дар идома собиқадори соҳаи маориф устоди Коллеҷи политехникии ноҳия Ҳоҷиқурбонов Ҳоҷиқурбон, ки зиёда аз 45 соли фаъолияти худро дар тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун масраф кардаанд, аёдат карда шуда, ба устод саломатию муваффақиятҳо ва даврони саодатбори зиндагӣ таманно карда шуд.

Инобар Қосимова-собиқадори соҳаи кишоварзӣ фотеҳи дашти Мирзочӯл, механизатори варзида, имрӯз ба синни мубораки 85 расида, дар ҳалқаи фарзандон даврони пирӣ меронанд. Ин модари мушфиқ ва диловари майдони корзор, ки замоне бо машинаи пахтачинӣ дар мавсим аз 200 то 300 тонна пахта мечид, аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З М аёдат гардида, дар рафти сӯҳбат меҳнату диловарии эшон ба насли имрӯза мактаби бузург ва намуна арзёбӣ гардид. Собиқадорон бо шукргузорӣ аз иқдоми ҳизбиён миннатдорӣ намуда, сулҳу субот, ваҳдати комил ва зиндагии шоистаи имрузаро аз бахти баланди сокинони Тоқикистон ва фидокориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб донистанд.