Рубрики
Uncategorized

ОЗМУНИ «Машғулияти беҳтарин», «Айвончаи беҳтарин» ва «Гурӯҳи беҳтарин»

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич  бахшида ба таҷлили  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ ва оммавию варзиширо доир намуд. 

        Аз ҷумла, санаи 31.05.2021 бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» бахшида ба Рӯзи байналмиллалии кӯдакон дар муассисаи таълимии томактабии рақами 1-и  маркази ноҳия озмуни «Машғулияти беҳтарин», «Айвончаи беҳтарин» ва «Гурӯҳи беҳтарин» гузаронида шуд. 

        Дар озмун мураббияҳои 19 гурӯҳҳои амалкунандаи МТТ №1 ширкат варзида, ба ғолибони озмун туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич  супорида шуданд.

        Санаи 01.06.2021 дар Касри фарҳанги ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон маҷлиси тантанавӣ ва барномаи консертии тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии томактабии ноҳия баргузор гардид.

        Инчунин дар ҳамкорӣ бо вакилони мардумӣ ва ташкилоти ибтидоии «ТҶ Мақсад» ба кӯдакони маъюбу бепарастор, ятимони кулл ва нимятим аз оилаҳои ниёзманд бахшида ба ин санаи хотирмон дастурхони идона ташкил карда шуда,  ҳамзамон онҳо бо тӯҳфаҳои идона  сарфароз гардонида шуданд. 

          Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии Деваштич аъзоёни фаъоли ТҶ «Созандагони Ватан» аксия таҳти унвони «Кудакон гулҳои зиндагии мо мебошанд» гузаронида шуда, дар он варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд.

          Инчунин тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бахшида ба ин санаи хотирмон байни кӯдакони маъюб мусобиқаҳои варзишӣ, ба монанди шашкаю шоҳмот  ташкил  ва гузаронида шуданд.

Рубрики
Uncategorized

МУЛОҚОТ ДАР ҲОШИЯИ АМАЛИШАВИИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ

Нисфирӯзии 31.05.2021 дар идомаи чорабиниҳои тарғиботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом мулоқоти мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо омӯзгорони Литсейи касбии саноти дӯзандагии шаҳр доир гардид. Зимни мулоқот намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бобати амалишавии Қонунҳои миллӣ аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози афкор намуд. Дар раванди суханронии худ намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ва нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро дар тарбияи дурусти насли ҷавону наврас арзишманд арзёбӣ намуд.

Дар фарҷом ба чанде аз омӯзгорони муассиса шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Рубрики
Uncategorized

МАСТЧОҲ: ДАВРИ НОҲИЯВИИ МАҲФИЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “НАҚШИ КИТОБИ “ТОҶИКОН” ДАР ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД

Тибқи Фармоиши раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, таҳти №9, аз 26.04.2021 имрӯз 01-уми июни соли ҷорӣ дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ даври ноҳиявии маҳфил-озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” баргузор гардид, ки дар он хонандагони макотиби ноҳия ва омӯзишгоҳи миёнаи касбӣ ширкат варзиданд, ки дар он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ва мудири шуъбаи маориф иштирок намуданд.

Сараввал, Муродулло Почозода – муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба иштирокчиён шарт ва талаботи маҳфил – озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”-ро қироат намуд.

– Тибқи муқаррароти Низомнома шартҳои маҳфил – озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” шарт ва талаботи он бояад ба чунин талаботҳо ҷавобгӯ бошад:

1. Дар маҳфил-озмун донишҷӯҳои мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок карда метавонанд.

2. Ҳар як иштирокчии маҳфил-озмун нахуст доир ба моҳияти таърихӣ ва ватандӯстии киоби “Тоҷикон” баромад мекунад;

3. Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯи нақли осор муайян карда мешавад;

4. Сипас аз ҷониби ҳакамон ба иштирокчӣ аз китоби “Тоҷикон” саволҳо пешниҳод карда мешавад;

5. Ҳайати ҳакамон метавонанд барои беҳтару хубтар муайян намудани дониши иштирокчӣ саволҳои иловагӣ пешниҳод намоянд…

Пас аз фаҳмонидани шартҳои маҳфил – озмуни мазкур аз ҷониби Муродулло Почозода, Дилшод Зокиров – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба асолати миллӣ ва худшиносии миллӣ, ватандӯстию ифтихори миллӣ дар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва бо ин мақсад бархурду шинос шудан ба таърихи ғании тоҷикону миллати тоҷик сухунронӣ намуд.

Ибодулло Оқилзода – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ доир ба нашру тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи кишвар то ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, рӯ овардани донишомӯзони кишвар ба шоҳасари Бобоҷон Ғафуров ва бо ин мақсад бархурдор гардидан аз давлатдории миллати тоҷикон аз азал то имрӯз баромади пурмуҳтаво намуд.

Сипас, даври ноҳиявии маҳфил – озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” баргузор гардида, ба таври шаффоф ва тибқи талаботи муқарраргардидаи Низомнома дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар натиҷа хонандаи синфи 11-и МТМУ №6 – Нуров Ризвон – сазовори ҷойи якум, хонандаи синфи 11-и МТМУ №1 – Тиллозода Рӯзигул – сазовори ҷои дуюм ва хонандаи синфи 10-и МТМУ 17 – Бобокалонзода Ҳалима – сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Абдурозиқ РАҶАБЗОДА,

мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Рубрики
Uncategorized

Боғбони гул

          Ҳар субҳ нахустин нафаре, ки дар идора мебинам, ӯст.   Ба гулҳо об медиҳад ва ё ҷоеро ба тартиб меорад.  Имсол ташвишаш бештар шуд. Саҳни бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ   ва канори роҳи  рӯ ба рӯи он қатори чанд бех дарахтони азими  сӯзанбарг ва  буттаҳои садбарг беш аз ҳазор бех гулҳои мавсимӣ зам шуд. Дар зинапоя низ дар қуттиҳо гул шинониданд.

          Каримбой Баҳронов- дӯсти даврони ҷавониҳои ман, ки барои садҳо нафар меҳмонони барӯманди Панҷекат дастархонороӣ кардааст, ба ин дарахту гулҳо бо меҳр нигоҳубин мекунад, шикасту рехти биноро мебинад. Кормандон чун озодакору хушмуомила эҳтиром мекунанд.

          Мегӯянд гулҳо рӯҳияи инсонро дарк менамоянд, агар чеҳраатон ва қалбатон кушод аст, беҳтар месабзанд, зеботар мешукуфанд.  Чеҳраи ҳамеша моили табассуми Каримбой, ки гувоҳи қалбаш низ ҳаст, шояд ба ин ниҳолакони нозуки гулҳои мавсимӣ таъсири нек гузоштаанд, ки дар сояи дарахтони азим  шукуфтаанд.

             Боғбони гул- чунин ном мебарам ман Каримбой Баҳроновро.

                                                                                                                     Т. Солеҳзода

Рубрики
Uncategorized

ОЗМУНИ ДАВРИ НОҲИЯВӢ “НАҚШИ КИТОБИ ТОҶИКОН ”-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ

    Баҳри дар амал татбиқ намудани барқияи 37  кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 13 апрели соли 2021  бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумуҳрии Тоҷикистон махфил озмуни ҷумҳуриявӣ “Нақши китоби  “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров   дар шинохти асолати миллӣ” дар китобхонаи марказии ноҳияи Спитамен санаи 31 майи соли 2021 даври ноҳияви баргузор гардид. Дар озмуни мазкур  зиёда аз 30 нафар  хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок доштанд. Озмуни мазкурро Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Умедахон Муҳитдинова хусни ифтитоҳ бахшида ба иштирокчиён мувафиқият таманно намуд. Озмун аз руйи ду шарт хатти ва шифохи баргузор гардид. Ғолибони озмуни мазкур ба даври вилояти роҳҳат гирифтанд.

Рубрики
Uncategorized

ЗИНДАГӢ ЗЕБОСТ БО КӮДАКОН

Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  дар сар то сари ҷумҳурии азизамон чорабиниҳои идона дар сатҳи баланд баргузор гардида истодааст. Дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иқдоми кумиҷроияи шаҳрии ҳизб чорабинии идона баргузор гардид.

Кӯдакони хушбахти диёрро Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон табрику муборакбод гуфта, баён дошт, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша дастгир, ғамхор ва мутаккои кӯдакон буда, барои ба таҳсил ва шароити хуби зиндагӣ фаро гирифтани онҳо аз тамоми воситаву имкониятҳо истифода мебаранд. Чунин ғамхориҳо дар пайравӣ аз иқдомҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат дар вилояти Суғд низ таҳти роҳбари Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода низ хубу шоиста роҳандозӣ шудааст. Кӯдакони даврони соҳибистиқлол аз насли хушбахт ҳастанд, ки дар фазои орому осуда ва беҳтарин шароит мехонанд ва истеъдодашонро тақвият мебахшанд. Мавсуф аз насли ояндасози миллат даъват ба амал овард, ки рӯй ба китоб оранд, фориғ аз машғулиятҳо ба андӯхтани дониш ва меҳнати самаровар машғул гарданд. Зеро Ватан аз онҳо умеди зиёд доранд.

Дар баромади Маликисломӣ Наим Мунаввар зикр шуд, ки муҳимияти ин сана дар он зоҳир мегардад, ки дар ин рӯз ҳисси масъулиятшиносии калонсолон ва волидайн нисбат ба кӯдакон зиёдтар мешавад. Вақте волидайн бо кӯдак мисли калонсол муносибат намуда, ба дархостҳояш гӯш медиҳанд, он замон заминае фароҳам мешавад, ки кӯдакон ба ҳаёт омода гарданд. Яъне таваҷҷуҳ ба кӯдакон барои рушди афкор ва донишу малакаи онҳо мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, ҳар сол расм шудааст, ки кумиҷроияи шаҳрӣ бо дастури бевоситаи роҳбарияти олии ҳизб кӯдаконро ба ин рӯзи фаромӯшношуданӣ табрик мекунанд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 80 нафар кӯдакон тӯҳфаҳои таъсиснамудаи кумиҷроияи шаҳрӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин аз ҷониби аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” – и шаҳри Хуҷанд ба дӯстрӯякон шириниҳо ва варақаҳои табрикотӣ ҳамчун армуғон супорида шуд.

Рубрики
Uncategorized

1-УМИ ИЮН. РЎЗИ КЎДАКОН: МО КЎДАКОНИ ХУШБАХТЕМ

Бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  шаҳри Хуҷанд силсилаи чорабиниҳои тарбиявӣ баргузор гардида истодааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Дар ташкилоти ибтидоии “Хуршед” маҳфили хушҳолӣ таҳти унвони “Мо кўдакони хушбахтем” баргузор гардид.

Кўдакон бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва фароҳам овардани шароити созгор дар кишвари соҳибистиқлол шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб намуданд.

Таъкид шуд, ки дар кишвари мо ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломативу ҳаёти кўдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсилоти ў аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ягон табақаи аҳолӣ аз ғамхорию парасторӣ берун нест. Маҳз пойдории сулҳу салоҳ аст, ки рўзгорамонро рў ба беҳбудӣ оварда истодааст. Инчунин ба кўдакони ятиму бепарастор таваҷҷўҳи хоса рўз аз рўз бештар мешавад.

Саҳначаҳои ҷолиб ва рақсҳои мавзун аз ҷониби кўдакон бо маҳорати хос иҷро карда шуд.

Рубрики
Uncategorized

ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

Дар доираи таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 – солагии таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд  бо иқдоми Ҷамъияти дорои маҳсулоташ маҳдуди САТН мусобиқаи футбол байни кормандони коргоҳи истеҳсолӣ барои гирифтани Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Ғайбуллозода Хайрулло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар суханронӣ намуда, баён доштанд, ки таблиғи тарзи ҳаёти солим, рӯ овардан ба  варзиш ва ба ин васила обу тоби бадан аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати кишвар маҳсуб шуда, тавре дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат беш аз 12 ҳазор майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки худ шаҳодатгари таваҷҷуҳ ба соҳа аст.

Директори генералии коргоҳи мазкур Бобоев Илҳом Тоҳирович  зимни баромад таъкид дошт, ки мусобиқа минбаъд ба ҳукми анъана даромада, барои баланд бардоштани эҳсоси ватандорӣ саҳми шоиста мегузорад.  

Сипас миёни 8 даста қувваозмоӣ шурӯъ гардида, бози рақобатнок ва дар сатҳи баланд доир шуд.  Дар натиҷа ба ғолибон медал, Сипоснома ва тӯҳафҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Ҳамин тавр дастаи “Релакс” дар бозии ниҳоӣ дастаи “Олимпия”-ро шикаста ғолибият ба даст овард ва соҳиби Ҷом шуд. Дастаи “Пантера” бошад, барои ҷойи сеюм тими “Брайзер”-ро мағлуб намуд. 

Рубрики
Uncategorized

АЁДАТИ КЎДАКОНИ МАКТАБ ИНТЕРНАТ БАХШТДА БА «РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КЎДАКОН»

Бахшида ба таҷлили бошукўҳи «Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон» кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Кумиҷрояҳои шаҳри Хуҷанд, Бўстон, собиқадорони ҳизбию давлатӣ ва аъзоёни намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Бўстон ба мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бўстон ташриф оварданд.

Дар чорабинии мазкур саравал директори мактаб-интернати Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бўстон Абдуғаффорзода Рухсора баромад намуда, ба меҳмонон ҷиҳати ташриф намудан, изҳори сипос баён намуд. Баъдан муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимзода Мадина, директори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқад дар шаҳри Бўстон Набизода Мадина ва дигарон баромад намуда, кўдакони таълимгоҳро ба муносибати «Рўзи байналмилаии ҳифзи кўдакон» таҳният намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ҷомеа ёдоварӣ намуда, ироаз гардид, ки ҳеҷгоҳ руҳафтода ва худро танҳо мапиндоранд, зеро давлату Ҳукумати мамлакат зери рохбарии Пешвои миллат ҳамеша ғамхор ва пуштибони шумост.

Дар охири чорабинии мазкур дастовардҳо ва ҳунархои мардумии тарбиятгирандагони мактаб интернати мазкур мавриди намоиш қарор дода, чорабинии фарҳангӣ таъби иштирокчиёнро болида гардонид.