Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: НАТИҶАБАРДОРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ “МАОРИФЧИЁН”

Ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” фаъолияти нисолаи худро натиҷабардорӣ намуд.  Дар ҷаласаи мазкур, ки бо ҳузури  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон доир шуд, аъзои ташкилот панҷ масъаларо матраҳ намуданд.  

1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар давраи ҳисоботӣ.

2. Интихоби ҳайати Раёсати ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”.

3. Интихоби Раиси ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”.

4. Рафти обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбии “ Минбари халқ” ва “Сухани халқ” барои соли 2022.

5. Масъалаҳои ташкилӣ.

Аз рӯи масъалаи якуми кор ҷаласа роҳбари ташкилоти ибтидоии мазкур  Ниёзқулова Дилафрӯз оид ба натииҷаҳои фаъолият дар давраи нимсолаи аввал ҳисобот дод. Сипас аъзоёни ҲХДТ Абдуқаюмов Абдуаҳад ва Қурбонов Фаромӯз зимни музокира фаъолияти ташкилотро дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ намуданд. Пас аз он масъалаи интихоби ҳайати Раёсат ва Раиси ташкилоти ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳафт нафар аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба ҳайати Раёсати ТИ “ Маорифчиён” интихоб гардиданд.

Ниёзқулова Дилафрӯз дар ҷаласа бори дигар бо овоздиҳии кушод ба ҳайси роҳбари ТИ “Маорифчиён” интихоб гардид.

Вобаста ба масъалаи обуна ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” гузориши роҳбари ташкилот шунида шуда, таъкид гардид, ки обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ дар давраи муқарраргардида таъмин хоҳад гашт.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон кормандони соҳаи маорифро ба ҷашни фархундаи 24- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, доир ба ин ҷашни фархунда ва дигар арзишҳои милливу давлатдории мо нутқи пурмӯҳтаво ироа намуд. Ҳамчунин хулосаҳои хешро доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” ва фаъолияти дигар ташкилотҳои ҳизбии ноҳия баён намуда, ҷиҳати тақвияти бештари фаъолият дар остонаи омодагиҳо ба 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ баён дошт.  Номбурда қайд кард, ки ҳар як узви ҳизбро зарур аст, ин ҷашни фархундаро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирад. Оиннома ва Барномаи ҲХДТ меҳвари асосии фаъолият қарор дода шуда, шарафу масъулияти аъзои ҲХДТ буданро ҳар як узви ҳизб бояд дар мадди аввал қарор бидиҳад.

Дар ҷамъбасти маҷлис вобаста ба масъалаи ташкилӣ ба якчанд нафар омӯзгорон ва хонандагон, ки дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ фаъолона иштирок доштанд, Сипоснома ва тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи маорифи ноҳия тақдим карда шуд.

Ҳамчунин якчанд нафар омӯзгорони фаъол ба сафи ҲХДТ бо тантана қабул гардиданд.

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Дар хонаи пиронсолон дастархони идона ороста шуд

Дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Арзи миллӣ” (шуъбаи минтақавии бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд) дар хонаи пиронсолони шаҳр дастурхони идона ба омода намудани оши палов ороста шуд.

Дар чорабинӣ раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Наим Маликисломӣ ва намояндаи шуъбаи минтақавии бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳафиз Исматов ширкат варзида, бошандагонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуданд.

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ КАФОЛАТИ ҲАЁТИ ОСОИШТА

Бахшида ба 24-солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта» доир гардид. Дар кори конференсия олимону устодон ва шогирдони донишкада ширкат варзиданд.

Конференсияро декани факултети сохтмон ва нақлиёт Абдуқодир Акрамов ҳуси ифтитоҳ бахшид. Номбурда зимни баромадаш таъкид дошт, ки санаи 27-июни соли 1997, ки дар баъзе аз минтақаҳои кишварамон ҳанӯз нобасомониҳо идома дошт, бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо шудани чунин Созишнома дар таърихи навини давлатдории Ватани азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Аксарият, махсусан насли калонсол хуб дар хотир доранд, ки дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ кишварамон ба чӣ рӯйдодҳои мудҳиш рӯ ба рӯ гашта, муттаассифона талафоти зиёде ҳам дод.

Хушбахтона, хиради азалии миллати мо, таҳти роҳбарии меъмори сулҳи тоҷикон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боло гирифту дар сартосари Ватан сулҳи бебозгашт омад.

Номзади илмҳои педагогӣ, котиби кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба номи М.С. Осимӣ Хайринисо Темирова зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдат ва хамдигарфаҳмии ҳалқҳои Тоҷикистон» қайд кард, ки маҳз такя намудан ба хиради азалӣ, даъват аз ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати бетараф набудан ба воқеаҳои даҳшатбори солҳои навадум, овардани гурезагон ба макони муқимии худ, такя намудан ба арзишҳои дини мубини ислом ва ҳимояи он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун дини покиву ахлоқӣ на терроистиву ифротгароӣ, нигоҳи баробар ба миллату халқиятҳое, ки дар кишварамон умр ба сар мебаранд, ба ҷанги бемаънӣ хотима гузошт.

Намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдусабур Абдуваҳҳобов зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи «Ваҳдат- тахкимбахши истиқлолият» таъкид дошт, ки ҷанге, ки дар аввали соҳибистиқлолии кишвар рух дод, ҷанги таҳмилӣ ва дар қиёс ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ он хунрезиҳову нобасомониҳо мудҳиштар буд, зеро дар баробари хисроти моливу иқтисодӣ ҷони ҳазорон- ҳазор шаҳрвандонро ҷанги бародаркуш рабуд. Вале ба бахти ин миллати саодатманд тарафҳо ба ҳам омаданд ва таҳти роҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи комил ба даст омад ва натиҷаи ин гуфтушуниди муфид, ки дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрон, Бишкек ва кишвари Афғонистон самар овард.

Бо ҳамин чорабинӣ анҷом ёфт

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ДАСТОВАРДИ ШОЁН

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Мо бо Шумоем”, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуди то сини 18 сола баргузор гардид, 6 нафар ғолибони даври вилоятӣ ширкат варзида, аз рӯи баҳодиҳии ҳайати ҳакамон Ҳасанов Шерзод аз шаҳри Хуҷанд дар наминатсияи маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ сазовори Дипломи дараҷаи як ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ гардид.

Ин дастоварди шоёни соҳибзаковатони шаҳр мояи ифтихор ва саодати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аст.

Пирӯзӣ муборак!

Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ–ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ “ДАРМОН” ВА “МАНЗИЛ”

Дирӯз дар шабакаҳои КАТС (Кӯмаки аввалияи тибии санитарӣ)-и ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб – Дилшод Зокиров маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти битидоии “Дармон” баргузор шуд.

Роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС -и ноҳияи Мастчоҳ – Сиёвуш Мирзоев ҷаласаро ифтитоҳ намуда, муҳтавои онро шарҳ дод.

Дар идомаи маҷлис рӯзномаи он, ки аз ду банд: ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Дармон” ва интихоби раиси ташкилоти ибтидоии мазкур тасдиқ гардид.

Тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Сиёвуш Мирзоев – роҳбари шабакаҳои КАТС-и ноҳия суханронӣ намуда, доир ба самтҳои афзалиятноки Ташкилоти ибтидоии “Дармон” дар давраи ҳисоботӣ суханронӣ кард.

Дар масъалаи рӯзномаи дуюми маҷлис, тибқи банди 4.4 Оинномаи ҲХДТ маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Дармон” номзадии Сиёвуш Мирзоевро пешбарӣ намуданд, ки ҳама узви маҷлис якдилона овоз доданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар КДФ Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Мастчоҳ низ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Манзил” баргузор гардид, ки дар он тибқи рӯзномаи тасдиқгардида, баррасии ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ ва интихоби раиси нави ташкилот баррасӣ гардид.

Тибқи рӯзномаи маҷлиси ташкилоти ибтидоии “Манзил” раиси он Аъзам Муҳадбеков интихоб гардид.

Дар ноҳияи Мастчоҳ маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ бомаром идома дошта, дар сатҳи баланд баргузор хоҳанд шуд.

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Эҳтиёт – нисфи ҳаёт

Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирии паҳншавии бемории сироятии (COVID – 19) ва тақсимоти маводҳои таблиғотӣ дар маркази шаҳр корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шуд. Тарғиботчиён перомуни нишонаҳои короновирус, роҳҳои гузариш манъбаҳои сирояти вирус ва пешгирии он баромад намуданд. Қайд карда шуд, ки нисбати тоза нигоҳ доштани гирду атроф, тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем. Оид ба пешгирии бемории сироятӣ корҳои тарғиботӣ давом дорад.

Рубрики
Асосӣ

АШТ: МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ ВА ҶОРАБИНИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 24-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АШТ

Дар асоси барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 23.06.2021 сол таҳти №56 дар бораи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар толори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – пояи асосии сулҳу субот дар ҷомеа” доир гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд – Олимҷон Зоҳидов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт – Каримзода Хушнуд Каримӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳияи Ашт Мамадҷонов Зафар, собиқадорону фаъолон ва занону ҷавонони фаъоли ҳизб иштирок доштанд.

Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Хушнуд Каримзода ба сухан баромада, кулли ҳизбиёни ноҳия ва сокинони шарафманди диёрро ба фарорасии 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, аз таърих ва дастовардҳои раванди Ваҳдати миллӣ ёдовар шуд ва таъкид намуд, ки маҳз бо талошу ҷонбозиҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати куҳанбунёди тоҷик бо хиради азалии худ тавонист ба ваҳдат ва ягонагӣ расида, ба ҷанги бародаркуш хотима бахшад.

Сипас, суханро ба намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд – Олимҷон Зоҳидов ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳияи Ашт Мамадҷонов Зафар Тошматович дод.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд – Олимҷон Зоҳидов табрикоти Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохонро ба кулли ҳизбиёни ноҳия расонид.

Баъдан, намояндаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Мамадҷонов Зафар аҳли толорро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, афзуд, ки ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки миллати тоҷикро аз сарнагуншавӣ эмин нигаҳ дошт. Маҳз туфайли ин санади сарнавиштсоз – “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳхоҳ бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф намудаанд.

Инчунин, дар вазъияти тантанвӣ бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ якчанд нафар собиқадорону фаъолони ҳизб, ки дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб саҳми назаррас доранд, бо сипоснома ва туҳфаи хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қадршиносӣ карда шуд.

Сипас, аз ҷониби аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб шеърҳо дар васфи Ватан, Ваҳдат, Тоҷикистон қироат карда шуд.

Дар охир баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусну таровати тозае зам намуд.

Рубрики
Асосӣ

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки яке аз санаҳои муҳимму таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломатӣ, рӯзгори пурсаодат ва комёбиву иқболи нек орзу менамоям.

Бисту чор сол мешавад, ки мо – сокинони Тоҷикистони биҳиштосо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ дорем.

Тайи ин солҳо кулли сокинони кишвар хуб дарк намуданд, ки ваҳдати миллӣ заминаи саодати мардум ва таҳкурсии пешрафту ободии Ватани азизи мо – Тоҷикистон мебошад.

Бисёр рамзист, ки Рӯзи ваҳдати миллӣ дар соли ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30 – солагии истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад.

Ин рӯзро мо ҳамчун рӯзи пирӯзии миллати куҳанбунёди тоҷик бар қувваҳои аҳриманӣ, ҳамчун рӯзе, ки ба фоҷиаи миллат нуқта гузошт ва ҳамчун рӯзи аз имтиҳони сахту сангини таърих гузаштани давлати тоҷикон таҷлил мекунем.

Дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандие, ки дар оғози даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба вуқӯъ пайваст, даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳи мо қурбон шуданд, даҳҳо ҳазор модарон бе фарзанд, занон бе саробон ва тифлон ятим монда, зиёда аз як миллион нафар шаҳрвандони мо дар дохилу хориҷи мамлакат ба гуреза табдил ёфтанд.

Хатари аз ҳама даҳшатнок дар он шабу рӯзҳо ин буд, ки эҳтимоли пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ба воқеияти талхи таърихи муосири мамлакат табдил ёфта буд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳанӯз аз Иҷлосияи XVI-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар оғоз гардида буд.

Маҳз дар натиҷаи амалӣ гардидани қарорҳои иҷлосияи воқеан таърихӣ дар мамлакат барои барқарорсозии сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ризоияти миллӣ, бунёди аркони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғози барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи устувор гузошта шуд.

Мехоҳам бо ифтихор хотирнишон созам, ки дар ин раванди мушкилу тақдирсоз, яъне таъмин намудани сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ нақши ҳалкунанда танҳо ба мардуми Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Зеро фақат майлу иродаи мардуми кишвар ба роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат барои расидан ба ҳадафи ягона дар он айём – таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нерӯ мебахшид.

Имрӯз ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳимми ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд.

Аз баракати сулҳу оромӣ мо нақшаҳои худро доир ба пешрафти босуботи кишвар, ободониву созандагии Ватан ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ муайян ва муттаҳид намудем, ки имрӯз бо дастгирии самимона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқамон дар ҷодаи амалӣ гардонидани онҳо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки амалӣ гардидани ҳамаи омолу орзу ва нақшаву ниятҳои ҳар фарди ҷомеа, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз ба сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад.

Хусусан, дар шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.

Ҳоло, ки мо дар давраи омодагӣ ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ қарор дорем, бояд тамоми имконияту нерӯ ва саъю талоши худро ба он равона созем, ки ин ҷашни муқаддасу бузурги миллиамонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ, созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои сазовор истиқбол гирем.

Бори дигар фарорасии Рӯзи ваҳдати миллиро ба тамоми мардуми шарифи кишвар самимона табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо рӯзгори ободу осуда, бахту иқболи баланд ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ваҳдату оромии ҷовидона орзу менамоям.

Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26032

Рубрики
Uncategorized

ҶАББОР РАСУЛОВ: МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТИ ҲХДТ «ЗАМИНСОЗ»

Санаи 24 июни соли 2021 Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботииташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Заминсоз” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам баргузор гардид.

Аз рӯи масъалаи якум котиби раиси ТИ ҲХДТ “Заминсоз” Аҳмадзода Садриддин оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Заминсоз» ҳисобот дод. Инчунин маҷлис масъалаи дуюми рӯзнома қабули «Обуна – 2022» ба рӯзномаҳои ҳизбӣ «Минбари халқ» ва «Сухани халқ»-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Доир ба масъалаи сеюми рӯзнома пешниҳод гардид, ки Ваҳобов Фаҳриддин аз нав ҳамчун раиси ТИ ҲХДТ «Заминсоз» интихоб шавад. Пешниҳод аз ҷониби иштирокчиёни маҷлис дастгирӣ ёфт.

Аз рӯи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар ҷараёни маҷлис раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам дар бораи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ифротгароиву терроризм, мубориза бар зидди коррупсия, иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дуруст истифодабарӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ, оқилонаву сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, самаранок истифода намудан аз заминҳои наздиҳалигӣ ва ташкили ҳашарҳои ҳизбӣ бахшида ба сазовор истиқбол намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии паҳншавии бемории сироятии «COVID-19» суханронӣ намуд.

Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ:Конференсияи ғайринавбатии ҳизбӣ

             Санаи 25 июни соли равон  конфронси 24-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

          Дар оғози конфронс раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода вакилон ва ҳамаи ҳамсафонро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфт.

          Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи конфронс – пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент дар ҳавзаи интихоботии Вашанӣ, № 4 ба ҷои вакили хориҷшуда раиси Кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода  ба сухан баромада, аз ҷумла, зикр намуд, ки тибқи моддаи 25-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва моддаи 17-и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар конфронсҳои ҳизбӣ сурат мегирад. Дар ин асос ӯ ба ҷои  вакили Маҷлиси шаҳрӣ аз ҳавзаи номбурда  Шоҳида Мукаммалзода, ки ба вазифаи мудири шӯъбаи маорифи шаҳр таъин шудааст, номзадии Ҷумъаева Фарзона  Фирӯзиддиновна- сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 1-ро аз ин ҳавзаи интихоботӣ номзад ба вакили Маҷлиси шаҳрӣ пешниҳод намуда, ҳозиринро бо шарҳи ҳоли ӯ шинос кард.

          Вакилони конфронс ин пешниҳодро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

          Омӯзгори МТМУ № 1 Мукаррама Яҳёева дар бораи сифатҳои ҳамидаи инсонӣ ва кории  Ҷумъаева Фарзона сухан кард.

          Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома- рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ”, “Сухани халқ” ва “Фарвардин” барои соли 2022, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроия Бурсӣ Лутфуллоев сухан карда, рафти маъракаи обунаро таҳлил намуда, аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дархост кард, ки дар мӯҳлати муайяншуда  ҳизбиён ва дигар хоҳишмандонро  ба ин нашрияҳо обуна намоянд.

          Конфронс аз рӯи ин ва дигар масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуд.

                    Дар анҷоми конфронс ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоатҳои деҳоти Саразм, Хурмӣ,  беморхонаи минтақавии Суғдиён , маҳаллаҳои Қайнар ва Зардолузори шаҳр барои саҳмгузорӣ дар маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ барои соли 2022 Номаи сипоси Кумитаи иҷроия тақдим карда шуд.