Рубрики
Асосӣ

КИВ ҲХДТ: Ман ниқоб мебандам, Шумо чӣ?

Дар шафати мағозаи “Оазис”-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон  “Созандагони Ватан” аз кумитаҳои иҷроияи ибтидоии “Инқилоб” ва “Сомон” аксияи навбатӣ ҷиҳати коҳиш додани интиқол ва сироятёбии бемории сироятии КОВИД – 19  таҳти унвони “Ман ниқоб мебандам. Шумо чӣ?”   дар сатҳи баланд доир гардид. Зимни баргузории аксия иштирокдорони он ба бошандагони шаҳри Хуҷанд ва меҳмонон дар хиёбонҳо, дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ зарурати риоияи гигиенаи шахсӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоби ҳимоятиро бо мисолҳои возеҳ фаҳмониданд. Гуфта шуд, ки бар асари ин бемории ҳамагир ҳамарӯза дар ҷаҳон садҳо нафар ҷон бохта, миллионҳо нафар гирифтори ин бемории шадид гаштаанд. Ба ин беморӣ танҳо дар он сурат пирӯз хоҳем шуд, ки ҳар яке худро эҳтиёт намоем ва дигаронро низ талқин кунем, ки бе зарурат ба кӯча набароянд ва кӯшиш намоем аз издиҳом дур бошем.

Зимни баргузории аксия нусхаи зиёди Муроҷиатномаи кумиҷроияи вилоятӣ ба сокинон тақсим шуда, ройгон маҳлулҳои антисептикиву ниқобҳо ба аҳолӣ тақдим гардид.

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи корхонаи парандапарварии ҶДММ “Суғд-саноат-паранда” дар шаҳри Бӯстон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки ин аввалин корхонаи шаҳри Бӯстон аст, ки самти фаъолияташ ба парандапарварӣ ва истеҳсоли гушти мурғ равона шудааст. Ташкили чунин корхона дар шаҳри саноатӣ пеш аз ҳама таъмини бозори истеъмолӣ бо гушт ва истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи соҳаи саноат маънидод карда мешавад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, ки барои бунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда” аз соли 2019 асос гузошта шуда, масоҳати умумии корхона 1,3 гектарро ташкил медиҳад.

Барои парвариши паранда 4 сех бунёд гардида, ғунҷоиши ҳар яки он аз 60 то 80 ҳазор сар чӯҷаро дар бар мегирад. Чӯҷаҳое, ки дар ҷамъият парвариш меёбанд, навъи бройлерӣ (гуштӣ) мебошанд. Корхона иқтидор дорад дар як сол 1200 тонна гушти мурғ истеҳсол намояд.

Зимни боздиди Сарвараи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда” изҳор доштанд, ки дар доираи эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ корхонаи парандапарварӣ таъсис дода шуда, таҷҳизоту техникаҳои зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст.

Дар саҳни корхонаи навбунёд намоиши маҳсулоти истеҳсоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда” ташкил гардида, маҳсулоти парҳезӣ бо навъу намудҳои гуногуни бастабандӣ ба намоиш гузошта шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки дар оянда саршумори паранда зиёд ва иқтидори истеҳсолӣ афзун карда шавад.

Шаҳри Бӯстони вилояти Суғд шаҳри саноатӣ ба шумор меравад. Дар ин шаҳр 37 адад корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, дар нимсолаи аввали соли 2021 бо дарназардошти хизматрасониҳои пулакии об ва бахши хусусӣ ба маблағи зиёда аз 274 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки дар қиёс ба ҳамин даври соли 2020 1 миллиону 913 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Айни замон дар корхонаҳои саноатии шаҳр бештар аз 1400 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Бо бунёди корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда” 25 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. Ҷамъият дар нақша дорад, ки дар асоси супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ояндаи наздик самти фаъолияташро васеъ ва ҷойҳои нави кориро ташкил намояд.

Парандапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва айни замон афзалиятноки кишоварзӣ аст, ки рушди ин бахши иқтисоди миллӣ аз омилҳои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти коркард, аз ҷумла тухму гушти парҳезӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ба ҳисоб меравад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи мазкур рушд карда, айни замон дар ҳудуди вилоят соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз имконияту шароитҳои фароҳамовардаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озод намудани фабрикаҳои парандапарвари аз якчанд намуди пардохти андоз беш аз 125 фабрикаи парандапарварӣ бо истифода аз технологияи муосир бунёд намудаанд. Ин ташаббус имкон фароҳам овард, ки талаботи дохилӣ пурра бо гушти парҳезӣ ва тухми паранда қонеъ карда шавад ва дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузошта шавад. Тибқи маълумоти оморӣ ба 1 июли соли 2021 истеҳсоли гушти паранда 7 ҳазору 759 тонна ва тухм 285 миллиону 745 ҳазор донаро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ташкил медиҳад.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26247

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи ҶДММ “Парандапарвар – 2017” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Ғозиён, минтақаи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парандапарвар-2017”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи парандапарварӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Темур Мамедов дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат бунёд шудааст.

Айни ҳол дар корхона парвариши 578 ҳазор мурғ ба роҳ монда шуда, роҳбарияти коргоҳ ният доранд то охири сол саршумори онро ба 750 ҳазор сар расонанд.

Аз шумораи умумии парандаҳо 475 ҳазор сар мурғ тухмдиҳанда мебошад.

Дар як рӯз дар корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парандапарвар-2017” 350 ҳазор дона тухм истеҳсол мешавад ва дар як сол бошад, ин рақам 126 миллион донаро ташкил медиҳад.

Баъди ба истифода додани коргоҳ дар ин ҷо 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Масоҳати умумии коргоҳ 3,5 гектарро ташкил дода, барои парвариши мурғ дар ин ҷо тамоми шароит, аз ҷумла хӯрока ва дигар иншооти зарурии соҳа муҳайё карда шудааст.

Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бунёди корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ ин таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ба бозорҳои ҷаҳон рақобатпазир, ивазкунандаи воридот, таъмини пурраи бозорҳои дохилӣ, афзоиши содирот ба хориҷи мамлакат, ба даст овардани даромади софи иқтисодӣ ва дар ниҳоят беҳдошти сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандони мамлакат мебошад.

Ин талошҳову тадбирҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ҷонибдорӣ ва ҳамдастии амиқ пайдо менамояд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳибкорону тоҷирони кишвар бо истифода аз тамоми имтиёзҳо ва дастгириҳои соҳибкории хурду миёна бо бунёди садҳо коргоҳу корхонаҳои хурду бузург дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Баъди ифтитоҳи корхонаи парандапарварӣ ва шиносоӣ бо шароити кор дар ин коргоҳи саноатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати обод кардани як гӯшаи диёр, пуштибонии сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ба ташаббуси соҳибкорон баҳои арзанда дода, онҳоро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят карданд.

Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки бо боло бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои мурғпарварӣ оид ба истеҳсоли гушти мурғ ва тухм ояндаи наздик талаботи ҷумҳурӣ бо ин маҳсулот пурра таъмин гардида, содироти гушти мурғ ва тухм ба хориҷи мамлакат ба роҳ монда мешавад.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26246

 

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Текстилимпекс” дар шаҳри Хуҷанд

30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нави Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Текстилимпекс”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассиси корхона соҳибкорони ватанӣ Замира Раҷабова ва Юсуфбек Раҷабов мебошанд.

Масоҳати умумии коргоҳи истеҳсолии мазкур наздики 1 гектар буда, дар он биноҳои сехи истеҳсолӣ ва маъмурӣ бунёд шудааст. Ҳангоми азнавсозии корхона тамоми биноҳои он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифати ватанӣ ва ҷалби сохтмончиёни ботаҷрибаи маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмиру таҷдид карда шуд.

Таҷҳизоти истеҳсолии корхонаи саноатӣ истеҳсоли Федератсияи Русия ва фаъолияти асоси коргоҳ – истеҳсоли матои бахмал мебошад.

Коргоҳ дар як шабонарӯз, ки ба се баст тақсим карда шудааст, 120 метри мураббаъ матои бахмал истеҳсол мекунад.

Баъди ба истифода додани коргоҳ наздики 40 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардид.

Дар оянда таҷдид ва аз азнавсозии бинои сехи истеҳсоли иловагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Текстилимпекс” ва васлу насб намудани таҷҳизоти бофандагӣ имкон фароҳам меорад, ки боз 15 ҷоий корӣ дигар ташкил шавад. Ҳамзамон истеҳсоли матои бахмал боз ба андозаи 60 метри мураббаъ зиёд ва иқтидори коргоҳ дар як шабонарӯз ба 180 метри мураббаъ баробар карда мешавад.

Соҳибкорони ватанӣ иқдом гирифтаанд, ки бо фаъолияти пурсамари истеҳсолӣ дар самти таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда гузоранд.

Барои ин иқдому ташаббусҳои арзанда ва бунёди корхонаи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ ба соҳибкорони ватандӯст баҳои баланд доданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26245

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи дармонгоҳи бачагонаи стоматологии шаҳрӣ дар шаҳри Хуҷанд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд дармонгоҳи бачагонаи стоматологии шаҳриро мавриди истифода қарор доданд.

Зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити хизматрасонии тиббӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дармонгоҳи бачагонаи стоматологии шаҳрӣ аз 16 утоқи кории духтурони дандон иборат буда, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Масоҳати умумии дармонгоҳ 370 метри мураббаъро ташкил дода, дар он 60 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Дармонгоҳи стоматологии бачагонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд дар гузашта дар як бинои номувофиқ ҷойгир буд. Бо сабаби номуносиб будани шароити корӣ, қабули беморон маҳдуд ва раванди муолиҷаи онҳо тӯл мекашид. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави дармонгоҳ шароити кори духтурони дандон беҳтар ва сифати хизматрасонӣ баланд бардошта мешавад, зеро дар ин ҷо барои муолиҷаи дандон, кандану шинонидан, гирифтани қолаб ва дигар роҳҳои пешгирии беморшавии дандон шароити хуб фароҳам гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ таъкид намуданд, ки ба саломатии мардум таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Саломатии миллат сарвати бебаҳо буда, пойдории давлат аз солимии ҷомеа вобастагӣ дорад. Дар ин замина супориш дода шуд, ки дар баробари бунёди иншооти соҳа ба масъалаи ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии табибон ва истифодаи таҷрибаҳои пешрафта дар соҳаи тандурустӣ диққати хоса равона карда шавад.

Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 316 иншооти соҳаи тандурустӣ барои 3100 кат сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин иқдом дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ таъсири худро гузошт.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, сохтмон ва таъмиру навсозии 508 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 77 беморхона, 123 бунгоҳи саломатӣ, 89 маркази саломатӣ, 21 таваллудхона, ҳудуди 100 ҳуҷраи хатна ва 100 дорухона дар назар дошта шудааст.

Давоми солҳои 2018-2020 ва шаш моҳи сипаришудаи соли 2021 корҳои сохтмонӣ ва таъмиру навсозӣ дар 431 иншоот ба анҷом расидааст, ки ин нишондод иҷроиши 85 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26244

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи кӯдакистони “Меҳросо” дар шаҳри Хуҷанд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи “Бофанда”-и шаҳри Хуҷанд кӯдакистони “Меҳросо”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин муассисаи томактабӣ, ки барои 200 нафар кӯдаки ятиму бепарастор пешбинӣ шудааст, дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2020 оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Эҷод-2013” мебошад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар кӯдакистони хусусии “Меҳросо” кӯдакони ятиму бепарастор ройгон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Сарпарастии ин кӯдакистонро муассисони ширкати “Таҷпроф” ба зимма гирифтаанд.

Масоҳати умумии иншоот 1700 метри мураббаъро ташкил дода, аз ҳафт утоқи ҷойи хоб барои кӯдакон, 7 ҳуҷра барои таълиму тарбия, ҳуҷраи кории маъмурият ва табибон, ошхона ва толор барои машғулиятҳои мусиқӣ иборат мебошад.

Барои истироҳату фароғат ва солимгардонии кӯдакон дар саҳни бино 7 айвончаи тобистона ва ду майдончаи бозӣ барои тарбиятгирандагон бо тамоми шароит бунёд карда шудааст.

Дар умум ин муассисаи томактабӣ бо тамоми шароити зарурӣ сохта шуда, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 20 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар кӯдакистони навбунёд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми наҷиби соҳибкорон хуш истиқбол намуда, онро намунаи олии ватандорӣ ва рисолати хуби инсондӯстӣ донистанд.

Бунёди чунин иншооти нави соҳаи маорифро Сарвари давлат ба кӯдакони хуштолеъи маҳаллаи “Бофанда”-и шаҳри Хуҷанд тӯҳфаи арзанда дар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса равона шуда, бо бунёду ба истифода додани муассисаҳои томактабӣ кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Айни замон дар вилояти Суғд 280 муассисаи томактабӣ мавҷуд аст, ки аз ин 48-тои он ба шаҳри Хуҷанд рост меояд. Дар ҳамаи кӯдакистон наздики 45 ҳазор нафар кӯдак ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди кӯдакистон дар вилояти Суғд 8 адад зиёд гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни кӯдакистони навбунёд бо кормандони соҳаи маориф суҳбат намуда, онҳоро вазифадор намуданд, ки дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи дӯстрӯякон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ масъулияти дучанд ҳис намоянд. Ҳамзамон супориш дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба масъалаи бунёди кӯдакистонҳои наву замонавӣ ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия таваҷҷуҳи бештар равона карда шавад.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26243

Рубрики
Uncategorized

Хуҷанд: “Ман ниқоб мебандам.Шумо чӣ?”

Дар шафати мағозаи “Оазис”-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон  “Созандагони Ватан” аз кумитаҳои иҷроияи ибтидоии “Инқилоб” ва “Сомон” аксияи навбатӣ ҷиҳати коҳиш додани интиқол ва сироятёбии бемории сироятии КОВИД – 19  таҳти унвони “Ман ниқоб мебандам. Шумо чӣ?”   дар сатҳи баланд доир гардид. Зимни баргузории аксия иштирокдорони он ба бошандагони шаҳри Хуҷанд ва меҳмонон дар хиёбонҳо, дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ зарурати риоияи гигиенаи шахсӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоби ҳимоятиро бо мисолҳои возеҳ фаҳмониданд. Гуфта шуд, ки бар асари ин бемории ҳамагир ҳамарӯза дар ҷаҳон садҳо нафар ҷон бохта, миллионҳо нафар гирифтори ин бемории шадид гаштаанд. Ба ин беморӣ танҳо дар он сурат пирӯз хоҳем шуд, ки ҳар яке худро эҳтиёт намоем ва дигаронро низ талқин кунем, ки бе зарурат ба кӯча набароянд ва кӯшиш намоем аз издиҳом дур бошем.

Зимни баргузории аксия нусхаи зиёди Муроҷиатномаи кумиҷроияи вилоятӣ ба сокинон тақсим шуда, ройгон маҳлулҳои антисептикиву ниқобҳо ба аҳолӣ тақдим гардид.

Рубрики
Uncategorized

Конибодом: Амалиёт дар бозорҳои деҳот

   Масъулини Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом оиди пешгирии бемории сироятии COVID 19, бобати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ байни сокинон субҳи имрӯз дар бозори деҳаи ” Равот”-и ҷамоати деҳоти Пӯлодон корҳои фаҳмонидадиҳиро ба роҳ монданд. Махсусан бо нафақахӯрон ва  волидайне , ки дар бозор бо кӯдакони ноболиғ гаштугузор доштанд , мулоқот гузаронида шуда , баъдан ба сокинони деҳот   Мурочиатномаи  ҲХДТ  тақсим карда шуд. Ҳамчунин  Муроҷиатнома бобати ҳушдор сохтани мардум дар ҷойҳои намоён насб карда шуданд.

Рубрики
Uncategorized

Андеша: Терроризм ва экстремизм- падидаҳои номатлуб

      Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгаройӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.  Тоҷикистон дар радифи кишварҳои мутаррақии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд.

      Мусаллам аст, ки терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва ифротгаройӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан байни ҷавонон, ки баъзе аз онҳо аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд, яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронӣ меорад.  Тарафи дигари масъала он аст, ки муҳоҷирати шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон ба Руссия боиси афзоиши пайвастан ба гурӯҳҳои ифротиро бештар мекунанд, аз ҳамин сабаб ин гурӯҳҳо метавонанд, ки ин ҷавононро гумроҳ сохта, ба доми худ мекашанд. Омилҳо хеле зиёданд вале имрӯз мо бояд падару модарон, шахсони масъул метавонем, ҷавононро дар руҳияи ватандустиву хештаншиносӣ тарбия намоем , чунки  оянда ҷавонон созандагони Ватан ҳастанд.

    Аз ин рӯ ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори ангкабут сайёраро фаро гирифтааст ва ҳатто дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин манотиқи кураи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.

         Пӯшида нест, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ содиршавии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта то ҳол ба назар мерасад. Ин моро ҳушдор медиҳад, то ба хулоса оем ва дарк намоем, ки омилҳои барангезандаи кинаву адовати динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо то ҳол пурра решакан нашудаанд.

         Имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар яки мову шумо мебошад. 

         Мо хуб дарк мекунем, ки дар як қатор давлатҳо идома доштани ҷангҳои харобиовар боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани муаммоҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.

         Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ г ирифта бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Бинобарин бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракиии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

       Мудири шӯъбаи кор бо занони

       КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт                      Зиёбиддинова Г.С.

Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии “Сино”

    Имрӯз дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ, маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии “ Сино ”-и назди кумиҷроия аз рӯи 4 масъала:

1. Ҷамъбасти фаъолияти Ташкилоти ибтидоии “ Сино”

барои нимсолаи аввали соли 2021

2. Рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва

“Сухани халқ” барои соли 2022

3. Интихоби ҳайати нави Раёсати ташкилоти ибтидоӣ

4. Интихоби Раис ва шахси масъули ташкилоти ибтидоии

“Сино” доир гардид, ки дар кори он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рузибой Раҳимзода, раиси ТИ “Сино” Бобозода Сироҷиддин ва дигар аъзоён ширкат намуданд. Дар ибтидо С.Бобозода доир ба иҷрои нақша-чорабиниҳои тарғиботиву ташфиқотӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус, иҷрои бандҳои Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ахбороти муфассал доданд.

Дар ҷараёни маҷлис, аъзоёни фаъоли ташкилот Шокирзода М., Азизов А., ба музокира баромада, ҳисоботи раиси ташкилотро мусбат арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома раиси ташкилот маълумот дода, бовар кунониданд, ки бо дастгирии аъзоёни ташкилот маъракаи  Обуна-2022 ба нашрияҳои ҳизбиро пеш аз муҳлат иҷро хоҳанд кард. Инчунин, масъулон аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома 5 – нафарро барои аъзои нави Раёсат пешниҳод намуданд, ки ҳамаи онҳоро иштирокчиёни маҷлис ҷонибдорӣ намуданд. Баъд аз тасдиқи аъзои Раёсат, аз рӯи масъалаи чорум бо тарафдории иштирокчиёни маҷлис аз байни аъзоёни нави Раёсати ташкилот Бобозода С., ба ҳайси раиси ташкилоти ТИ “Сино” интихоб гардиданд.