Рубрики
Uncategorized

АШТ:Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус СOVID-19

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус СOVID-19 миёни сокинон бо усули “кӯча ба кӯча” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, оиди  аз нав хуруҷ ёфтани бемории сироятии коронавирус, бе ниқоби муҳофизатӣ гаштугузор накардан, дар кӯчаву  ҷойҳои серодам мулоқот доир намуданд.

Инчунин дар рафти мулоқотҳо ба сокинон ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои таблиғотӣ баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус COVID-19 ба мардум тақсим намуданд.  

Рубрики
Uncategorized

ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “МО БО ШУМОЕМ” ДАР БАРНОМАИ “ДУРАХШОН”

Имрӯз қаҳрамони барномаи “Дурахшон”-и ТВ Суғд ғолиби озмуни “Мо бо шумоем” Ҳасанов Шерзод гардид. Хотирасон мекунем, ки озмуни “Мо бо Шумоем” бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуди то сини 18 сола баргузор гардид ва  6 нафар ғолибони даври вилоятӣ ширкат варзид. Аз рӯи баҳодиҳии ҳайати ҳакамон Ҳасанов Шерзод аз шаҳри Хуҷанд дар номинатсияи маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ сазовори Дипломи дараҷаи як ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ гардид.   Дар барномаи “Дурахшон”  Аҳлиддин Шодиев  дар бораи фаъолияти эҷодии  Ҳасанов Шерзод  ҳамсуҳбат шуда ба Ҳасанов Шерзод медали “Дурахшон”-ро тақдим намуд.

Рубрики
Uncategorized

Спитамен:Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар Ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”-и ноҳияи Спитамен

Санаи 30-уми июни соли 2021 дар китобхонаи марказии ба номи Камоли Хуҷандии ноҳияи Спитамен маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ оид ба фаъолияти шашмоҳи Ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” доир гардид. Дар кори маҷлис Роҳбари Дастгоҳи кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода, Роҳбари Дастгоҳи кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр, Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода иштирок доштанд. Дар кори маҷлис якчанд масаълаҳо: ҳисоботи шашмоҳи Ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”, рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, интихоби Раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раёсати ташкилоти ибтидоӣ, масаълаҳои ташкилӣ баррасӣ гардид. Раиси ташкилоти ибтидоӣ Шодиева О. маҷлисиро ифтитоҳ бахшида, оид ба фаъолияти шашмоҳи ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” ҳисобот дод. Аз рӯи масъалаи якум директори китобхонаи марказии ноҳия Нодирова М. ва директори Қасри фарҳанги ноҳия Калматова Д. ба музокира баромаданд. Аз руйи масаълаи дуюм шахси масъули ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” Саидхӯҷаева Д. баромад намуда, барои интихоби Раиси ташкилот, шахси масуъли ташкилоти ибтидоӣ ва аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ номазадҳоро пешниҳод намуд. Сипас, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказӣ Абдураҳмон Хонзода ва Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода баромад намуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ намуданд. Дар кори маҷлис барои фаъолияти пурсамар дар пешбури сиёсати ҲХДТ ба як қатор фаъолони ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” Сипосномаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен сарфарозонида шуданд.

Рубрики
Асосӣ

ҲУНАР ВА ҲУНАРМАНДӢ ПОЯНДАГИСТ

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Мо бо Шумоем”, ки бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд доир гардид, ду нафар навраси соҳибистеъдод аз вилояти Суғд Ҳасанов Шерзод аз шаҳри Хуҷанд дар номинатсияи маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ ба гирифтани мақоми аввал ва Муҳаммадқобил Имомов аз шаҳри Панҷакент дар номинатсияи маҳорати суханварӣ ва қироати шеър сазовори ҷои сеюм гардид.

Субҳи рӯзи гузашта раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо ҳамроҳии раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ Наим Мунаввар ғолиб Ҳасанов Шерзод  ва сармутухассиси шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Икромов Зоҳирҷон, директори комплекси – мактаби кӯдакистони махсус барои бачагони қувваи босирашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд Саидова Мусабехонро ба ҳузур пазируфтанд. Раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ  дастоварди шоёни Ҳасанов Шерозро аз таваҷҷуҳу ғамхории рӯзафзуни Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, зикр дошт, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша пуштибони кӯдакону наврасон, хосса соҳибистеъдодон аст.

Мавсуф ба волидон ва устодони Ҳасанов Шероз барои тарбияи дуруст, рушду такомули ҳунари ин навраси соҳибзавқ изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ дар ҷодаи санъат барору комёбиҳо таманно намуд.

Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ

Санаи 1-уми июл дар идомаи рафти Маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботии ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Беморхонаи минтақавии деҳоти №1” баргузор гардид.

Дар Маҷлиси ҳисоботӣ зимни масъалаи якуми рӯзнома Раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дода, доир ба нақши кормандони ташкилот дар корҳои ободониву созандагӣ ва таъмини солимии ҷомеа

ибрози афкор намуд.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзнома Тоҷибоева Замира раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.

Баъдан, мудири шуъбаи ташкилии кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Ҳоҷиев Фирӯз зимни суханронии худ доир ба тақвият додани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ маслиҳатҳои муфид дод.

Рубрики
Uncategorized

БӮСТОН:БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАЪРИФАТ”-И НАЗДИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

Мутобиқи Оиномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои Қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказӣ №7 аз 30 апрели соли 2021 “Дар бораи маъракаи ҳисоботӣ- интихоботии ташкилотҳои ибтидоӣ” санаи 30 июни соли 2021 дар ташкилотҳои ибтидоии “Маърифат”-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо иштироки ҳайати гурӯҳи корӣ зери роҳбарии Хонов Абдураҳмон – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур мутобиқи рӯзнома масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

1. Ҳисоботи Раиси ташкилоти ибтидоӣ;

2. Рафти обунашавӣ ба нашриҳои ҳизбии “Минбари халқ”, “Сухани ҳалқ” ва “Садоқат” барои соли 2022;

3. Интихоботи ҳайати нави Раёсати ташкилоти ибтидоӣ;

4. Интихоботи Раиси ташкилоти ибтидоӣ;

5. Масъалаҳои ҷорӣ.

Қарорҳои дахлдор низ вобаста ба ҳар банди рӯзномаи маҷлиси ҳисоботи интихоботии ташкилоти ибтидоии “Маърифат” қабул гардиданд.

Ҳамзамон, зимни ташрифоти ҳайати гурӯҳи корӣ ба ташкилоти ибтидоии “Маърифат” бо ҳуҷҷатгузории он аз наздик шинос гардида, ба онҳо маслиҳатҳои муфид доданд.