Рубрики
Uncategorized

Мақола: Шукронаи саодати миллат

„Ҳар яки мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолу озодиро ба ҷо оварем, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва тамоми саъю кўшиши худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон равона созем.”

Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистон рўзи 09.09.1991 соҳибистиқлол гардид. Дере нагузашта душманони миллат бесарусомониро оғоз намуда, ватанро ба вартаи ҳалокат кашиданд. Дар Тоҷикистон  ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Дар ҳамин вазъияти ниҳоят ҳассос Иҷлосияи 16-уми Шўрои  Олӣ баргузор гардид. Ин Иҷлосия иҷлосияи тақдирсоз буд. Ба сари ҳокимият ҳамчун Раиси Шўрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон омаданд. Нахуст суханашон: „Ман ба Шумо сулҳ меорам”– буд. Аз рўзи аввали фаъолияташон худро ҳамчун шахсияти ватандўст, сарвари раиятпарвар нишон дода, ҷони худро  ба хатар монданд ва  баҳри рафъи ҷанги шаҳрвандӣ кўшиш намуданд. Ҷисму ҷони Президентамонро гўё аз ҷавҳари сулҳу ваҳдат сохта бошанд, бо саъйу талоши зиёд баъди вохўриҳои пай дар пай ва таҳаммулпазирии беандоза бо сарварони қувваҳои  мухолифин ба мо тоҷикон сулҳу салоҳ оварданд.

27 июни соли 1997 дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор гардид. Аз ҳамин рўз сар карда дар кишвари мо дўстӣ, оромӣ тантана дошт.Корҳои  созандагиву  ободкорӣ бомаром оғоз ёфтанд.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки сарвари давлатамон Эмомалӣ  Раҳмон борҳо аз минбари баланди СММ баромад намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сарвари мо баҳои баланд доданд. Бояд гуфт, ки сарвари мо арзандаи ҳама гуна тавсифҳо мебошанд. Зеро дар байни мамолики мутамаддини ҷаҳон мақоми  муносиб пайдо кардан як ҷаҳон дониш, таҷриба ва ҷонфишониҳо талаб мекард, кори осон набуд, ки аз ўҳдаи ҳамаи ин баромада тавонистанд. Аз ин рў, ҳамаи мукофотҳои олӣ ва унвонҳои бошараф насиби сарвари мо гашт. Унвони Пешвои миллат,   Асосгузори сулҳу   ваҳдати миллӣ бузургтарин унвон ва шараф аст, ки президенти мамлакатамон ба он ноил гардиданд.

Дар 30 соли истиқлолият мо ба ҳадафҳои худ расидем. Аввалин баромадҳои сарвари давлат  умедбахш буданд, ки ояндаи некро ба мо ёдрас менамуд. Ин аст, ки имрўз соҳиби Ватани соҳибистиқлолу озод ҳастем. Дар хоки поки ватани хеш хушнудона қадам мезанем, босубот меҳнат мекунем, осуда мехобем. Ба Пешвои худ ҳамчун ҳомии сулҳу ваҳдат такя карда,  сиёсати хирадмандонаи он касро ҳамеша  дастгирем. 

Дилафрўз Мулоҷонова – вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоятӣ, директори  гимназияи №1-и ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи фермаи парандапарварии ҶДММ “Мурғи Шаҳристон” дар ноҳияи Шаҳристон

Дар идомаи сафари кории худ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фермаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи Шаҳристон” – ро ифтитоҳ намуданд.

Фермаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Сомон Қурбонов бунёд карда шудааст.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон яке аз калонтарин ва аввалин корхонаи истеҳсоли гушти мурғ ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсоли маҳсулот дар як давра, ки 45 рӯзро дар бар мегирад, 170 тоннаро ташкил медиҳад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар ин иншооти нави соҳаи паррандапарварӣ имрӯз 80 ҳазор сар мурғ парвариш гардида, масъулин азм доранд ин нишондодро то ба 120 ҳазор сар расонанд.

Баробари афзудани саршумори парранда инчунин ҷои корӣ низ зиёд мегардад. Агар имрӯз 25 нафар дар фермаи парандапарварии “Мурғи Шаҳристон” бо ҷои кор ва маоши баланд таъмин гардида бошанд, бо ба кор андохтани иқтидорҳои мавчуда ҷои корӣ то ба 40 нафар расонида мешавад.

Дар коргоҳ муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ насб гардида, ҷараёни нигоҳубини чуҷаҳо, муайян намудани ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии ҳаво, додани обу ғизо ва омода намудани мурғҳои гуштӣ тавассути технологияи компютерӣ амалӣ мешаванд.

Гушти мурғ дар кишвари мо аз маҳсулоти серталаб ба шумор рафта, ҷиҳати густариши ин соҳа аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат як қатор барномаҳо қабул гардидаанд. Натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ имрӯз самар меорад ва дар вилояти Суғд ба соҳаи паррандапарварӣ – ҳамчун омили муҳими таъмини бозори истеъмолӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир мегардад.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи Фермаи парандапарварии “Мурғи Шаҳристон” дидан намуда, ба сифат ва коркарди он баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки соҳибкорону кишоварзон вобаста ба вазъияти баамаломада бояд масъулияти бештар ҳис кунанд ва барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас гузоранд.

Дар навбати худ паррандапарварон низ ваъда доданд, ки дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат корро дар ин самт ҷоннок намуда, дар назди коргоҳ боз ду сехи нав ташкил менамоянд. Бо роҳандозии чунин тадбир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифатро афзоиш ва шумораи кормандонро зиёд намуда, ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.

Корхонаҳои паррандапарварӣ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Гулистон, Конибодом, Зафаробод, Хуҷанду Бӯстон бештар гардида, ин таҷриба дар дигар минтақаҳои вилоят, аз ҷумла ноҳияи Шаҳристон низ ба кор андохта мешавад.

Бо ифтитоҳи Фермаи парандапарварии “Мурғи Шаҳристон” имконияти истеҳсоли гушти парҳезӣ бештар ва сокинони ноҳияи Шаҳристон ба ин номгуи маҳсулот дастрасӣ пайдо мекунанд.

Бино ба маълумоти оморӣ, дар давоми 6 моҳи соли 2021 дар вилояти Суғд истеҳсоли гӯшти чорвою парранда бо вазни зинда беш аз 26000 тоннаро дар бар мегирад, аз ҷумла гӯшти паранда 7759 тонна ва тухм 286 млн. дона аст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвою паранда 122 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 5,1 баробар таъмин гардидааст. Ҳамаи ин натиҷаи дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушди соҳаи паррандапарварӣ ҳамчун як бахши муҳими таъмини амнияти озуқаворист.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26225

Рубрики
Асосӣ

Оғози ҷамъоварии картошка ва боздид аз намоишгоҳи кишоварзӣ дар ноҳияи Шаҳристон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон дар хоҷагии деҳқонии “Ҷасурбек”-и кооперативи тиҷоратию истеҳсолии “Холдорқипчоқ” ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд.

Ноҳияи Шаҳристон дар баробари боғдорию чорводорӣ аз минтақаҳои картошкапарварии кишвар ба ҳисоб меравад. Обу хоку иқлими ноҳия ба кишту парвариши картошка мутобиқ буда, хоҷагидорону аҳолӣ картошкаи хушсифат ва аз нигоҳи экологӣ тоза истеҳсол менамоянд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз 4,5 ҳазор гектар заминҳои ба кооперативи тиҷоратию истеҳсолии “Холдорқипчоқ” вобасташуда, 582 гектараш заминҳои обёришаванда мебошад. 300 хоҷагии деҳқонӣ, беш аз 900 нафар саҳмдорон ба хоҷагидорӣ машғуланд ва картошкапарварӣ яке аз самтҳои асосию даромадноки кишоварзӣ маҳсуб меёбад.

Аз ҷумла, аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии “Ҷасурбек” бо сарварии Низомиддин Муродов дар 80 садяк замин картошка кишту парвариш намуда, ҳосили дилхоҳ рӯёнидаанд. Навъи картошкаи “Аладин” тамъу лаззати хосаю ҳосилнокии баланд дорад, ки дар ин хоҷагӣ парваришаш васеъ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонон ва масъулину мутахассисони ноҳияи Шаҳристонро ба афзун намудани нишондиҳандаҳо дар картошкапарварӣ, хусусан васеъ намудани майдони кишту парвариши картошка, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки хоҷагидорону аҳолии ноҳияи Шаҳристон имкон доранд дар соҳаи кишту парвариши картошка, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ бештар саҳмгузорӣ намоянд. Картошкапарварӣ ба хоҷагидорону аҳолии ноҳияи Шаҳристон нисбат ба дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ даромади бештар меорад.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли картошка дар ноҳияи Шаҳристон тадбирҳо амалӣ гардида, тайи 5 соли охир масоҳати кишти картошка як баробар зиёд ва ба 2100 гектар расонида шудааст. Хоҷагидорону аҳолии ноҳия дар соли 2017 дар масоҳати 1030 гектар картошка кишту парвариш намуда буданд. Дар соли 2020-ум бошад, масоҳати кишту парвариш ба 1982 гектар расидааст. Ҳаҷми истеҳсоли картошка низ наздик як баробар зиёд гардида, аз 23 ҳазору 423 тоннаи 5 соли қаблӣ соли гузашта ба 43 ҳазору 541 тонна расонида шудааст. Дар ноҳия кооперативҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ҷамоати шаҳраки Шаҳристон ва ҷамоати деҳоти Бунҷикат аз истеҳсолкунандагони асосии картошка ба ҳисоб мераванд.

Обу хоку иқлими хос ба картошкапарварӣ, истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ- заминҳои Президентӣ, қитъаҳои замини назди корхонаю муассисаҳо, истифодаи тухмиҳои ба иқлими ноҳия мутобиқи серҳосил, риояи агротехника, кордонию таҷриба, донишу маҳорати кишоварзону сокинони ноҳия ба афзун намудани истеҳсоли маводи асосии ғизоӣ-картошка равона гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ аз намоишгоҳи картошка ва маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳо, аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан карданд.

Деҳқонони соҳибтаҷрибаю корозмудаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳамаи бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ба нишондиҳандаҳои назарраси истеҳсолӣ ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар намоишгоҳ картошкапарварони вилоят самараи дастранҷи хешро пешниҳод намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир масоҳати майдони кишту парвариши картошка афзун гардида, ҳам аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҳаҷми истеҳсоли солонаи картошка дар соли 2020 ба беш аз 512 ҳазор тонна расонида шудааст, ки ин нисбат ба 10 соли қаблӣ 2,5 маротиба ва нисбат ба 5 соли пеш, яъне соли 2017 қариб 200 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо намоишгоҳи ҳосили картошка ва сӯҳбат бо масъулону картошкапарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят таъкид доштанд, ки дар вилояти Суғд ҷиҳати васеъ намудани масоҳати кишту парвариши картошка, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дар натиҷа афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка имкониятҳо фаровон аст.

Хоҷагиҳои кишоварзию аҳолии шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Шаҳристон ва Исфара дар зиёд кардани истеҳсоли картошка ҳиссаи асосӣ дошта, ин шаҳру ноҳияҳо минтақаҳои картошкапарварӣ маҳсуб меёбанд.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои картошкапарвар дар кишти ин навъи маҳсулот таҷрибаи шоиста мавҷуд буда, хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, инфиродӣ ва аҳолӣ ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ноил мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати картошкаи истеҳсолкардаи хоҷагидорону аҳолии вилоят таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки картошкаи истеҳсоли кишоварзони мамлакат аз нигоҳи экологӣ тоза, бо таркиби табиию ғизонокӣ афзалият дорад ва хоҷагидорону мутахассисонро ҳидоят намуданд, ки дар минтақаҳои обу иқлимаш хос сифату ҳосилнокии ин маводи ғизоии асосиро боз ҳам баланд бардоранд.

Афзун карда шудани истеҳсоли картошка, ҳамчунин, натиҷаи маҳорату кордонӣ, таҷрибаи ғанӣ, риояи агротехникаи кишту обу ғизодиҳӣ ва истифодаи тухмиҳои навъҳои серҳосилу минтақабоб мебошад.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар кишту парвариш навъҳои селексияи олимони тоҷик ҳиссаи асосиро ташкил менамояд. Қисми ин навъҳо дар қитъаҳои навъсанҷии кооперативи тухмипарварии “Овчии Ғончӣ”-и ноҳияи Деваштич офарида, ноҳиябандӣ шудаанд.

Дар баробари афзун намудани истеҳсоли картошкаи ғизоӣ 4 хоҷагии тухмипарварии вилоят – кооперативҳои тухмипарварии “Овчии Ғончӣ”, “Хӯҷаҳо”, ба номи Қурбонов, хоҷагии деҳқонии “Ғелониён”-и шаҳри Панҷакент ва Асотсиатсияи картошкапарварони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар истеҳсолу таъмини кишоварзон бо тухмии картошка саҳми арзанда доранд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд давоми 5 соли охир масоҳати кишту парвариши картошка зиёд гардида, аз 16 ҳазор гектари соли 2017 дар соли 2020 ба 23 ҳазору 140 гектар расонида шудааст. Соли равон дар майдони 25 ҳазору 500 гектар картошка парвариш карда мешавад.

Тайи солҳои охир дар қисми водии шаҳру ноҳияҳои вилоят кишту парвариши картошкаи барвақтӣ ҷорӣ гардида, аз ин ҳисоб низ ҳаҷми истеҳсолро зиёд менамоянд. Дар 6 моҳи соли равон дар вилоят аз ҳисоби кишти барвақтӣ 43 ҳазору 190 тонна картошка истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазор тонна зиёд аст.

Ҳамзамон, истифодаи оқилонаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ-заминҳои президентӣ омили ҳаҷми зиёди ҳосили картошка мебошад. Дар соли 2020 ҳиссаи аҳолӣ дар истеҳсоли ҳаҷми умумии картошка дар вилоят 38 фоизро ташкил додааст.

Дар вилоят, хусусан дар минтақаҳои картошкапарварӣ дар амборҳои хоҷагиҳо ва таҳхонаҳо бо усули хоса картошка захира карда мешавад, ки аз омилҳои тамоми давраи сол бо ин маводи ғизоӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва талаботи аҳолӣ мебошад.

Ба намоишгоҳ навъҳои ғизоии картошка аз ҳисоби захираи ҳосили соли гузашта ва аз ҳисоби дастранҷи деҳқонон аз кишти барвақтии соли ҷорӣ пешниҳод гардид.

Дар намоишгоҳ кишоварзони вилоят анвои дигари маҳсулоти кишоварзӣ чун ғалла, асал, сабзавот, мева, полезӣ, маҳсулоти хоҷагии ҷангал ҳамчунин, маводи ғизоӣ аз маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоду муаррифӣ намуданд.

Кишоварзони вилояти Суғд бо истифодаи оқилонаи замин, ҷорӣ намудани агротехникаи пешрафта, таҷрибаи пешқадам, тухмиҳои серҳосил ва бо масъулияту кордонӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзун намуда, дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузорӣ менамоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти кишоварзону аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дар вазъи норасоии маводи ғизоӣ дар як қатор давлатҳои ҷаҳон вобаста ба хурӯҷу паҳншавии бемории сироятии Ковид-19, тағйирёбии иқлиму камобӣ ба амал омадааст, чунин кӯшишҳои кишоварзони мамлакат имкон медиҳад, ки талаботи аҳолӣ бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ таъмин карда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулину мутахассисон дастуру супориш доданд, ки дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир барои истифода аз захираю имкониятҳои дохилӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ талош намоянд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26224

Рубрики
Асосӣ

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон

29 июл баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Шаҳристон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва омӯзгорони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст кулли сокинони ноҳияи Шаҳристонро ба ифтихори сисолагии истиқлоли давлатӣ – ҷашни бузурги мардуми Тоҷикистон ва ифтитоҳи мактаби навбунёди замонавӣ самимона табрик гуфтанд.

Дар робита ба омодагии ноҳия ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ таъкид гардид, ки дар ҳудуди ноҳия то имрӯз дар 104 иншооти ба нақша гирифташуда корҳои ободониву бунёдкорӣ ба анҷом расонида шудааст.

Мактаби навбунёди рақами 19, ки имрӯз дар деҳаи Ободӣ барои 1240 нафар хонанда ифтитоҳ гардид, намунаи заҳмати созандаи сокинони ноҳияи Шаҳристон арзёбӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони ноҳия дар доираи сафари кории Президенти мамлакат лоиҳаи бисёр муҳим – хатти оби нӯшокӣ барои бо оби босифат таъмин намудани 10 ҳазор нафар ба истифода супорида шуд.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушду тараққиёти ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 2,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Аз ҷумла дар ин давра дар ноҳия 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло иҷрои боз 7 лоиҳаи инфрасохторӣ идома дорад.

Соли 2012 нақби “Шаҳристон” сохта, ба истифода дода шуд, ки тавассути он сокинони ноҳияи Шаҳристон ба пойтахти мамлакат рафтуомади озод доранд. Ғайр аз ин, 45 километр шоҳроҳи байналмилалии “Душанбе – Чаноқ” аз ҳудуди ноҳия гузашта, робитаи аҳолии ноҳияи Шаҳристонро бо тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя дар чор фасли сол таъмин кардааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолиро яке аз роҳҳои асосии таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Шаҳристон маънидод карданд.

Дар ноҳияи Шаҳристон то ба имрӯз 11 корхонаи саноатӣ фаъолият карда, дар панҷ моҳи соли 2021 дар онҳо ҳамагӣ дар ҳаҷми 15 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия дар 5 моҳи соли ҷорӣ ба 25 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47 фоиз зиёд мебошад.

Ноҳияи Шаҳристон барои рушди картошкапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ имкониятҳои зиёд дорад ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ва масъулини соҳаро вазифадор намуданд, ки ба масъалаи пешрафти ин соҳаҳо, зиёд намудани оилаҳои занбӯри асал, ташкили нуқтаҳои муосири фурӯши асал, ташкили коргоҳҳои бастубанди маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиши содироти он эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Таъкид гардид, ки рушди соҳаи сайёҳӣ омили муҳимми таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва сарчашмаи даромади иловагии аҳолии ноҳия мебошад ва дар ноҳияи Шаҳристон барои ин ҳадаф имкониятҳо фаровон аст.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки сокинон минбаъд низ бо кору фаъолияти созандаи хеш барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбуб, таҳкими дастовардҳои истиқлол, ҳифзи сулҳу суботи кишварамон ва таҳкими ваҳдати миллӣ саъю талоши бештар мекунанд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, Пешвои миллатро ба ноҳияи Шаҳристон хайрамақдам гуфтанд.

Баромадкунандагон бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва рушду пешрафти кишвар ба Сарвари давлат барои таъмини зиндагии шоиста ва фароҳам овардани шароити муосири илмомӯзӣ, изҳори сипоси фаровон намуданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26222

Рубрики
Асосӣ

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КИМ ҲХДТ

Имрӯз дар толори Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовини якум ва муовинони Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, баъзе раисони ташкилоти ибтидоӣ, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, фаъолони ҳизбӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ иштирок намуданд.

Рӯзномаи маҷлис аз 8 масъала иборат буд. Аз рӯйи масъалаи якум – дар бораи натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 гузориши роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ташкилотҳои ҳизбии ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли равон фаъолияти худро оид ба татбиқи қарорҳои Анҷумани XIII ва XIV ҳизб, маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Раёсати он, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақша-чорабиниҳое, ки дар ибтидои соли 2021 тасдиқ карда шуда буд, ба роҳ монда, як силсила корҳоро ба анҷом расониданд.

Фаъолияти тамоми сохторҳои ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2021 асосан ба омодагӣ ба баргузории ҷашни шукӯҳманди Ватан – 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда буд.

Дар давоми нимсолаи соли равон гурӯҳҳои таблиғотию ташвиқотии назди Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроия дар вилояту шаҳру ноҳияҳо, гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ, аъзои кумитаҳои иҷроия ва фаъолони ҳизб дар маҳалҳо баҳри таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мулоқоту машваратҳо баргузор намуданд.

Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ дар асоси дастуру тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, раиси муаззами ҳизб ҳамеша талош менамояд, ки баҳри пешгирии ҳама гуна ангезаҳои номатлуби ҷомеа ва ақидаҳои носолими мухолифини сиёсӣ, ки дар шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ба нашр мерасанд, фаъолона корбарӣ намуда,вокуниши фаврӣ нишон диҳанд.

Мавриди зикр аст, ки кормандони масъули ҳизбӣ дар фаъолияти касбии худ усулҳои замонавии кор бо ВАО-ро хеле хуб мавриди омӯзиш ва истифода қарор дода, ба маводи интиқодии ғаразноку бебунёд ҳамеша ҷавоби муносибу асоснок медиҳанд.

Ҳамаи кумитаҳои иҷроия дар шабакаи маъмултарини иҷтимоӣ – Facebook саҳифаи худро дошта, сари вақт хонандагони олами маҷозиро аз навигарию рӯйдодҳои дохилиҳизбӣ бохабар мекунанд ва ба мақолаҳои танқидию таҳлилӣ ва муғризонае, ки дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа низои динию мазҳабӣ ва нажодӣ бармеангезанд, посухи муносиб медиҳанд.

Зимни баромади худ Абдураҳмон Хонзода ишора намуд, ки дар шароити имрӯза муборизаҳои иттилоотӣ боиси ташвишу нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Дар ин замина, дарёфти роҳҳои муосири муқовимат ва усулҳои пешгирии онҳо амри зарурӣ ба ҳисоб рафта, мавриди омӯзиш қарор додани таҷрибаи пешқадами кишварҳои алоҳида ба манфиати кор хоҳад буд.

Яке аз иқдомҳои ҲХДТ ва кумитаҳои иҷроия дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар тайи солҳои охир, хусусан дар нимсолаи якуми соли 2021 тақвият бахшидани масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагию ободонӣ ҷалб намудани сокинони кишвар аст.

Бо ташаббуси сохторҳои маҳаллии ҳизб бо иштироки оммаи васеи мардум баргузории ҳашарҳои умумӣ роҳандозӣ гардидааст, ки дар ҷараёни он роҳу кӯчаҳо, боғу гулгаштҳо ва хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои ташкилоту муассисаҳо тозаву озода карда мешаванд. Ин иқдом дар пойтахти кишварамон, шаҳри Душанбе хусусияти доимиву оммавӣ касб намудааст.

Дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон майдончаи варзишӣ, бозии кӯдакон ва истироҳати калонсолонро воқеъ дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо диду тарҳи муосир бунёд намуда истодааст, ки ҳизбиёни пойтахт дар шанбегиҳои ҳар ҳафтайнаи он фаъолона ширкат варзида истодаанд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳои Суғду Хатлон дар нимсолаи сипаригардида ба ин масъала такони ҷиддӣ дода, фаъолиятҳоро дар ин бахш ба таври чашмрас густариш бахшиданд.

Сохтмони бинои истиқоматӣ дар шаҳри Исфара аз ҷониби ҳизбиёни вилояти Суғд, ки дар натиҷаи муноқишаҳои марзӣ бо кишвари ҳамсоя вайрон гардида буданд, маҳз тавассути ташаббуси аъзои ҳизб ба вуқуъ пайваст, ки аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар истиқболи гарму самимиро ба миён овард.

Ташкилотҳои ҳизбии вилояти Хатлон бо мақсади таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ташкили корҳои ободонию созандагӣ аксияҳои ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя месозем!»-ро роҳандозӣ намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббускориҳои сохторҳои ҳизбӣ дар доираи аксияҳои эълонгардида корҳои муайяни ободонӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо ҷалби саховатмандон 32 мактаб (синфхонаҳои алоҳида) дар ҳаҷми 15726 метри мураббаъ таъмир карда шуданд.

Назорати ҳаракати аъзо ва қабули сифатноки аъзои ҳизб як бахши муҳими фаъолияти дохилиҳизбиро дар бар гирифта, ба миён овардани низоми мукаммал дар ин бахш омили муваффақияти фаъолиятҳои ҳизбӣ ба шумор меравад. Тайи як соли охир ин масъала дар фаъолиятҳои ҳизбӣ афзалияту бартариятро ба худ касб намуд. Кор дар ин самт аз ташкилоти ибтидоӣ бояд бонизом ва дақиқу равшан бошад.

Ташкилотҳои ҳизбӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо робитаи мустақим бо ҷомеа ва мунтазам корбарӣ намудан бо мардумро дар фаъолияти худ вусъат бахшида, ба масъалаи шунидани муроҷиати шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо эътибори махсус медиҳанд.

Яке аз чорабиниҳои муҳими нимсолаи сипаришуда ташкил ва гузаронидани курси бозомӯзӣ барои роҳбарони сохторҳои ҳизбӣ ба шумор меравад.

Инчунин, гуфта шуд, ки имрӯз ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишварро бе Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Нақши ҳизби мо зери роҳбарии Раиси муаззами худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самту соҳаҳои муҳимтарини мамлакат намоён ва бузургу барҷаста аст. Чун ҳамеша мо шоҳиди падидаҳои беназири иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳанги мешавем дар ҳамаи ин дастовардҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши муассир ва меҳварӣ дорад.

Итминон карда шуд, ки ташкилотҳои ҳизбӣ фаъолияти худро беш аз ин тавсеа бахшида, рисолати худро дар фаъолияти минбаъда дар татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб, ки як қисми таркибии идеяҳои низоми давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушаххас гардидаанд, самимонаву содиқона анҷом хоҳанд дод.

Оид ба рафти маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гузориши муовини Раиси ҳизб Асрор Латифзода шунида шуд.

Номбурда таъкид намуд, ки баланд бардоштани масъулияти ҳизбӣ ва сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоии камфаъол бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо дар ин самт мебошад.

Дар бораи фаъолияти иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти дастгирии маъюбон ва табақаҳои ниёзманд гузориши муовини Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ шунида шуд.

Гуфта шуд, ки дар меҳвари Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахӯрону собиқадорони меҳнат ва ба ёрии тиббӣ фаро гирифтани онҳо афзалияти бештарро дорост.

Тибқи шартномаи ҳамкорӣ аз ҷониби сохторҳои ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 дар ҳамдастӣ бо вакилони маҷлисҳои вакилони халқ ва узви фаъоли ҳизб ба 18 809 нафар ниёзмандон ва маъюбону шахсони бесаробонмондаву кӯмакҳои моддӣ ва озуқаворӣ расонида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 15 нафар маъюбон дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аробачаи худрав ва маъюбӣ расонида шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо Шумоем!” низ баргузор гардид, ки аз рӯи се номинатсия дар ҷумҳурӣ 1087 нафар маъюбон ширкат варзида, ба даври ҷумҳуриявӣ 34 нафар роҳхат гирифтанд. Боиси сарафрозии зиёд аст, ки бо дастгирии роҳбарияти ҲХДТ ва ташаббуси неки вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ғолиби Шоҳҷоизаи озмун аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ба ғолиби дигари озмун аз шаҳри Душанбе хонаҳои ду ҳуҷрагӣ бо тамоми шароит дар пойтахт тақдим карда шуд.

Вобаста ба ин масъалаи рӯзнома қарори дахлдор қабул гардид.

Дар бораи саҳми ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва тақвият бахшидани фаъолияти манбаъда дар ин самт гузориши мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб Илҳомҷон Ҳамидиён шунида шуд.

Мавсуф иброз дошт, ки Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри иҷрои протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз густариши бемориҳои сироятӣ бо мақсади тақвияти корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ ва дар ин масъала сафарбар намудани фаъолиятҳои ташкилотҳои ҳизбӣ чораҳои қатъӣ андешида, корҳои мушаххасро роҳандозӣ кард.

Масъулини Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим аксияҳои «Худ ва дигаронро аз бемории COVID-19 муҳофизат менамоем», «Бе ниқоб гаштан манъ аст», «Солимии миллат – бақои миллат», «Тарзи ҳаёти солимро пеш мегирем!», «Ман ниқоб мебандам. Шумо чӣ?» дар бозорҳо ва марказҳои савдо доир намуда, тарзи ҳаёти солимро ҳамаҷониба тарғиб карданд. Зарурати масъулиятшиносӣ барои худ ва дигарон таъкид намуда, барои саломат мондан аз ин беморӣ риояи тавсияҳои коршиносонро таъкид карданд.

Тавре Раиси муаззами ҳизб зимни суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таваҷҷуҳи шаҳрвандонро ба ин масъалаи мубрам ҷалб намуда, қатъиян таъкид намуданд: «Бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо мо ба масъалаи ҳифзи саломатии мардуми худ эътибори аввалиндаҷа медиҳем».

КИМ ҲХДТ дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ ва шаҳрвандон шумораи зиёди ниқобҳои ҳимоявӣ, дастпӯшакҳо, маводи антисептикӣ ва либосҳои муҳофизатии тиббӣ ройгон дастрас намуданд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ба воситаи рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Мароми пойтахт», «Сухани халқ», «Шафақ», «Афкори халқ», «Нигоҳи халқ», “Фарвардин”, «Садоқат», «Ҳидоят», «Ҳамрози халқ», “Овози халқ”, тариқи радио ва телевизионҳои маҳаллию марказӣ зиеда аз 3000 гузоришу мақола ва 220 ролики иҷтимоӣ таҳия ва пахш гардид.

Вобаста ба пешгирии COVID-19 аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, ҳамарӯза фаъолияти худро дар маконҳои серодами пойтахт ба роҳ мемонанд. 460 мақола ва 74000 вокуниш ва хабарҳоро дар сомонаи кумитаи иҷроия ва шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳоди хонандагон гардонид. Ба 13000 нафар сокинону меҳмонон ниқобҳои муҳофизатии яккарата ва бисёркарата ройгон дастрас шуда? 4600 варақаҳои иттилоотӣ, 395 адад маводи антисептикӣ, 400 адад дастпӯш ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе тақсим карда шуданд.

КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон низ раванди баргузории чорабиниҳои таблиғотию фаҳмондадиҳиро мунтазаам инъикос менамояд. Аз ҷониби сохторҳои ҳизбӣ 32167 доир карда шуд. 113197 варақа, 23127 ниқоб, 3760 зарф (флакон) маҳлули антисептикӣ, 1018 мавод дар шабакаи Интернет, 1921 кг маводи ғизоӣ ба аъзои оилаи табибон ва беморон дастрас карда шудааст.

КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд 1336 вохӯрӣ, 7238 мулоқот бо усули хона ба хона ва кӯча ба кӯча доир намуд. Баҳри самаранокии корҳои тарғиботӣ 46 ҳазору 406 варақаи иттилоотӣ, муроҷиатномаҳои ҲХДТ, 6000 маводи безараргардонӣ, 17500 ниқобҳои яккарата тақсим карда шуд.

Фаъолияти КИ ҲХДТ дар ВМКБ низ дар ин самт дар доираи имкониятҳои мавҷуда сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби имрӯза ин бемории сироятӣ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намуда, боиси фавти шаҳрвандон, баста шудани марзҳои байнидавлатӣ, монеи робитаҳои кишварҳо дар бахшҳои мухталиф, бекории аҳолӣ ва коҳиши сатҳу сифати зиндагӣ гардида, мардумро ба мушкилот гирифтор намудааст, муҳимияти бештарро ба худ касб менамояд.

Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро муваззаф намуд, ки фаъолияти хоҷагидориро низ вусъат бахшида, дар бобати ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ бо мақсади муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, таъмини моддии аҳолӣ, фаъолият ва истеҳсоли ҳарчи бештари молу маҳсулоти озуқаворӣ дар назди кумитаҳои иҷроия тадбирҳои муҳим ва фавриро амалӣ намоянд.

Вобаста ба ин масъала низ қарори дахлдор қабул шуд.

«Дар бораи таъсис ва роҳандозии Барномаи “Махзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ” мудири бахши омор ва махзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ Салим Гадоев, «Дар бораи ахбороти муовини раиси ҲХДТ “Оид ба ворид намудан тағйиру иловаҳо ба низомномаҳои ҲХДТ” муовини Раиси ҳизб Асрор Латифзода ва «Дар бораи даъвати Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ» муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ баромад намуда, оид ба мавзуъҳои баррасишаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Аз рӯйи масъалаҳои баррасишаванда дар музокира Қиёмиддин Миралиён, Рустам Фелалиев, Аминҷон Шарифзода, Иброҳим Мирзозода, Ширин Амонзода, Абдухалил Ғаффорзода, Дилмурод Давлатзода ва Хушвахт Салимзода баромад намуданд.

Бо ҳамин, кори маҷлис хотима ёфт.

Мавриди тазаккур аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз бонуфузтарин ҳизбҳои сиёсии кишвар буда, имрӯз ҳудуди 500 ҳазор аъзо дорад. 50,5 фоизи аъзои ҳизбро занон ва 34 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Ташкилоти ҳизбии “РОҲИ СОМОН” фаъолияташро натиҷагирӣ кард

 Ҷаласаи ҳисоботи интихоботии ташкилоти ибтидоии “Роҳи Сомон” бо иштироки мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир гардид. Ҳозирин пас аз тасдиқи рӯзномаи кори ҷаласа ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Темурмалик Раҳмонов оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ шуниданд. Мавсуф дар баромадаш зикр намуд, ки бо вуҷуди он, ки ташкилоти мазкур ҳанӯз навтаъсис аст, фаъолияти ҳизбии худро хуб ба роҳ монда, дар ин давра 6 нафарро ба аъзогии ҳизб қабул намуд. Дар давраи ҳисоботӣ ду маротиба ҷаласаи ташкилот баргузор гардида, ҳар ҳафта бо иштироки аъзои  фаъол хонишҳои сиёсӣ баргузор мегардад.

Сипас аҳли иштирокдорон аъзоёни Раёсат ва раиси ташкилоти ибтидоиро интихоб карданд. Бо аксарияти овозҳо раиси ташкилоти ибтидоии “Роҳи Сомон” аъзои фаъол Алиҷон Муҳиддинов интихоб гардид.

Дар идомаи кори ҷалса рафти қабули обуна ба нашрияҳои ҳизбии  -“Минбари халқ” ва “Сухани халқ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъияти ҷавонон “Созандагони Ватан”, мудири шуъбаи ҷавонон кумиҷроияи шаҳрӣ Эҳсон Исоев аз иқдомҳои шоистаи ташкилоти ибтидоӣ дар иҷрои амалҳои хайру савоб сухан карда, барои тақвияти фаъолияти кори ҳизбӣ барор хост.

Дар интиҳои кори ҷаласа ба якчанд нафар аъзои фаъол дар вазъияти тантанавӣ Сипосномаи кумиҷроияи шаҳрӣ супорида шуд.

Рубрики
Uncategorized

АНДЕША: ФАРАҲМАНД АЗ БАҲОРИ ВАҲДАТЕМ!

Ҳамвазни калимаи саодат Ваҳдат,

Тавҳиду нубувату имомат Ваҳдат.

Сарчашмаи зиндагии пурҷӯшу хурӯш,

Сарматлаи хубию асолат Ваҳдат.

Тайи 24 соли комил мешавад, ки мо дар баҳори назокату латофати Ваҳдати миллӣ зиндагӣ менамоем. Баҳористони Ваҳдат дар тӯли 24 сол меваҳои шаҳдрез ба бор оварда, дар замини дили мову шумо меҳрдонаи умеду бовар парварида аст. Нигоҳе ба таърихи ин саодатномаи сарнавиштсоз басо самарабахшу муфид ба ҳисоб рафта, машъале дар пайроҳаи сабзи тамаддуни башарӣ ба шумор меравад. Бо гузариш аз фасле ба фасли зафару мавсими зебогиҳову ободонӣ пояҳои ваҳдати асолатофаринамон устувору баҳори бехазони ҷовидонаеро ба халқи маҳбуби тоҷик эҳдо менамуд. Имрӯз бо сарфарозӣ метавон гуфт, ки самараи ин армуғони халлоқӣ дар сифоти нодиртарин ёдгориҳо аз ҷумлаи эҳёи наврӯзи башарӣ, шинохти таърихи адабиёти ғании миллат, баҳрабардорӣ аз оинаи сӯҳбати нобиғагони диёр ва тимсоли инҳо маҳсуб меёбад. Каромоти Ваҳдати миллӣ барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ иқболи баланду нусрати раббониеро ато намуд ва дар гулшани фарҳангиву мадании хеш ёсуманҳои накҳатфизоеро дар мисоли фарзонафарзандони оламшумули миллат чӣ дар соҳаи варзишу чӣ дар соҳаи илму адабиёт парварида ба камол расонидааст.

Аслан, ваҳдати имрӯзини мо бо ишоратеву омоли чанд муддатае ба даст наомадааст. Бақои ин ваҳдати ниёгонамон ҷовидона буда, дар баробари меҳнату кӯшишҳои пайвастаи роҳбари заковатманду ваҳдатофарини миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи кӯтоҳтарин замони ба сари қудрат омадан, ба даст омадааст. Лиҳоз-о, ҳар субҳ намози шокириаш бояд хонду санои ин абармарди роҳи бекаронаи сиёсатро гуфт.

Саодатномаи дилҳост Ваҳдат,

Шарофатномаи яктост Ваҳдат.

Чу номуси дили соҳибдалерон,

Ба дилҳо пояаш барҷост Ваҳдат.

Ҷавонони зодаи замони истиқлолу озодӣ фархундарӯз аз онанд, ки ғунчаҳои сарсабзи чаманистони саодатанд ва фараҳманд аз баҳори Ваҳдату осоиштагӣ.

Умедҷони Амонӣ

Аъзои фаъоли ТҶҶ”Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ Ашт

Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Душвориҳо паси сар мешаванд!

​     Кормандон ва тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ​ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро баҳри пешгирии бемории сироятии “COVID-19 ” идома дода, ​ ба шаҳрвандон Муроҷиатномаи ҲХДТ, мавдҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва ниқобҳои муҳофизатиро ​ дастрас намуданд. Зимни сӯҳбати рӯ ба рӯ​ бо мардум, таъкид карда​ шуд, ки​ аввалан​ дар роҳи пешгирии ин беморӣ бояд ҳар як нафар масъулиятро эҳсос намояд.​ Манзили худро тозаю озода нигоҳ дорад. Гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқоби тиббӣ, дар вақти зарурати​ баромадан ба кӯча масофаи байниҳамдигаро риоя намоянд. Худ ва наздиконро эҳтиёт намоянд.

Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ТИ КВ “ЭКГҚ”

       Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ КВ “Экспедитсияи  комплексии геологии Қайроққум”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо иштироки фаъолон маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар маҷлис  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Абдуллоев Ғуфрон Нуруллоевич  оид ба фаъолияти ташкилот ҳисобот дод. Дар ҷараёни маҷлис дигар масъалаҳои рӯзнома низ мавриди муҳокима қарор гирифта шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Рубрики
Uncategorized

Ашт: Мулоқот дар ташкилоти ибтидоӣ

Масъулини  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт корҳои фаҳмонидадиҳиро дар ташкилотҳои ибидоӣ ҷонок намуда, ҳамчунин масълиҳатҳои мудид оид ба пешбурди корҳои ҳизбӣ масълиҳатҳо медиҳанд. Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Ҷамоати деҳоти Ашт бо аъзоёни фаъоли ташкилот мулоқот доир намуданд.

 Зимни сӯҳбат атрофи сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, инчунин  ҷиҳати  пешгирии бемории сироятии «КОВИД 19» суханронӣ намуд.