Рубрики
Uncategorized

Конибодом: Истиқлолат поянда бод, Тоҷикистони азиз!

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаи 30 – юми август чорабинии тантанавии ҳизбиёни шаҳри Конибодом ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, роҳбари дастгоҳ – мудири шуъбаи ташкилии кумиҷроияи вилоятии ҳизб Исматҷонов Бахтиёр, муовини Раиси шаҳр Ғафурзода Заррина ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир баргузор гардид.

Қисмати расмии чорабинӣ бо баромади табрикии Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб оғоз ёфт. Баъдан, намояндаи кумиҷроияи вилоятии ҳизб номаи табрикии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр номаи табрикии Раиси шаҳр Тӯхтасунзода Абдусаломро ба самъи ҳозирин расониданд.

Сипас, якчанд фаъолони ҳизбӣ бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом қадрдонӣ карда шудаанд.

Қисмати фарҳангии чорабиниро ҳофизони бахши фарҳанги шаҳр бо сурудҳои дилнишини худ ва композитсияи идона рангин намуданд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

ИСТАРАВШАН: Истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст.

АНДЕШАҲО: Ман ҳамчун корманди собиқадори Кумитаи амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита шоҳиди ҳамаи ҳодисаҳои солҳои 1990-1991, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва солҳои баъдӣ, аз ҷумла Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошам. Расман қайд менамоям, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо ва мардуми заҳматкаши мо қабл аз ҳама роҳбари хирадманду доно, инсони комил, марди бузург ва фарзанди фарзонаи даврон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дод, ки дигар ҳамаи пешравию дастовардҳо маҳз бо саъю талошҳои ин инсони бузург робитаи мустаҳкам доранд. Агарчи 1-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардида бошад ҳам, то барпо гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар моҳи ноябри соли 1992 ва интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ давлати мо пурра соҳибихтиёр набуд ва ба майдони дастёбии манфиатҳои сиёсиву иқтисодии давлатҳои гуногун ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву боғараз мубаддал гашта буд. То Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ягон рукни давлатдорӣ кор намекард, вазорату муассисаҳо ва ҳатто сохторҳои қудратӣ фалаҷ гардида буданд ва танҳо дар рафти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тамоми рукнҳои давлатдорӣ аз сари нав ба по монда шуда, ба фаъолияти вазифавии худ шурӯъ намуданд. Барпо намудани чунин як Иҷлосияи таърихсоз кори осон набуд, барои ҷамъ намудани тарафҳои муқобил, таъмин намудани амнияти чӣ тарафдорони давлати демократӣ ва чӣ мухолифин аз тарафи роҳбарони мақомоти қудратӣ, дӯстони беғараз аз давлатҳои ҳамсоя заҳмати зиёдеро талаб мекард. Ман ҳамчун роҳбари муҳофизони собиқ Президенти кишвар Раҳмон Набиев дар рӯзҳои аввали Иҷлосия ӯро ҳамроҳӣ мекардам, бовар надоштам, ки Иҷлосия ба қабул намудани қарорҳои зарурӣ ноил мегардад ва Раҳмон Набиев ба истеъфои худ розӣ мешаванд. Хушбахтона, Раҳмон Набиев вазъияти ногувори ба амал омадаро ба назар гирифта, мардонавор баҳри таъмини якпорчагии кишвар ва ояндаи миллати тоҷик аз вазифа даст кашида, ба сарвари тозаинтихоби Ватанамон Эмомалӣ Раҳмон фотиҳаи нек доданд. Интихоби ҳамкори мо Саидамир Зуҳуров ба вазифаи Вазири амният низ боиси ифтихори мо гардида, суханҳои аввалини Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи мо – кормандони амният, ки аз бесарусомонӣ ва таназзули давлат хеле азоби руҳӣ ва ҷисмонӣ кашида будем, хеле маъқул ва ҷонбахш буданд. Дар ҳақиқат ман дар симои Эмомалӣ Раҳмон соҳиби тавонои давлатро, ки аз байни халқи оддӣ баромадааст, дидам. Буданд ашхосе, ки Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари муваққатии Шӯрои Олӣ меҳисобиданд. Хушбахтона, тири онхо хок хӯрда, худашон ҳам аз вазифа ва ҳам аз мамлакат бебозгашт дур рафтанд.Рӯзе, ки оши оштӣ барпо гардид ва тарафҳо Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯса мекарданд, мо беихтиёр ашки шодӣ рехтем ва сари мизи дӯстона нишаста худо мегуфтем, ки ояндаи мамлакати мо обод бошад. Ҳаминро ҳам қайд карданӣ ҳастам, ки бадхоҳони Ватанамон ҳатто дар Иҷлосияи баъдӣ, ки бояд 24-уми декабри соли 1993 баргузор мегардид, низ халал ворид намуда, намегузоштанд, ки вакилони мардумӣ барои иштирок дар Иҷлосия ба шаҳри Душанбе парвоз кунанд ва бо таркондани кӯпруки ағбаи Анзоб мехостанд якпорчагии Ҷумҳурии азизамонро аз байн баранд. Ҳазорон шукр, ки Пешвои миллатамон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва муҳофизони сохти конститутсионӣ, сохторҳои қудратӣ, ба хусус, чекистони ҷумҳурӣ дар ҳамаи лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ далериву шуҷоат ва ақли солимро истифода намуда, аз вазъиятҳои хеле душвор сарбаландона берун гашта, оромиву осудагии кишвар ва умуман истиқлолияти кишвари азизамонро таъмин намуданд.Бинобар ин гуфтаниам, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар роҳи ба даст овардани Истиқлолияти воқеъии мамлакат аз роҳбари давлат сар карда то ҳамаи муҳофизони сохти конститутсионӣ ҷонбозиҳои зиёд намуданд. Дар натиҷаи саъю кӯшишҳои Пешвои миллат ва фарзандони содиқи Ватан қабл аз ҳама сулҳу ваҳдати миллӣ ба даст омад ва дар заминаи ҳамин Тоҷикистони мо ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.

Мирзо Олимов, полковники мустаъфии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК Дар миёни ҷашнҳои миллии мо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ мақом ва ҷойгоҳи махсусро дорост ва сол ба сол қимати таърихиаш боло рафта истодааст. Зеро ин санаи таърихӣ дар саҳифаҳои соҳибистиқлолии кишвар яке аз воқеаҳои нодири таърихист. Дар давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба куллӣ тағйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ бо эҷоди ташаккули давлатдории миллӣ тадриҷан ҳалли худро пайдо намуданд. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дастовардҳои таърихии халқи тоҷик мебошад, зеро бо шарофати ин неъматҳо мардуми мо аҳлона заҳмат кашида, то имрӯз садҳо иншоотҳои хурду бузургро бунёд намуданд, фаъолияти корхонаҳои саноатиро аз нав барқарор карданд, ба соҳаи кишварзӣ таккони ҷиддие бахшиданд. Мо, омӯзгорон, бояд доимо ба шогирдон дар бораи дастовардҳои солҳои Истиқлолият ҳарф занем, аз ҷавонон даъват ба амал орем, ки ба қадри сулҳу субот ва истиқлоли миллӣ, амнияти диёри азизамон, осмони софу беғубори он бирасанд. Ба донишҷӯён фаҳмонем, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол шукри ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси ин сарзамини офтобрӯяро кунад. Зеро Сарвари мамлакат барои аз бар намудани илму дониши замони муосир тамоми шароити таҳсилро фароҳам овардааст.

Раиса Фозилхонова, омӯзгори Коллеҷи тиббӣ

Дар зарфи 30-соли соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик ба як силсила дастовардҳои бузург ноил гардид, ки онҳо имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ кушода доданд.Солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҳукумати мамлакат муяссар гардад, ки ба бунёди роҳу нақбҳо, нерӯгоҳу хатҳои интиқоли барқ машғул шуда, садҳо корхонаҳои саноатӣ, зерсохтори асосии коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатии кишварро эҳё намуда, барои болоравии нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон замина гузорад. Обод гардидани садҳо километр роҳҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, қомат афрохтани даҳҳо иншоотҳои ҷашнӣ, даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад.Ин дастовардҳо шаҳодати равшани он аст, ки мо дар ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилона ва кору фаъолияти созандаву ободкорона дар солҳои наздиктарин барои ҳар як фарди кишвар зиндагии шоиста ва ободу озод фароҳам меорем.Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи тавонбахши ҳаёт мебошад.

Азизулло Маҳмадуллоев- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан

Истиқлолият неъмати бебаҳо ва пурарзишу муқаддас мебошад. Бисёр қавму миллатҳо, ки шумораашон миллионҳо нафарро ташкил медиҳанд, бо баробари орзуи давлати соҳибистиқлолро доштан, ба он расида наметавонанд. Маҳз бо шарофати соҳибихтиёриву соҳибистиқлолӣ ба мо мушарраф гардид, ки анъана, фарҳанг, таърихи ниёгонро дубора эҳё намоем. Аз ҳама муҳимтар мо ҳаллу фасли тақдири худро ба дасти худ гирифтем.Тӯли 30-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди кишварамон бисёр дигаргуниҳои куллии иқтисодӣ – иҷтимоӣ, илмӣ – фарҳангӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар ин давра дар мамлакат теъдоди зиёди корхонаҳои саноатӣ, шоҳроҳҳои байналмиллалӣ, нақбу роҳҳои оҳан сохта ба истифода дода шуданд.Мамлакат дар натиҷаи амалӣ гардидани ҳа-дафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бумбасти коммуникатсионӣ баромад, истиқлолияти энергетикӣ ба даст оварда шуда, амнияти озуқаворӣ таъмин гардид. Одилона қайд бояд кард, ки ҳамаи ин корҳои бузург бо ҷаҳду талош ва кӯшишу ғайрати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро шуд.

Зебонисо Раҳимова – раиси ташкилоти ибтидоии «Сино»

Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: Нурест ба дидагони мо – истиқлол

Тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳия барномаи адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Нурест ба дидагони мо-Истиқлол” баргузор гардид, ки дар он аъзои Раёсати Кумиҷроияи вилоятӣ, раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм, намояндаи КИВ, сармуҳаррири рӯзномаи “Сухани халқ” Абдусабури Абдуваҳҳоб, аъзоёни Раёсати кумиҷроияи ноҳия, раисон ва аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.Раиси кумиҷроияи ноҳияи Айнӣ Рузибой Раҳимзода барномаи адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони ““Нурест ба дидагони мо-Истиқлол”-ро кушода, зикр намуданд, ки “Истиқлолият нишони ҳуввият, озодӣ, ифтихор, номус, рамзи саодат аст. Аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ифтихор аз он доранд, ки 30-сол қабл, бо роҳнамоиҳои фарзанди сулҳофари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин хишти пойдевори Истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории нави миллии худро ниҳода, аз шарофати ин ҷашни бузурги миллӣ, соҳиби рамзҳои давлатӣ Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем”. Дар ҷараёни чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм баромад намуда, кулли аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айниро бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давалтӣ табрику шодбош намуда, чунин баён намуданд: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басо мушкилу мураккаби хомуш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа, ба даст овардани Истиқлолият нақши босазои худро гузошт.Дар даврони Истиқлолият, дар самти ташаккули маънавиёти ҷавонони кишвар, хизматҳои ҳар яки аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб бесобиқа ва арзишманд аст. Замоне, ки кишварро буҳрони маънавӣ ва ҷавонони минтақаҳои гуногунро ҳисси кинаву нафрат, нисбати ҳамдигар фаро гирифта буд, ҳизб ташаббуси ташаккул додани афкори умумро ба даст гирифта, баҳри решакан намудани унсурҳои маҳалгарои байни ҷавонони кишвар нақши муассир гузошт.Ҳамзамон, намояндаи кумиҷроияи вилоятӣ А.Абдуваҳҳоб табрикоти раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғдро ба саҳми аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб расонида, дар самти амали намудани Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, ки барои зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст, муваффақиятҳои беназирро таманно намуданд.Собиқадори ҳизб Ҳусейн Ҷураев вазъияти солҳои 90-умро мавриди таҳлил қарор дода, доир ба таърихи ба даст овардани Истиқлолият дар кишвар маълумоти муфассал дода, даъват ба амал оварданд, ки ҳар яки мо бояд дар бари Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қомат рост намуда, дар иҷрои ҳадафҳои бунёдкоронаи он саҳмгузор бошем, сафамонро зиёд намуда, дар пойдории Истиқлоли меҳан нақши муассир гузорем.Сипас, бо иштироки аъзоёни Раёсат, ба аъзоён ва фаъолони 70 – ташкилоти ибтидоии назди кумиҷроияи ноҳиявӣ Сипоснома ва туҳфаҳои таъсисдодаи Кумиҷроияи ноҳиявӣ дар фазои идона тақдим гардида, инчунин, якчанд ҷавонони фаъол, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаи ҳизбиашон супорида шуд.Дар интиҳои барномаи фарҳангӣ-адабии кумиҷроияи ноҳия, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои ҷадид, ки васфи Истиқлолро тараннум менамуд, табъи аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро болида намуданд.

Рубрики
Асосӣ

Мулоқот бо Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас

30 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маасро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон, мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро матраҳ намуданд.

Вазъи пурпечутоб ва ташвишовари Афғонистон меҳвари гуфтугӯ байни ҷонибҳо буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар роҷеъ ба вазъи мураккаб дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори ташвиш карда, назари кишвари моро ба ҳолати кунунӣ ва паёмадҳои он ироа кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки яке аз омилҳои ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон ин таъсиси Ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ мебошад.

Сарвари кишвар бо такя ба нақши СММ таъкид кард, ки таҳти сарпарастии ин Созмон ва иштироки фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаккули Ҳукумати фарогир дар Афғонистон тадбирҳои лозима андешида шаванд.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳолати ниҳоят мушкил, кишварҳои қудратманд бояд бетарафиро пеша накунанд ва барои истиқрори вазъ дар ҳамсоякишвар кушиш ба харҷ диҳанд, дар акси ҳол Афғонистон метавонад ба ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ кашида шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кард, ки бо дарназардошти буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ба мардуми Афғонистон мусоидати ҳаматарафаи мақсаднок расонида шавад.

Ҳамзамон ба расонидани кумак дар таҳким ва ҳимояи марз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷониби Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва ҷомеаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд..

Ҷонибҳо аз эҳтимоли мубаддал гардидани Афғонистон ба пойгоҳи террористони байналмилалӣ изҳори нигаронӣ карда, омодагии хешро барои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ изҳор доштанд.

Вазири федералии корҳои хориҷии Олмон дар муътадил намудани вазъ тавассути гуфтушунидҳо ва таъсиси ҳукумати фарогир мусоидат намуданро иброз намуд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26419

 

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли яхмос ва маҳсулоти қаннодии ҶДММ “Эскимо Мастер” дар шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Эскимо Мастер”-ро мавриди истифода қарор дода, бо раванди истеҳсолот дар он аз наздик шинос шуданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Зариф Раҷабов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз Федератсияи Русия ба истиқболи ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки самти асосии фаъолияти корхона асосан ба истеҳсоли яхмос ва маҳсулоти қаннодӣ равона гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як сол наздики 500 тонна маҳсулот мебошад.

Корхонаи навтаъсис дар пойтахти мамлакат дар масоҳати 0,5 гектар замин қомат афрохта, аз бинои истеҳсолии дуошёна ва маъмурӣ бо 20 ҳуҷраи корӣ иборат аст.

Хатҳои истеҳсолии корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб гардиданд.

Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз кардани боз як корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе 220 нафар сокини маҳаллӣ, асосан духтарону занон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкорӣ ва созандагӣ дар самти таъсиси корхонаи нави саноатӣ, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии мамлакат равона шудааст, изҳори сипос карда, бо мақсади фаъолияти босамар ва тақвияти иқтидори истеҳсолии корхона маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти хом барои коркард ва бандубасти истеҳсолот ба “Эскимо Мастер” аз корхонаҳои ватанӣ дар асоси ҳамкорӣ ва шартномаи дутарафа харидорӣ ва дастрас мегардад ва қабл аз коркард дар озмоишгоҳи корхона мавриди ташхис қарор дода мешавад.

Раванди истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи муосири саноатӣ дар асоси талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, бо сифати баланд зери тамғаи “Эскимо М” пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад.

Маҳсулоти корхона дар асоси ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ дар марҳилаи аввали фаъолият ба бозори истеъмолӣ бароварда шуда, бо афзудани иқтидори истеҳсолӣ маҳсулоти босифати ватанӣ ба кишварҳои ҳамсоя низ бо дарназардошти шароити банду баст ва интиқол содирот карда хоҳад шуд.

Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе ивазкунандаи воридот буда, аз лиҳози тамъу сифат бартарии зиёд дорад.

Дар корхона барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр, аз ҷумла яхмосу кулчақандҳо се яхдони гуногунҳаҷм мавҷуд буда, кормандон бо либоси ягона ва хӯроки серғизои нисфирӯзӣ таъмин мебошанд.

Дар корхона баробари биноҳои истеҳсолию маъмурӣ ва дигар иншооти ёрирасон инчунин ошхонаи барҳаво сохта шудааст.

Бо мақсади интиқол додани маҳсулоти тайёр ба нуқтаву марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар корхона нақлиёти махсус мавҷуд аст. Тавассути нақлиёти мазкур маҳсулот беосеб ва бо сифат ба бозори истеъмолӣ бароварда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ва суҳбати самимӣ бо кормандону масъулони корхона аз гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёри корхона дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 20 номгӯи яхмос ва 10 навъи маҳсулоти қаннодӣ, ки дар корхона мувофиқ ба талаботи муосир истеҳсол ва бастабандӣ мегардад, муаррифӣ карда шуд.

Сарвари давлат зимни боздид аз истеҳсолоти тайёри корхона барои истифодаи боз ҳам пурраи имконоту иқтидори мавҷуда дар мамлакат ба роҳбарияти корхона ва дигар шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Роҳбарияти корхона ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар фурсатҳои наздик бо афзудани иқтидори истеҳсолӣ шумораи кормандонро бештар ва содироти маҳсулоти ватаниро ба хориҷи кишвар ба роҳ мемонанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи муосири саноатиро дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми шоиста ва саҳми босазо дар пешрафту шукуфоии мамлакат арзёбӣ карда, масъулонро барои дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони ватанӣ бобати бунёд ва рушди истеҳсолот дар кишвар вазифадор карданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26403

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.” дар шаҳри Душанбе

Дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Композит Т.А.”-ро ифтитоҳ намуданд.

Бунёди корхона дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олии стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 17 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.” оғози расмӣ бахшида буданд.

Дар корхона зиёда аз 150 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин шуда, дар як сол то 150 километр қубурҳои қутрашон гуногуни аз 300 то 3000 миллиметр истеҳсол мекунанд.

Истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ бори аввал дар кишвар ба роҳ монда мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, баробари таъмини кишвар содироти он ба хориҷи мамлакат низ ба роҳ монда мешавад.

Боиси тазаккур аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Композит Т.А.” корхонаи муштарак буда, дар ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои бонуфузи озарбойҷонӣ – “Азкомпозит” таъсис дода шудааст.

Корхона тасмим гирифтааст, ки дар муҳлатҳои наздиктарин мутахассисони маҳаллиро тайёр кунанд, ки минбаъд маҳсулоти корхонаро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол намоянд.

Таҳлилҳо нишон доданд ки истифодаи қубурҳои шишапластикӣ ҳангоми истеҳсоли он дар дохили кишвар аз лиҳози иқтисодӣ манфиатовар мебошад. Қубурҳои мазкур новобаста аз дарозӣ ва ҳаҷм хеле сабук буда, аз лиҳози насбнамоӣ ва истифодабарӣ хеле содда ва осон аст. Инчунин, қубурҳои шишапластикӣ ба фишори баланд тобовар буда, оташбардор мебошад.

Барои истеҳсоли қубурҳо асосан маҳсулоти қуми кварсӣ, нахи шишагин ва қатрон истифода мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конҳои қуми кварсӣ хеле зиёд ба назар расида, истифодаи васеи ин намудаи ашёи хом аз дохили кишвар ба нақша гирифта шудааст. Дигар намуди ашёи хом то пайдо намудани манбаи дохилӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.

Пас аз ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии автобусҳо иштирок намуданд.

Автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи «Акиа Ориё» истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ, бо номгузории тоҷикӣ – “Акиа Ориё” оғоз намуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия моҳи январи соли 2018 фаъолиятро оғоз намуда, автобусҳои замонавии тамғаи “Акиа”-ро истеҳсол мекунад ва дар самти саноатикунонии босуръати кишвар саҳм мегузорад.

Дар айни замон аз ҷониби корхонаи муштарак ба таври силсилавӣ автобусҳо бо дарозии 8 ва 12 метр истеҳсол гардида, банду баст ва тарҳрезии автобусҳои дуошёна, автобуси таъиноти байнишаҳрӣ, автобуси бо гази табиӣ ҳаракаткунанда, электробус ва электро-троллейбус идома дорад.

Ҳамчунин корхонаи муштарак як адад электро-троллейбуси худрави озмоишии навро истеҳсол намуд, ки он муҷаҳҳаз бо техника ва технологияҳои нав, ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ва дорои иқтидорӣ ҳаракати автономӣ ба масофаи то 40 километр роҳ бе пайвастшави ба хатти нерӯи барқ аз ҳисоби нерӯи барқи ҷамъкардааш дорад.

Дар баробари ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй будани воситаи нақлиёт симои зоҳирӣ ва дохили он ба таври замонавӣ бо мақсади рафтуои бароҳати мусофирон тарҳрезӣ карда шудааст.

Корхона инчунин электробуси замонавии озмоишии навро бо тарҳи замонавӣ истеҳсол намуд, ки муҳаррики он пурра бо нерӯи барқ фаъолият карда, то масофаи 200 километр роҳ бо нерӯи барқ ҳаракат менамояд, ки аз лиҳози экологӣ яке аз безарартарин нақлиёт дар олам ба ҳисоб меравад.

Илова бар ин, бо назардошти ба инобат гирифтани содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои эҳтиёҷдор ба автобуси муҳаррикаш бо гази табиӣ ҳаракаткунанда дар заминаи имкониятҳои корхонаи муштарак тарҳрезӣ гашта, истеҳсол намудааст.

Дар баробари вазифаҳои тарҳрезигардида дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 амалигардонии ҳадафҳо дар самти ҳифзи муҳити зист ва фароҳам овардани шароити хуб барои ҳамлу нақли мусофирон бо харидори намудани автобусҳои наву муосир, электробусҳои замонавии ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй марҳила ба марҳила мавриди татбиқ қарор дода шуда истодааст, ки дар ин самт низ корхонаи муштарак кору фаъолияти худро равона намудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол то 300 адад воситаи наклиётро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ 150 нафарро ташкил медихад.

Маҳз баланд бардоштани савияву малакаи мутахассисони маҳаллӣ барои сари вақт истехсол ва банду басти автобусҳо бо максади супоридани онхо ба корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе имконпазир гардонид ва айни замон муддати 3 сол аст, ки шумораи автобусҳои таҳвилёфта ва дар кишвар истеҳсолгардида дар хатсайрҳои пойтахт ба хизматрасонии ҳамлу нақли сокинон ва меҳмонони пойтахт равона гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити муосири хизматрасониву мусофиркашонӣ тавассути воситаҳои нақлиёти нав бо истифодаи имконоту иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт ва роҳандозии содироти автобусҳои истеҳсолшаванда дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26404

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи забҳхонаи Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” дар шаҳри Душанбе

Дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ забҳхонаи Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ карданд.

Забҳхона дар масоҳати 1,7 гектар бунёд гардида, аз биноҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасони муосир иборат мебошад.

Инчунин, дар ҳудуди забҳхона бо риояи ҳама талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ инфрасохтори муҳандисӣ, аз қабили хатти оби нӯшокӣ ва техникӣ, хатти қувваи барқ, коррезӣ ва селпарто гузаронида шудааст.

Бинои истеҳсолӣ аз ҷойи қабули паранда, коргоҳи забҳ ва кандани парҳо, шустан ва хунук кардани гӯшти паранда, коргоҳи ба қисмҳо ҷудо кардани паранда ва банду баст, сардхонаҳои махсуси яхкунандаи гӯшт ва сардхона-анборхонаҳо бо нигоҳдории маҳсулот то 18 дараҷа хунукӣ иборат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ҷараёни забҳ бо тарзи ҳалол сурат мегирад.

Таҷҳизоти забҳкунанда аз ширкатҳои аврупоӣ ва чинӣ, ки дар бозори кишварҳои ҷаҳон мақоми хос доранд, харидорӣ карда шуда, асбобҳои забҳкунанда аз пӯлоди махсус, ки барои соҳаи хӯрокворӣ истифода мешавад, омода карда шудааст.

Бо мақсади муайян намудани сифати маҳсулот лабораторияи махсус ташкил карда шудааст, ки дар рафти корҳои забҳкунӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз рӯи сифат, намуд, андоза ва дигар нишондиҳандаҳои зарурӣ назорату корбарӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ниҳояти истеҳсолот маҳсулоти тайёр ва маҳсулоти банду бастшуда дар сардхонаҳои махсус ҷой дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки бори аввал дар забҳхона сардхонаи яхбандии амиқи ҳалқапеч васлу насб гардида, дар айни замон дар кишвар беназир ба ҳисоб меравад. Сардхонаи мазкур дар ҳарорати 40 дараҷа хунукӣ фаъолият намуда, қисмҳои парандаро бо иқтидори 3 ҳазор килограмм дар 1 соат то 18 дараҷа хунук менамояд. Таҷҳизоти сардхонаҳо аз ширкати бонуфузи хитоӣ “СиБиЭфАй” (“CBFI”) харидорӣ гардидааст.

Ин таҷҳизот имкон фароҳам меорад, ки гӯшти паранда сифат ва ғизонокии худро гум накунад, зеро дар муддати кӯтоҳ яхкунонида мешавад. Инчунин, бартарияти таҷҳизоти мазкур дар он аст, ки фаъолияти он пурра ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст.

Баъд аз анҷом ёфтани раванди истеҳсолот маҳсулоти тайёри ниҳоӣ дар 2 сардхона-анборҳо, ки ҳарорати дохили онҳо 18 дараҷа хунук мебошад, то ба фурӯш баровардан, нигоҳдорӣ карда мешаванд.

Иқтидори се сардхона-анборҳои дар забҳхона бунёдгардида 10, 150 ва 300 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо маҳсулоти истеҳсолшуда дар муддати дароз аз рӯи меъёрҳо нигоҳдорӣ карда мешавад.

Барои мунтазам фаъолият намудани забҳхона беш аз 15 техника ва механизмҳои махсус кор фармуда мешаванд, ки меҳнати кормандонро сабуктар менамояд.

Ҳаҷми умумии маблағи бунёди забҳхона 51 миллион сомониро ташкил дода, дар доираи фаъолияти забҳхона 100 ҷойи кории нав таъсис ёфтааст.

Коргарон бо шароити хуби корӣ, бахусус маоши сазовор, ошхона, либосҳои корӣ, ҷой барои истироҳат таъмин мебошанд.

Дар баробари бунёди коргоҳ, роҳбарият ҷиҳати пешбурди корҳои ободонии гирду атроф ва дохили забҳхона чораҷуӣ карда, дарахтҳои ҳамешасабз ва ороишӣ шинонидаанд.

Бори дигар ёдовар мешавем, ки фаъолияти Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” идомаи занҷираи арзиши иловашудаи ширкат буда, мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, бахусус таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст.

Ин тадбир ҳамчунин ҷиҳати ғанигардонии бозори истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи гӯшти парҳезӣ амалӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки бо бунёди комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Душанбе 270 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ширкат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватандӯст барои бунёди чунин коргоҳи муосир, дастгирии ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, изҳори сипос карданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26402

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи Комплекси агросаноатии мурғпарварии ҶДММ-и “Мармарӣ” дар ноҳияи Данғара

Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Себистон нахуст бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти инкубатори корхона оғоз бахшиданд.

Барои сохтмони инкубатор дар деҳоти Себистони ноҳияи Данғара 1 гектар замин ҷудо гардид. Масоҳати сохтмони зери бинои инкубатор беш аз 2000 метри мураббаъро ташкил дода, калонтарин инкубатор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин ҷо биноҳои истеҳсолии ҳозиразамон ва иншооти ёрирасон бо насби таҷҳизот ва технологияи навтарин, инчунин гузаронидани системаи инфрасохтори муҳандисӣ бо дарназардошти талаботҳои санитарӣ – эпидемиологӣ сохта ба истифода дода шуд.

Иншоот аз минтақаи коркарди санитарии техника, ҷойи қабули тухми инкубатсионӣ, сардхонаи нигоҳдории тухми инкубатсионӣ, ҳуҷраи гузоштани тухми инкубатсионӣ бо аробаҳои махсуси қуттидор, толори ҷевонҳои инкубатсионӣ, толори ҷевонҳои чӯҷабарорӣ, ҳуҷраи эмгузаронӣ ва ҳуҷраи таҳвили чӯҷаҳо иборат мебошад.

Иқтидори солонаи барориши чӯҷа дар инкубатор зиёда аз 5 миллион сарро ташкил медиҳад, ки аз ин 3 миллион сарро ба мурғхонаи комплекси парандапарварии “Мармарӣ” барои парвариш таҳвил медиҳанд. Чуҷаҳои боқимондаи корхона барои таъмини дигар мурғхонаҳои кишвар бо чӯҷаҳои хушзоти гӯштӣ пешниҳод мегардад.

Барои таҳвили чӯҷаҳо аз инкубатор ба мурғхона техникаи махсусгардонидашуда бо мақсади риояи талабот ва меъёрҳои муайяннамудаи соҳа дастрас карда шудааст.

Дар ин ҷо низ коргарон бо шароити хуби корӣ, бахусус маоши баланд, ошхона, либосҳои корӣ, маҳлулҳои безараргардонии гигиенӣ ва ҷойи истироҳат таъмин мебошанд.

Таҷҳизоти инкубатор ба ҳама талабот ҷавобгӯ буда, истеҳсоли ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин “ИАЙ Фарминг” (EI Farming) мебошад, ки дар бозорҳои давлатҳои Аврупо ва Осиё мавқеи назаррасро ишғол менамояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баъди ифтитоҳи бинои инкубатор дар деҳоти Себистон фабрикаи парандапарварии мурғи гуштии комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ карданд.

Корхонаи замонавӣ бо мақсади идомаи амалигардонии иқдому нақшаҳои созанда, расидан ба ҳадафҳои стратегии саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёд гардидааст.

Комплекси агросаноатӣ бо дарназардошти таъмини бозори истеъмолии пойтахти мамлакат, ки таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дорад, ҷиҳати сари вақт ва бо сифати аъло пешниҳод намудани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ фаъолияти худро пеш мебарад.

Ҳудуди мурғхона 22,75 гектар заминро дар бар гирифта, дар он бинои маъмурӣ, 12 фермаи парвариши паранда, 4 анбор, бинои санитарӣ, 2 минтақаи коркарди санитарии техника ва обанбор сохта шудааст.

Дар ҳар як ферма то 30 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад ва давраи парвариш 45 рӯзро дар бар мегирад.

Бо истифода аз иқтидори ҳамаи мурғхонаҳо имкон аст, дар як сол зиёда аз 3 миллион сар мурғ парвариш карда шавад.

Маблағи умумии сармояи ба бунёди корхона ҷалбгардида 104 миллион сомониро ташкил дода, дар он якҷоя бо инкубатори корхона зиёда аз 160 ҷойи кории нав таъсис дода шудааст. Аз ин шумора мутахассисони касбии сатҳи олӣ ва кормандони қаториро шаҳрвандони кишвар дар бар мегирад.

Дар фермаҳо таҷҳизоти муосири ширкатҳои аврупоӣ ва хитоӣ насб гардидааст, ки аз хатҳои хӯрокдиҳӣ, обдиҳӣ, равшанидиҳӣ, гармидиҳӣ ва ҳавотозакунӣ иборат мебошанд.

Инфрасохтори ҳудуди мурғхона бо хатти барқ ва хатти об таъмин гардида, роҳҳои он мутобиқ ба стандартҳо мумфарш карда шудааст.

Дар иншооти мазкур барои мунтазам фаъолият намудани мурғхона шароит фароҳам оварда шуда, дар баробари ин зиёда аз 20 техника ва механизмҳои махсус истифода мешаванд.

Баробари ба кор ҷалб кардани сокинони маҳаллӣ барои онҳо шароити беҳтари корӣ низ ташкил гардидааст, аз ҷумла онҳо бо хӯроки гарм, либоси корӣ, маоши хуб ва лавозимоти корӣ таъминанд.

Дар баробари ин, ҷиҳати пешбурди корҳои ободонӣ, гирду атроф ва дохили мурғхона кабудизор карда шуда, беш аз 2500 бех дарахт шинонида шудааст.

Фаъолияти мурғхонаи нав мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, бахусус таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монда шудааст.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26401

Рубрики
Асосӣ

Боздид аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Боғи Сомон”-и шаҳри Турсунзода

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Боғи Сомон” дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд. Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Боғи Сомон” дар деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода соли 2008 бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии он 589 гектарро дар бар мегирад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ ангурпарварӣ буда, 480 гектари он токзор мебошад.

Ҳоло дар хоҷагӣ зиёда аз 10 навъи ангур аз ҷумла “ҳусайнии сиёҳ ва сафед”, “ғалаба”, “шоҳона”, “пешпазак”, “кишмиши сиёҳу сафед” «Президент», ки асосан навъҳои маҳаллии серҳосил мебошанд, парвариш карда мешаванд. «Боғи Сомон» аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор рафта, саҳмдорони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва апгурпарварӣ доранд. Роҳбарии хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Боғи Сомон”-ро Маҳмадамин Камолов – писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ шодравон ҳоҷӣ Камол Мадумаров ба ӯҳда дорад.

Дар хоҷагӣ 1100 нафар саҳмдор фаъолияти босамар дошта, дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳми босазо доранд. Соли ҷорӣ ҳосил дар токзор фаровон буда, то имрӯз беш аз 900 тонна маҳсулот ба бозори истеъмолӣ бароварда шудааст. Маҳсулоти истеҳсолгардида, ки дорои сифати баланд ва тамъи лазиз аст, дар баробари таъмини фаровонии бозори дохилӣ ба Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон содирот карда мешавад. Соли гузашта хоҷагидорон беш аз 5 ҳазор тонна ангурро ба хориҷи кишвар содирот карданд ва имсол низ нақша доранд, ки наздики 6 ҳазор тонна маҳсулот содирот намоянд.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти боғпарварон ва боздид аз токзори намунавии хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сермашаққату пурсамари боғдорон баҳои баланд доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо дастовардҳои меҳнаткашон ва деҳқонон, ки ба намоиш гузошта шуд, шинос шуданд. Дар намоиш навъҳои гуногуни ангур, ки солҳо охир бештар парвариш ва истеҳсол мегарданд, муаррифӣ гардид. Ҳамчунин аҳли заҳмати хоҷагӣ мураббо ва шарбату афшураҳо аз меваҷотро, ки барои захира пешбинӣ шудаанд, ба намоиш гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки заҳматкашони шаҳри Турсунзода дар самти токпарварӣ ва истеҳсоли ангур мактаби махсус ва таҷрибаи бой доранд. Бо мақсади таъмини бозорҳои дохилӣ бо ангури баландсифат ва содироти он ба хориҷи кишвар дар хоҷагӣ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардхонаи замонавӣ бунёд гардидааст. Дар сардхонаи мазкур зиёда аз 1000 тонна маҳсулот, аз ҷумла ангур нигоҳдорӣ мешавад. Ба ин восита хоҷагидорон метавонанд, қариб дар ҳамаи фаслҳои сол бозорҳои кишварро бо меваю сабзавот таъмин намоянд.

Саҳмдорони хоҷагӣ қитъаи муайяни заминро дар ихтиёр дошта, бо аъзои хонавода бо истифода аз таҷрибаи бойи ангурпаварӣ машғули кор мебошанд. Дар 9 гектари хоҷагӣ боғи мевадиҳанда мавҷуд буда, ҳамасола ҳосили фаровон ба даст оварда мешавад. Роҳбарияти хоҷагӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби даромадҳои софи худ иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ дар деҳаҳои Саъдии Шеърозӣ ва Заркамари шаҳри Турсунзода сохта, дар вусъати бунёдкориҳо саҳми назаррас мегузоранд. Соли гузашта бо дастгирии хоҷагӣ ба таври ҳашар муассисаҳои таълимӣ ва қариб 3 километр роҳи ҳудуди деҳаҳои атрофи хоҷагӣ таъмир гардида, имсол низ қариб 2 километр роҳ асвалтпӯш карда шудааст.

Дар хоҷагӣ дар баробари ангурпарварӣ ба чорводорӣ низ диққати махсус равона шудааст. Айни ҳол дар хоҷагӣ зиёда 5200 сар гусфанд парвариш карда мешавад. Барои истеҳсоли гӯшт низ хоҷагӣ дар ихтиёри худ беш аз 50 сар чорвои калон дорад. Бояд тазаккур дод, ки шоликориву кишти хӯроки чорво ҳам дар хоҷагӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истеҳсолу содироти навъҳои гуногуни ангур ба хориҷи мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26382

Рубрики
Асосӣ

Боздид аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Боғи Сомон”-и шаҳри Турсунзода

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Боғи Сомон” дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд. Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Боғи Сомон” дар деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода соли 2008 бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии он 589 гектарро дар бар мегирад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ ангурпарварӣ буда, 480 гектари он токзор мебошад.

Ҳоло дар хоҷагӣ зиёда аз 10 навъи ангур аз ҷумла “ҳусайнии сиёҳ ва сафед”, “ғалаба”, “шоҳона”, “пешпазак”, “кишмиши сиёҳу сафед” «Президент», ки асосан навъҳои маҳаллии серҳосил мебошанд, парвариш карда мешаванд. «Боғи Сомон» аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор рафта, саҳмдорони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва апгурпарварӣ доранд. Роҳбарии хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Боғи Сомон”-ро Маҳмадамин Камолов – писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ шодравон ҳоҷӣ Камол Мадумаров ба ӯҳда дорад.

Дар хоҷагӣ 1100 нафар саҳмдор фаъолияти босамар дошта, дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳми босазо доранд. Соли ҷорӣ ҳосил дар токзор фаровон буда, то имрӯз беш аз 900 тонна маҳсулот ба бозори истеъмолӣ бароварда шудааст. Маҳсулоти истеҳсолгардида, ки дорои сифати баланд ва тамъи лазиз аст, дар баробари таъмини фаровонии бозори дохилӣ ба Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон содирот карда мешавад. Соли гузашта хоҷагидорон беш аз 5 ҳазор тонна ангурро ба хориҷи кишвар содирот карданд ва имсол низ нақша доранд, ки наздики 6 ҳазор тонна маҳсулот содирот намоянд.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти боғпарварон ва боздид аз токзори намунавии хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сермашаққату пурсамари боғдорон баҳои баланд доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо дастовардҳои меҳнаткашон ва деҳқонон, ки ба намоиш гузошта шуд, шинос шуданд. Дар намоиш навъҳои гуногуни ангур, ки солҳо охир бештар парвариш ва истеҳсол мегарданд, муаррифӣ гардид. Ҳамчунин аҳли заҳмати хоҷагӣ мураббо ва шарбату афшураҳо аз меваҷотро, ки барои захира пешбинӣ шудаанд, ба намоиш гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки заҳматкашони шаҳри Турсунзода дар самти токпарварӣ ва истеҳсоли ангур мактаби махсус ва таҷрибаи бой доранд. Бо мақсади таъмини бозорҳои дохилӣ бо ангури баландсифат ва содироти он ба хориҷи кишвар дар хоҷагӣ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардхонаи замонавӣ бунёд гардидааст. Дар сардхонаи мазкур зиёда аз 1000 тонна маҳсулот, аз ҷумла ангур нигоҳдорӣ мешавад. Ба ин восита хоҷагидорон метавонанд, қариб дар ҳамаи фаслҳои сол бозорҳои кишварро бо меваю сабзавот таъмин намоянд.

Саҳмдорони хоҷагӣ қитъаи муайяни заминро дар ихтиёр дошта, бо аъзои хонавода бо истифода аз таҷрибаи бойи ангурпаварӣ машғули кор мебошанд. Дар 9 гектари хоҷагӣ боғи мевадиҳанда мавҷуд буда, ҳамасола ҳосили фаровон ба даст оварда мешавад. Роҳбарияти хоҷагӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби даромадҳои софи худ иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ дар деҳаҳои Саъдии Шеърозӣ ва Заркамари шаҳри Турсунзода сохта, дар вусъати бунёдкориҳо саҳми назаррас мегузоранд. Соли гузашта бо дастгирии хоҷагӣ ба таври ҳашар муассисаҳои таълимӣ ва қариб 3 километр роҳи ҳудуди деҳаҳои атрофи хоҷагӣ таъмир гардида, имсол низ қариб 2 километр роҳ асвалтпӯш карда шудааст.

Дар хоҷагӣ дар баробари ангурпарварӣ ба чорводорӣ низ диққати махсус равона шудааст. Айни ҳол дар хоҷагӣ зиёда 5200 сар гусфанд парвариш карда мешавад. Барои истеҳсоли гӯшт низ хоҷагӣ дар ихтиёри худ беш аз 50 сар чорвои калон дорад. Бояд тазаккур дод, ки шоликориву кишти хӯроки чорво ҳам дар хоҷагӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истеҳсолу содироти навъҳои гуногуни ангур ба хориҷи мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26382